Луқма

Маънои калимаҳоро сарфаҳм нарафта…

№85 (3722) 18.07.2017

«Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион, маҳсуб мешаванд. Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд. Забони рӯзномаҳо, сухани ровиён, гӯяндагони радио ва телевизион, аҳли қалам бояд  шевою гуворо ва аз иштибоҳоти забонӣ орӣ бошад».

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 5 октябри соли 2010

Рисолати забон дар болобарии шаъну шукӯҳи давлат ва обрӯю манзалати миллат ниҳоятдараҷа калон буда, он ҷузъи муҳиму ҷудонопазири фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Забони ҳар халқу миллат бояд дар баробари гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ шавад. Забони миллат дарёи софу беғаши пур аз оби ҳаётро мемонад, ки ба он афкандани ҳар гуна хасу хошок норавост. Забон ҳамчун об, шири поки модар муқаддасу арҷманд аст, зеро шабеҳи бе об вуҷуд надоштани ҳаёт, бе забон ҳам миллат вуҷуд дошта наметавонад. Забонро шиносномаи миллат ҳам мегӯянд. Модоме ки забон ин қадар мартабаҳоро  соҳиб аст, пас меарзад, ки онро поку беолоиш нигоҳ дорем. Бо ҳар гуна «ташаббус»-у «навоварӣ»-ҳои нодаркор онро махлут насозем. Умуман, забони миллат бояд бозичаи дасти касе набошад. Он ба як ё ду нафар ё гурӯҳу тӯдае мансуб набуда, дастоварди бебаҳои миллист.

Боиси қайд аст, ки давоми ҳазорсолаҳо забони миллати тоҷик борҳо бо бархӯрд, фишору тангназариҳо ва буҳрон рӯ ба рӯ гардида, хушбахтона, то имрӯз побарҷост. Вале ин маънои ба пуррагӣ раҳоӣ ёфтани он аз тахрибкориҳоро надошта, баръакс, моро ба он водор бояд созад, ки дар ҳифзу такомули он фаъолтар бошем. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун як забони бою ғанӣ, мукаммал бояд василаи  муошират дар ҳама бахши ҳаёт бошад. Аз тарафи дигар, раванди ҷаҳонишавии фарҳангу забонҳо, рақобатҳои носолим моро ба ҳифзу нигоҳдошти асолати забони миллат вазифадор месозад.

Барои мо — рӯзноманигорон мояи ифтихор аст, ки дар баробари адибону олимон, бобати такомули забони давлатӣ саҳмгузор ҳастем, чунки ҳар рӯз бо он сарукор мегирем. Рӯзномаю маҷалла, телевизиону радио, ба қавле, ба чеҳраи забон табдил ёфта, мардум дар мавриди истифодаи дурусти калимаю ибораҳо аз лиҳози маъно ва имло маҳз ба ВАО такя намуда, тарзи навишту гуфторро қабул мекунанду пайрав мегарданд.

Мутаассифона, дар ин самт кор на ба он дараҷае хуб аст, ки бояд бошад. Бо сабабҳои ба ҳама маълум чун дар дигар соҳаҳо ашхоси тасодуфӣ низ кам нестанд, ки аз роҳи ҳавою ҳавас дунболи ин касби заҳматталаб шудаанд. Бархе одитарин талаботи кори рӯзноманигориро балад нестанд. Аз ҳамин ҷост, ки саҳву хатоҳои техникию имлоӣ ҳанӯз ҳам дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радиою телевизионӣ зиёд ба чашм мерасанд. Муаллифони алоҳида ба монандии зоҳирии калимаю ибораҳо фирефта шуда, маънии луғавии онҳоро дарк намекунанд ва ба бемантиқӣ дар гуфтору навишт роҳ медиҳанд, ки боиси нигаронист. Бадтар аз ин, мояи нигаронӣ он аст, ки соҳибзабонон, бахусус масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолат созишро пеша кардаанд.

