Дар ҷумҳурӣ бозгашти муташаккилонаи ҳоҷиён идома дорад. Тавре мушоҳида мешавад, иддае дар пешвозгирии онҳо ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Вобаста ба тартиби пазироӣ бо муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода мусоҳиб шудем.
- Соли равон баҳри пешгирии исрофкорӣ дар гуселу пешвозгирии ҳоҷиён чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
- Ҳар сол бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шарофати сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6300 нафар ба тавофи хонаи Каъба мераванд. Бо мақсади муташаккилона ва бо сифати баланд сафарбар кардани онҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Ҳар сол 2-3 моҳ қабл аз сафари зоирон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тартибу қоидаҳои зиёрат омӯзонида шуда, масъулони соҳа оид ба камхарҷу бонизом гузаронидани маъракаҳои гуселу пешвозгирӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Аз таҷрибаи солҳои пеш маълум аст, ки ҳоҷиён пеш аз рафтану баъди омадан маърака ороста, ҳамдеҳаву хешу ақраборо даъват ва барои гузаронидани маърака чорво забҳ мекарданд, қариб як ҳафта омадурафт идома меёфт. Ҳар рӯз таом пухтану нону меваю қанду қурс харидан лозим меомад. Имсол барои сафари ҳаҷ зоирон 28600 сомонӣ супурданд. Илова бар ин, ҳар кадом барои харидани савғо 4000-5000 сомонӣ бо худ маблағ гирифтанд. Агар ба болои ин хароҷот боз як ҳафта маърака гузаронанд, ҳолашон чӣ мешавад? Аз ин рӯ, дар пешгирии исрофкориҳои зиёд нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле назаррас аст.
- Ҳанӯз баргаштани ҳоҷиён идома дорад, вале тавре мушоҳида мегардад, бархе аз пайвандони онҳо аз доираи худнамоӣ берун набаромада, муқаррароти қонунро сарфи назар мекунанд…
- Баргаштани ҳоҷиёни мамлакат тибқи нақша аз 19-уми сентябр шурӯъ гардид. Бо фармони раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҷиҳати назорати бозгашти ҳоҷиён 5 гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Ҳамчунин, мудирони бахшу сармутахассисони ҷамоатҳо низ маросими бозгашти ҳоҷиёнро назорат мекунанд, то ба исрофкорӣ роҳ дода нашавад.
Аз 19-ум то 26-уми сентябр ҷараёни бозгашти ҳоҷиёни 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Варзобу Шаҳринав, Айнӣ ва шаҳри Роғун аз ҷониби гурӯҳи корӣ зери назорат гирифта шуд. Бо ин мақсад нозирон ба манзили зиёда аз 300 нафар ҳоҷӣ рафтанд.
Дар натиҷа, беш аз 70 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд. Яъне, нозирон бо роҳи огоҳкунӣ баргузор намудани маъракаҳои «зиёрати ҳоҷиён»-ро пешгирӣ намуданд. Зимни санҷиш, инчунин 12 ҳодисаи қонуншиканӣ муайян гардид. Нисбат ба қонуншиканон санад тартиб дода шуд.
- Ҷарима барои «ҳоҷиошӣ» чанд сомониро дар бар мегирад?
- Вақте қонуншиканӣ дар баргузории маъракаи гуселу пешвозгирии ҳоҷиён ошкор шуд, пеш аз ҳама, санад тартиб дода мешавад. Нозирон дар ҳузури ду шоҳид баёноти шахси вайронкунандаи қонун ва иштирокчиёни маъракаро мегиранд. Таъиноти ваколатдори соҳа ва раиси Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ низ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад. Барои исбот навори сабти ҳодисаи қонуншиканӣ замима мегардад. Вақте парванда ба суд ирсол шуд, вобаста ба ҳолати мавҷуда ҷарима муайян мекунанд. Қонун барои шахсони воқеӣ аз 100 то 120 нишондиҳанда (4000-4800 сомонӣ) ва барои хизматчиёни давлатию соҳибкорон 250-270 нишондиҳанда (10000-10800 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ кардааст.
- Солҳои пеш баъзеҳо ба хотири худнамоӣ ҳоҷиёнро аз фурудгоҳ бо карнаю сурнай, автомобили «Лимузин» ва қолин-пойандоз пешвоз мегирифтанд. Имсол низ чунин ҳодисаҳо ҷой доштанд?
- Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳо соли равон чунин ҳодисаҳо дар фурудгоҳ ба қайд гирифта нашуд. Аммо нафаронеро дучор шудем, ки бо худнамоишдиҳии ошкоро ҳоҷиёнро дар хиҷолат гузоштанд. Чунончи, сокини маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Умед Аллаёров ба истиқболи падараш 100 метр пойандоз партофта, 40 кило биринҷро ош пухтааст. Ҳамчунин, маъракаи мазкур дар рӯзи корӣ баргузор шудааст, ки шахсони зиёд дар он ҳузур доштанд.
Новобаста ба таъкиду гузаронидани чорабиниҳо ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки худи кормандони соҳа сабабгори қонуншиканиҳо мешаванд. Масалан, сармутахассис оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои деҳоти «Қади Об»-и шаҳри Роғун З. Абдуллоев ба ҷойи риояи қонун ва пешгирии қонуншиканиҳо ба шаҳрванд И. Саидова тавсиянома оид ба баргузории маъракаи хатнасур додааст. Ҳол он ки мо қаблан огоҳ карда будем, ки иддае бо баҳонаи баргузории хатнасур маросими «ҳоҷиошӣ» мегузаронанд. Дигар ин ки номбурда ба «соҳибмаърака» иҷозати пухтани таом барои 150 нафарро додааст. Ҳарчанд ки барои хатнасур ба 60 нафар таом додан иҷозат дода шудааст.
Гурӯҳи корӣ зимни назорат аз маросими бозгашти ҳоҷиён дар деҳоти «Дар-дар»-и ноҳияи Айнӣ ошкор намуданд, ки шаҳрванд М. Толибов бо баҳонаи хатнасур маъракаи пешвози ҳоҷиёнро доир намудааст. Сармутахассиси деҳоти мазкур Р. Раҳимов аз бозгашти ҳоҷиён огоҳ бошад ҳам, ба соҳибмаърака тавсияномаи хатнасур додааст. Ҳарчанд гурӯҳи корӣ мудири бахши ноҳия Бақо Аҳмадов ва Р. Раҳимовро ба ҷойи ҳодиса даъват намуда бошад ҳам, онҳо ҳозир нашуданд.
Дар мавсими ҳаҷи соли 2015 танҳо дар ноҳияи Файзобод се ҳодисаи баргузоркунии маъракаи «ҳоҷиошӣ» ошкор шуд.
Мусоҳиб С. АМИНИЁН, «Садои мардум»