(Порае аз хотираҳо)
Аз айёми бачагӣ маҳтобшабро дӯст медорам. Таассуроти аҷибе аз маҳтобшабҳо дар хотираам нақш бастааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардҳо дар ҷабҳа буданд. Дар ақибгоҳ занону кӯдакон бори зиндагиро мекашиданд. Киштукор, алафдаравӣ ва ҷамъоварии ғалла бар дӯши занҳо буд. Пуштаҳои сарсабзи ноҳияи Муъминобод киштбоб буданд. Дар нишебиҳои Синҷохам, Хоҷаақиқ ва ҳамвориҳои болои Мазори хоҷаи Хизр зироатҳои ғалладонагӣ мекориданд, махсусан гандумзори он мардумро аз гуруснагӣ наҷот медод. Замоне гандумдаравӣ фаро мерасид, садои форами мандоғгӯйҳо дар дашту даман танинандоз мегашт. Аз он айём панҷоҳ-шаст сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз овози мандоғгӯйҳо дар гӯшҳоям садо дода, хотираҳои давраи бачагиамро зинда мегардонанд. 7-10-сола будем, вале худро «мард» ҳисоб карда, дар паҳлуи калонсолон меистодем. Онҳо моро навозишу дилбардорӣ мекарданд.
- Иншоаллоҳ, отаат имрӯз ё фардо аз ҷанг бармегардад, аскарони сурх фашистонро пайи ҳам шикаст дода истодаанд, — мегуфтанд. Мо аз чунин суханҳо рӯҳбаланд шуда, зуд-зуд пешдоманҳоямонро аз сараки ба замин рехтаи гандум пур мекардем…
Чун рӯзҳои тобистон ниҳоят гарм буданд, даравгарон то як найза дамидани офтоб дарав мекарданду ба хонаҳояшон бармегаштанд. Онҳо аз Худованд илтиҷо мекарданд, ки моҳтоб шом нахӯрда, шаъшаъапошӣ кунаду дар ҳавои салқин гандум дараванд. Дар маҳтобшаб гандум даравидан кайфияте дошт. — Имшаб сарбайтхон кӣ бошад? – мепурсиданд даравгарон. Сарбайтхон мебоист овози форам дошта, рубоиҳои зиёдеро аз ёд донад. Майдони дарав саҳна ва даравгарон шунавандагонаш ба шумор мерафтанд. Ба таври ҳашар дарав кардани гандум талаби замон буд. Даравгаронро ҳеҷ кас маҷбур намекард, ки «Ман доғ» гӯянд. Ин суруд воситае буд, ки ба кор суръат бахшида, куфти даравгаронро мебаровард. Мандоғхонҳо аз ақиби даравгарон кадам зада, «Ҳе ало, ҳе ало, ёре, ман доғам ё дӯст» мегуфтанд. Ин нақарот баъди ҳар мисраи рубоии сарбайтхон садо медод.
Жанри адабие мисли рубоӣ шодию нишот ва ғаму андуҳи мардумро барҷастаю самимона ифода карда наметавонист. Ҳар кас тавассути он эҳсоси дил ва майлу хоҳиши худро бозгӯ мекард. Тасаллобахши дилҳои пурмеҳри ошиқон ҳам рубоиҳо ба шумор мерафтанд. Дар «Ман доғ» сарбайтхон рубоӣ мехонду даравгарон китоби сарнавишту саргузашти худро варақгардон мекарданд.
Азбаски рубоиҳо бадоҳатан ва ҳангоми дарав суруда мешуданд, сарбайтхон фурсат надошт, ки аз ниҳонхонаи дилаш рубоии дилхоҳашро интихоб намояд. Аз ин рӯ, ҳар рубоие, ки дафъатан ба ёдаш мезад, ба забон меовард.
Гандумаки худрӯида дарав мекардум ,
Ба холи сиёҳи ту ҳавас мекардум.
Ман медонистам бевафо ёри манӣ,
Ошиқии дурӯзара бас мекардум.
Дарав ба мардум имконият фароҳам меовард, ки аз наздик бо ҳам дидор бинанд ва аз майлу хоҳиши якдигар ва мушкилоташон воқиф шаванд. Майдони дарав мулоқотгоҳе буд барои ошиқон, мавриди муносибе буд барои ифшо кардани розу ниёзи якдигар.