Албатта, ба пуррагӣ донис­тани махсусияту нозукиҳои забон, калимаю ибораҳо ҳатто ба донишмандони соҳа даст намедиҳад. Дар чунин ҳолат, вақте шахс ҳангоми истифодаи ин ё он вожа шубҳа дорад, бояд дар пайравӣ аз мақоли «пурсидан айб нест» бо ёрии дигарон шакли дурусти онро ёфта. мавриди истифода қарор диҳад, на ин ки чизе аз даҳонаш  баромад, ба мардум пешкаш созад.

Мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, аммо ҳадаф на дар хиҷолат мондани ин ё он нафар, балки пешгирӣ кардани  ин зуҳуроти номатлуб мебошад, ки оқибати хуб надорад. Айни замон истифодаи ғалати калимаҳо дар гузоришҳои телевизионӣ маъмул шудааст. Аксар маврид чунин иштибоҳ зимни пахши гузоришҳои ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рабтдош­та мушоҳида мешавад. Барои мисол, ровии гузориш доир ба манфиатҳои ин қонуни миллӣ сухан ронда, аз ҷумла мегӯяд, ки « …ҷиҳати пешгирии сарфаю сариштакорӣ мусоидат кард». Ба ғайр аз ин, ибораҳое назири «аз сарфаи зиёд худдорӣ бояд кард», «сарфи маблағҳо ба буҷаи оила фоида меорад», «пеши роҳи сарфаи бемавриди маблағҳоро бояд гирифт» ва ғайра серистифода буда, шаҳодати ноогоҳии гӯянда аз нозукиҳои забон аст. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи сарф ба маънои харҷ, хароҷот, истифода бурдан омадааст. Калимаи сарфа бошад, чун фоида, манфиат, суд, зиёдтар аз андозаи даркорӣ харҷ ва сарф нашудани чизе, худдорӣ аз сарфи чизе, эҳтиёткорӣ ҳангоми харҷ бозгӯйӣ шудааст.

Худ қазоват кунед, ки надонистани маънои калима, фарқ накардани онҳо, тарзи нодурусти истифодаи онҳо ба чӣ  бемантиқӣ оварда расонидааст?

Чунин бармеояд, ки аз «сарфаи (эҳтиёткорона истифода бурдани) зиёди маблағҳо худдорӣ бояд кард» ва «сарфи (хароҷоти) маблағҳо ба буҷаи оила  фоида меорад».

То ба ин дараҷа дур будан аз фаҳми сухан нобахшиданист ва  байти зерро  ба ёд меорад:

Бетамизиҳои  мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Дар илми забоншиносӣ, аз ҷумла бахши имло, ҳатто як аломати дар нигоҳи аввал назарногир метавонад, ки маънои калимаро  батамом дигар созад. Мисле ки садоноки «а» бо «сарф» кардааст. Надонистани аломатҳои китобатӣ, луғат ба ғалатнависӣ бурда мерасонад. Бо дарназардошти ин кори рӯзноманигориро заргарона, мӯшикофона гуфтаанд. Агар он аломату қоидаҳо хидматеро ба ҷо наоранду чандон муҳим набошанд, пас ба чӣ кор меоянд?

Фаромӯш набояд кард, ки дар чӣ замоне зиндагӣ дорем, чӣ фишору буҳрон ва муқовиматҳое моро фарогир ҳастанд? Табиатро қонун чунин аст, ки ҳар иллатию заиферо аз байн мебарад ё он худ маҳв мегардад. Танҳо тавонманду фаъолҳо  истодагарӣ карда метавонанд. Ҳамчунин, набояд аз мадди назар дур кард, ки ҳар як навишту гуфтори пурғалат сироят, хурӯҷ карда метавонад, ки баъдан гирифтани пеши роҳи он мушкил мешавад.

Ниҳоят, суоле пайдо мешавад, ки ронандагиро наомӯхта, мошин рондан ва одитарин талаботи забон, маънои калимаю ибораҳоро сарфаҳм нарафта, чӣ тавр қалам ба даст гирифтан мумкин аст?

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»