Ба озмуни «Маърифати экологӣ»

Маърифати экологӣ ва зинаҳои расидан ба он

№150 (4570) 05.12.2022

9034f7bed43ca2248e5e6f2dbe1ab213Мушкилоти маърифати экологӣ дар асри ХХI ҳамчун мерос боқӣ монд. Олими машҳури америкоӣ С. Хантингтон инро «бархӯрди тамаддунҳо» номидааст. Ба андешаи мо, агар инсонияти асри ХХ бадбахтии хеле зиёди экологӣ эҷод намуда бошад, пас дар асри ХХI бисёр мушкилоти экологӣ, аз ҷумла маърифати экологӣ, аз тарафи инсоният метавонад роҳи ҳал пайдо намояд. Чиро маърифати экологӣ меномем? Нахуст он дониши одӣ аст. Яъне, зинаи аввали камолоти инсон маҳсуб мешавад. Дар ин зина дар бораи худ ва атрофиён, инчунин муҳити атроф шахс маълумот пайдо мекунад ва ин маърифати экологӣ нест. Маърифат сабаби ҳастии низоми экология дар гузашта буд ва бо мурури вақт он номи нави илмӣ – маърифати экологиро гирифт.

Ин андешаҳои муҷмал тафсири мушаххас ва дақиқро талаб менамояд. Маърифат илми васеъ буда, куллӣ аст, аммо экология илми ҷузъӣ аст ва хеле мушаххас мебошад. Маърифат ва экология бо ҳам алоқаманд мебошанд. Ҳар илме мавзӯъҳои худро дорад ва мавзӯи маърифат умуман дониш аст, аз ҷумла дониши экологӣ. Мавзӯи экология мушаххас аст ва дар ягонагӣ бо маърифат доимо дар тағйирёбӣ аст. Пас омӯхтани маърифати экологӣ дуруст аст аз ду ҷиҳат: якум, барои шинохти мавзӯи ин илм, дуюм, барои ҳифз намудани дониши пайдокардашуда. Аз ин рӯ, дар ин гуна маврид лозим меояд, ки зинаҳои расидан ба маърифати экологиро ба тафсил баён намоем. Он якчанд қисматро дар бар мегирад, монанди нардбоне, ки зинаи олии он маърифати экологӣ мебошад, ки бо роҳи ақл ба даст меояд.

Якум. Зинаи дониши ҳиссӣ, ки одам олами атрофро меомӯзад. Инсоният табиатро аз худ менамояд, вале на ба маънои ҳукмфармоӣ ба дигар мавҷудот балки барои худро ва дигаронро шинох­тан. Дар ин зина аввалин нишонаҳои маърифати экологӣ пайдо мешаванд. Масалан, одам табиат, хосиятҳои гуногуни ҷисмҳоро омӯхта, аз он ҳаловат мебарад. Дар чунин маврид шахс малакаҳои донишу тавоноиро ба даст меорад. Ин фазилатҳои маърифати экологӣ мебошад. Вақте ки одам нисбат ба табиат бадкирдорӣ зоҳир менамояд, ин далели дур шудан аз маърифати экологӣ аст. Пас чӣ бояд кард? Ба андешаи мо, даъвати донишро талаб кардан аст. Ин монанди пуле ҳаст, ки ба маърифати экологӣ шахсро наздик мекунад ва ба воситаи он мегузаронад. Табиат барои инсоният неъматҳои гуногун офаридааст, то ин ки онҳоро одам бо роҳи некӣ ва дониш дарёфт намояд.

Дуюм. Дигар чизе, ки маърифати экологиро дар одам таҷассум менамояд, муносибати ӯ ба табиат мебошад. Муносибат метавонад гуногун бошад: иқтисодӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва ғайра, вале барои мо муҳим маърифат, дониш дар бори захираҳои табиат, муҳити боақлона нисбат ба табиат аст. Одам барои саодатманд шудан ба маърифати экологӣ тавассути идроки худ дар ҳамбастагӣ бо дониши ҳиссӣ ҳақиқати олами вуҷудро дониста мегирад. Фоидаи дониши ҳиссӣ ин фақат донистан нест, балки хайр кардан аст. Масалан, одамони синну соли гуногун, ҷинс ё касб дар шинондани ниҳол, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ё мавзеи муайян фаъол мебошанд. Чунин амал хайри шахс аст, зеро воситаи амали ӯ дониши ҳақ аст. Вақте ки одам мусаллаҳ бо дониши ҳиссӣ ба кори хайр мепардозад, дар вуҷуди ӯ тағйироти куллӣ ба амал меояд. Яъне, дар одам эътиқод пайдо мешавад нисбат ба худ, атрофиён ва мавҷудоте, ки вуҷудашон ба феъли инсон вобастагӣ дорад. Ҳамин муносибат дар гузашта маърифати экологии халқи тоҷик­ро ба зинаи олӣ баланд бардоштааст. Далели гуфтаҳои боло фарҳанг, таърих ва рафтору кирдори гузаштагони миллати тоҷик шуда метавонад. Масалан, дар ­оини зардуштия ва баъдан дар дини ислом олами мавҷудоти ҳастӣ муқаддас дониста мешуд, монанди об, замин, оташ ва офтоб. Ҳамин анъана имрӯз ҳам идома меёбад. Анъанаи тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, анҷоми хона, бадан, гирду атрофи манзил, сохтмони силсилаи боғҳо ва гулгаштҳо, шинондани дарахту ниҳол далели маърифати баланди экологии тоҷикон дониста ва эътироф шудааст.

