Аёдат

Мақолаҳои танқидӣ боис ба пешрафти ҷомеа мегарданд

№ 11.03.2022

Муйсафед — копияҶомеаи муосирро бе воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар байни онҳо қадимтаринашон рӯзнома ба шумор рафта, бойгонии бузурги ҳифзкунандаи рӯйдодҳои давру замон, навгониҳои илму истеҳсолот ва бозгӯкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар арафаи Рӯзи матбуот бо собиқадори соҳа, фелетоннависи маъруф, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Нарзибой Ашӯрови 86-сола суҳбат оростем.

- Шумо солҳои зиёд дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») фаъолият намудед. Чаро бештар ба навиштани фелетон ва мақолаҳои танқидӣ рӯ овардед?

- Айёми донишҷӯӣ, аниқтараш, соли 1959 ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омадам. Он дар замони шӯравӣ пас аз «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бонуфуз ба шумор рафта, бо теъдоди зиёда аз 100 000 нусха чоп мешуд. Дар рӯзнома ҳамроҳи М. Фарҳат, Гулназар, О. Латифӣ, С. Амирҷонов, Гулрухсор, Қутбӣ Киром, К. Мирзоев ва дигарон кор кардам.

Ҳар рӯзноманигор услуби навишт дорад. Ман фош кардани камбудию нуқсон ва пешниҳоди роҳи ҳалли мушкилотро меписандидам. Навиштани фелетон, реплика, луқма ва мақолаҳои танқидӣ аз рӯзноманигор ҷустуҷӯ, ҷасорат, ҷуръат, эҳтиёткорӣ, нозукбаёнӣ ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Аз ин рӯ, на ҳар кас аз уҳдаи навиштани матолиби танқидӣ мебарояд. Он солҳо дар бораи бригадаҳои деҳқонҷавонону коргарҷавонон, даст­овардҳои олимону сарояндагони ҷавон менавиштагиҳо зиёд буданд. Баъзеҳо инъикоси варзишро дӯст медош­танд. Иддае ба навиштани шеъру ҳикоя завқ доштанд. Ман, ки дар шуъбаи мактубҳо кор мекардам, номаҳои пурдарди хонандагонро таҳлил карда, бетафовут буда наметавонистам. Бо супориши роҳбарияти рӯзнома ба деҳоти дурдаст рафта, дар ҳалли мушкилоти мардум тавассути ҳақиқатбаёнӣ то андозае ёрӣ мерасонидам. Он солҳо ҳар як мақолаи танқидиро дар хоҷагӣ, ноҳия, вилоят ва кумитаю вазоратҳои ҷумҳурӣ санҷида, дар ҳалли камбудиҳо мусоидат мекарданд.

- Бештар дар кадом мавзӯъҳо мақолаҳои танқидӣ менавиштед?

- Солҳои шастум — ҳафтодуми асри XX ҳамроҳи сохторҳои гуногуни назоратӣ ҳамчун хабарнигори махсус дар рейдҳо иштирок намуда, хулосаи онро дар рӯзнома чоп мекардем. Масалан, соли 1972 ҳамроҳи В. Крафт ном инспектори автомобилии роҳҳо (имрӯза БДА) бо мақсади пешгирии истифодабарии нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ рейд гузаронидем. Дар як рӯз 13 мошини махсуси муассисаҳои тиббиро муайян кардем, ки ғайриқонунӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт мусофир мекашониданд. Инчунин, ба як қатор муассисаҳои тиббӣ рафта, мошинҳои махсуси автобазаи Вазорати тандурустиро дар ҷойи корашон ёфта натавонистем. Ҳол он ки табибон соатҳо интизори мошин буданд. Хулосаи рейдро дар мақолае зери унвони «Ба ин «дард» даво чист?» чоп намудем. Пас аз чопи мақола масъулони зиёд дар муассисаҳои тандурустӣ, ронандагони манфиатҷӯ ва як қатор кормандони Вазорати тандурустӣ барои саҳлангориашон ҷазоҳои маъмурӣ ва ҳизбӣ гирифта, иддае сабукдӯш шуданд. Муҳим он аст, ки вазъият дар ин самт беҳбуд ёфт.

