Баъди кор аз мағозаи «Садбарг» маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ намуда, бо нақлиёти хатсайри №15 сӯи хона равон гаштам. Ҳамсафарам ҷавонзане буд. Мо — тоҷикон одати хубе дорем, гӯё якдигарро барвақт мешинохта бошем, аз куҷо омадану ба куҷо рафтани ҳамдигарро гоҳе мепурсем. Ҳамсуҳбатам чун фаҳмид, ки омӯзгорам дарди дил кард:
- Шумо, муаллимаҳо, чӣ қадар азоб мекашед, бачаҳои мардумро тарбия мекунед, савод меомӯзонед. Аммо баъзеи онҳо аз роҳи нишондодаи шумо дур шуда, ба гапи ҷавонҳои бадахлоқу бадкирдор медароянд.
- Ягон фарзанди шумо ҳам бероҳа шуд, ки бо алам гап мезанед? -пурсидам аз ӯ.
- Бале, апаҷон,бародарамро баъди хатми донишгоҳ бо як ҷаҳон орзуву ҳавас бо ҳамсинфаш, ки якдигарро дӯст медоштанд, хонадор кардем. Баъди ду сол соҳиби писарчаи хушрӯяке шуданд. Ҷойи кораш ҳам бад набуд, маоши хуб мегирифт. Фаҳмидем, ки тавассути Интернет дӯст пайдо кардааст, аз кадом як шаҳри Қафқоз. Моро бовар кунонд, ки он ҷо рафта кор мекунад, гӯё маоши хуб ваъда кардаанд, соҳиби хона мешаванд. Бародарам зану кӯдакашро гирифта, ба зориву таваллои модари беморам гӯш надода рафт.
Баъд аз шаш моҳ хабар омад, ки бо зану кӯдакаш ба воситаи Туркия ба давлати Сурия рафта, ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шудааст. Ин хабарро шунида, модарам аз дарду алам аз олам чашм пӯшид. Кӣ медонад, онҳо зинда бармегарданд ё не?! — гӯён ҳамсуҳбатам бо овози паст ба гиря даромад.
Бале, оқибати ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ғаму андуҳи волидайн, хешу табор ва марги бемаҳали худи ҷавонон аст.
Афсӯс, ки ин ягона мисол нест.
Дар тарбияи ҷавонон баробари падару модарон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ низ масъуланд. Имрӯз зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон хеле нигаронкунанда аст. Баъзан муноқишаҳои хонандагон байни синфҳо ва мактабҳо ба мушоҳида мерасад. Чунин ҳодисаҳо аз куҷо маншаъ мегиранд? Ба назари мо, ба ҳоли худ гузоштани хонандагон, ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар накардани онҳо, бештар тамошо кардани кинофилмҳои зӯроварӣ, истифодаи шабакаҳои гуногуни муғризонаи интернетӣ, ки ба воситаи он аз тарафи ташкилотҳои ифротгаро ҷавонон барои иҷрои корҳои ношоиста тарғиб мешаванд, асос шуда метавонанд.
Ба ҷавонон, дар муассисаҳои таълимӣ ва хона, пеш аз ҳама, мақсаду ҳадафҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро бояд фаҳмонда шавад, то ба доми фиреби онҳо наафтанд. Онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан – Модар тарбия намоянд.
Падару модаронро зарур аст, ки бештар ба тарбияи маънавии фарзандон диққат диҳанд. Мо мушоҳида менамоем, ки баъзе хонандагон бо сару либосу телефонҳои қимат ба муассисаҳои таълимӣ меоянд, аммо ба дарс омӯхтану аз навигариҳои техникаи муосир, аз вазъи сиёсии ҷаҳон огоҳ шудан таваҷҷуҳ надоранд. Волидайн дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорони таълимгоҳҳо бояд мубориза бар зидди ифротгароиро қарзи шаҳрвандии худ донанд.
Ба ғайр аз ин, бисёр хуб мешуд, ки ҳафтае як маротиба аз рӯи асарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимӣ дарс гузаронида шавад. Дар нақшаи кории ҳар як муаллим бояд масъалаи муборизаи беамон бар зидди экстремизм, ифротгаройӣ ҷойи аввалро гирад. Агар фарзандони мо соҳиби илму дониш, худшиносу бофарҳанг бошанд, касе онҳоро фирефта наметавонад.
Танҳо дар якҷоягӣ бо волидайн, таълимгоҳҳо ва аҳли ҷомеа бар зидди терроризм ва ифротгаройӣ мубориза бурда, ин зуҳуроти номатлубро решакан кардан мумкин аст.
Зебуннисо САЪДУЛЛОЕВА, омӯзгор Вокуниш