Сеюм. Зинаи дониши ақлӣ. Албатта, барои расидан ба маърифати экологӣ мавқеъ ва мартабаи дониши ҳиссӣ хеле баланд аст, аммо, ба андешаи мо, зинаи олии дониши экологӣ ё худ маърифати экологӣ ин ақл дониста мешавад. Инсон ба воситаи ақл метавонад ҳақиқати ҷисмро донад.

Ғайр аз роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ, яъне зинаи дониши ҳиссӣ ва ақлӣ, дигар роҳҳо низ вуҷуд доранд. Ин ҷо ба як нуқтаи муҳим аҳамият додан зарур аст ва он пайваст будани дониши ҳиссӣ бо дониши ақлӣ мебошад. Маҳз ҳамин пайвастагӣ боиси пайдо шудани маърифати экологӣ мегардад. Масалан, дар кӯдак дониши ҳиссӣ бештар ғалаба мекунад ва ин ба ӯ пурра имконият намедиҳад, ки моҳияти чизро пурра аз худ намояд, пас бо роҳи дониши ақлӣ, ки манфиат дорад, моҳияти чиз дарк мешавад. Аз ин рӯ, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Пас, ин ду зинаи дониш ба якдигар пайваст аст, агар роҳи пайдо шудани дониши ҳиссӣ ҷисм бошад, он гоҳ роҳи пайдо кардани дониши ақлӣ дониши ҳиссӣ мебошад. Байни онҳо мартабаи сеюм вуҷуд дорад ва он табиат мебошад ва хулоса пайдо мешавад, ки ҳар се бо ҳамдигар алоқаманданд.

Инсони дорои дониш, албатта, ба маърифати экологӣ хоҳад расид, аммо ғайр аз ин, барои комилан расидан ба маърифати экологӣ қувваҳои алоҳида вуҷуд доранд.

Қувваи якум дар зикри тарбия. Аз ҳама мавҷудоти бартару болотар дар олам одам шинохта шудааст. Бояд гуфт, ки маҳз тарбия одамро зебо ва комилу тавоною неруманд гардонидааст. Маълум аст, ки зинаҳои тарбия ҳам гуногун мебошанд, чун пеш аз ҳама оила, мактаб ва ҷомеа. Ҳар кадоме аз онҳо қуввае мебошанд, ки барои расидан ба маърифати экологӣ мақому манзалати худро доранд. Масалан, оила. Дар оила падару модар ва фарзанд якҷоя зиндагӣ мекунанд. Муҳим аст падар ва модар хирадманд бошанд, то тарбияи фарзанд дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардад. Сухан бояд ошкор бошад ва онро тарзе бояд гуфт, ки фарзанд онро қабул менамояд. Ин ҳама дар синни кӯдакӣ шурӯъ мегардад ва он ғизо ё таҳкурсии маърифати экологӣ дониста мешавад.

Дар бораи мавқеъ ва аҳамияти оила дар тарбияи фарзанд, аз ҷумла маърифати экологӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, духтару писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд».

Омӯзгор такя ба урфу одат ва анъа­наҳои миллӣ, ахлоқу сифатҳои нек ва дониши қавӣ ба хонандагон метавонад роҳи дурусти расидан ба маърифати экологиро нишон диҳад. Роҳи дуруст ба андешаи мо, ин донистани табиат, эҳтироми сифатҳои он, ҳиссагузорӣ дар зебо ва ҳифз нигоҳ доштани табиат, ба таври шоиста шинондану рӯёнидани рустанӣ ва дарахтон мебошад ва ин ҳама яке аз ҷиҳатҳои муҳими маърифати экологӣ маҳсуб мешавад. Ҷиҳати муҳимтар аз он ақл аст, ки роҳи саҳеҳтар ва қиматтар буда, ба дониш такя менамояд. Хонандаи зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна кӯшиш менамояд, ки дар ин қисмат дониши пайдокардаро мус­таҳкам, устувору пойдор нигоҳ дорад. Ин имконият медиҳад, ки заминаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна боиси тараққиёти зинаи олии таҳсилот мегардад.

Кадом омилҳои ҷамъиятӣ сабаби рушди маърифати экологӣ мегардад? Пеш аз ҳама, қабули қонунҳо, қарорҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатии гуногунсоҳа имконият медиҳанд, ки маърифати экологӣ дар ҳама зинаҳои иҷтимоӣ амалӣ шаванд. Ғайр аз ин, ҳифзи табиат ва ободии кишвар вазифаи пурифтихори ҳар як шахсе, ки моҳият ва мазмуни маърифати экологиро дарк намудааст, мебошад.

М. САЪДУЛЛОЕВ,

номзади илмҳои фалсафа,

Н. ШОҲИЁН,

номзади илмҳои техникӣ