Ҳамин гуна рейдҳоро ҳамроҳи инспекторони «назорати халқӣ»-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар бозорҳо ва як қатор ошхонаҳои пойтахт гузаронида, хулосаҳоямонро дар мақолаҳои танқидӣ, аз қабили «Хато» ба нафъи ҳамён», «Деги сарди масъулият ё қиссаи «хӯроки гарм», «Нархи пиёз чанд аст?» «Бозор» дар бозор», «Иштиҳои нохуш», «Қиссаи нотамом», «Талхиҳои «Ширин» ва ғайра чоп намудам.

Пас аз тадқиқоти дурудароз дар бораи миллатгароии собиқ директори як заводи калони пойтахт «Бе шамол барги дарахт намеҷунбад» ном фелетон чоп кардам. Ӯ беш аз 500 корманди маҳаллиро бесабаб аз кор пеш карда, мардуми ғайритоҷикро ба кор гирифта буд. Баъди чопи мақола ӯву ҳамдастонашро аз вазифа сабукдӯш карданду мутахассисони маҳаллӣ ба кор баргаштанд.

- На ҳар гунаҳкор бо амали ноҷояш худро маломат мекунад. Оё гунаҳкорон баъди аз кор рафтану ҷазоҳои ҳизбию маъмурӣ гирифтан шуморо туҳмат ё таҳдид намекарданд?

- Барои навиштани фелетон ва мақолаҳои танқидӣ, пеш аз ҳама, далелҳои асоснок заруранд. Ман факту рақам ва далелҳоро пеш аз чопи мақола дар се папка нусхабардорӣ карда, нигоҳ медоштам. Яке барои Кумитаи марказӣ, дигаре барои прокуратура ва сеюмӣ барои идораи рӯзнома. Аз ин рӯ, назди ягон кас муттаҳам набудам. Пас аз чопи силсилаи фелетонҳо ва мақолаҳои танқидӣ аз дигар рӯзномаҳо низ хоҳиш мекарданд, ки барои онҳо ҳам мақола нависам. Аз ин рӯ, фелетонҳоям дар рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Вечерний Душанбе», «Советская торговля», «Совет Тожикистони», «Тоҷикистони советӣ» ва маҷаллаи «Хорпуштак» чоп мешуд. Ба мақолаҳои танқидӣ ҳаққи қалами зиёдтар мемонданд.

Он солҳо аз коргару деҳқон то раисони кумитаю вазирон рӯзнома мехонданд. Хонандагони зиёд дар бораи мақолаҳои пурмазмуну танқидӣ фикру мулоҳизаҳояшонро менавиштанд.

Мутаассифона, ҳоло дар матбуот жанри фелетон, қариб ки ба назар намерасад. Ҷавобҳое, ки ба рӯзномаҳо меоянд, ба ҷои ислоҳи камбудиҳо бештар ҷанбаи худсафедкунӣ доранд. Ҳол он ки мақолаҳои танқидии асоснок боис ба пешрафти ҷамъият мешаванд. Агар камбудии хурд сари вақт ислоҳ нашавад, оянда он ба проблемаи калон табдил меёбад. Мушкилоти ҷомеа мисли дард дар вуҷуди инсон аст. Агар бемор дардашро аз табиб пинҳон дорад, бемориаш авҷ гирифта, ӯро дар охир аз пой меафтонад. Ба ҳамин монанд, агар мо ҳам аз камбудию нуқсон чашм пӯшем, онҳо ислоҳ ношуда мемонанду мушкилӣ бештар мешавад.

- Ҳоло низ нашрияҳоро мутолиа мекунед?

- Бале, то ҳол аз мутолиа ва навиштан дур нестам. Писарам Акобирҷон ҳар ҳафта рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт», «Дунё» ва «Ёрии таъҷилӣ»- ро меорад. Одам дар овони пирӣ ба қадри саломатӣ бештар мерасидааст. Аз ин рӯ, ба дастуру тавсияҳои тиббии ҳафтаномаи «Ёрии таъҷилӣ» зиёдтар мароқ зоҳир мекунам.

Мутаассифона, дар аксар рӯзномаҳо умумигӯӣ, матлабҳои такрорӣ, хатоҳои имлоӣ ба назар мерасанд. Аҳён — аҳён мақолаҳои танқидӣ чоп мешаванд, ки онҳоро пурра мехонам.

Баъзан дар хусуси ягон мушкилӣ бо дастони ларзон фикру андешаҳоямро навишта, ба рӯзномаҳо мефиристам. Аз ҷумла, дар рӯзномаи «Садои мардум» чанд мусоҳибаю изҳори назарам чоп шуданд, ки ба ҳайати таҳририя арзи сипос мекунам.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»