Шаб, ки фаро мерасид, раҳматии модарам ба ману бародарам дастур медод: «Бачаҷонҳо, хезед, дӯғу ҷурғот ва дар кадуҳо (кадуҳои чӯбин, ки ҳамчун «термос» истифода мешуданд) об гирифта, ба даравгарон бурда диҳед, даму дилашон сӯхт, мандоғгӯӣ кори осон аст магар, дилу ҷигарат аз даҳонат меояд».
Ману бародарам зуд бархоста, роҳи саҳроро пеш мегирифтем. Даравгарон моро бо хушӣ истиқбол мекарданд: «биёед, бачаҳо, илоҳо умратон дароз шавад», — мегуфтанд. Ҷойи зист ва дамгирии даравгарон таги дулонаҳо буд. Диққати моро аз ҳар чӣ дида, овличакҳо (арғунчакҳо) ба худ ҷалб мекард. Тифлон дар онҳо хоб буданд, насими форам ва садои мандоғгӯйҳо барои онҳо ба ҷойи «алла» буд. Маҳтобшаб ба дашту даман гӯё ҷон ато карда бошад, садои чирчиракҳо бо суруди «Ман доғ» омехта, симфонияи зиндагиро ба вуҷуд меовард. Ба хона, ки бармегаштем, модарам мепурсид:
- Даравро нисф кардаанд ё не?
- Замини арасотро даравидаанд, ду — се рӯз баъд шояд тамом кунанд.
- Чӣ хубе, -изҳори хушнудӣ мекард модарам, — даравгарони бечора роҳи хонаҳояшонро фаромӯш кардаанд, шабу рӯз дар дараванд. Хонаи фашист сӯзад, ҷангро сар намекард, мо ин қадар сарсон намешудем, он лаънатӣ бо тиру туфангаш одам медараваду мо гандум. Парвардигор ҳеҷ вақт намегузорад, ки кори ҳақ ноҳақ шавад, иншоаллоҳ, сарашонро мехӯранд!
- Оча?, -пурсид бародарам, — барои чӣ мандоғгӯйҳо ин қадар бо алам шеър мехонанд?
-Эй бачам, хоки одамиро аз рӯзи азал бо ғам сириштаанд магар, ки он ҳамеша домангирамон аст. Ғаму кулфати худамон бас набуд, ки боз Гитлери хунхор ба сарамон бало овард, ҷанг ҳамаро ғамдор кард. Мандоғгӯйҳо ҳам бе ғам нестанд. Онҳо «Ҳе ало, ҳе ало, ёре, ман доғам ё дӯст» — гуфта ҳам дарду алами худ ва ҳам аз дигаронро ба даргоҳи Парвардигори олам арза медоранд. Дар хона нолидан дигару дар саҳро нолидан дигар аст. Дар дашт садо ба дуриҳо парвоз карда, заминро ҳам алла мегӯяд. Замин ҳам ҷон дорад, мисли мою шумо нафас мекашад, агар ба замин беҳурматӣ кардӣ, сахт меранҷад, аз ғазаб ба ларза меояд. Барои ҳамин заминро бояд эҳтиром кунӣ, -таъкид кард модарам.
- Мардҳо дар ҷанг, тамоми кор ба уҳдаи занҳо, ғалладаравию, алафдаравӣ, чӯпонию хирманкӯбиро онҳо анҷом медиҳанд. Арӯсони нозанин дар ғами шавҳарҳояшон обу адо шудаанд. Онҳо шаб дар хоб ва рӯз дар бедорӣ меноланд, ба воситаи рубоӣ дилҳояшонро холӣ мекунанд. Шеър ки хондӣ, бачам, нафасат рост мешавад:
Ай хона бадар шудум, чашмум ба намай,
Чашмум ба тамошову дилум пураламай.
Мардум меган: дар дилут чӣ аламай?
Ай ёр ҷудо шудум, дилум пураламай.
Аламатро, ки гуфтӣ, каме ҳам бошад, дилат таскин меёбад.
«Ман доғ»-ро сурудан хосияте дошт, ки пеши корро мекушод, ба тану ҷон неру мебахшид, маҳтобшаб бошад, дилҳоро ба ҷӯшу хурӯш меовард:
Маҳтобшаб аст, соя дар боғ задаст,
Рӯи садафат хайма ба маҳтоб задаст.
Хуш давлати он касе, ки як шаб бари ту,
Лабҳои туро макида дар хоб задаст.
Маҳтобшаб ошиқонро ҷуръати мулоқот дода, онҳоро ба дидорбинӣ даъват менамояд. Мулоқоти дилдодагон кайфияте дорад бас гуворо. Он калиди тиллоиест, ки дилҳои бастаро мекушояд. Албатта, на ҳамеша маҳтобшаб ошиқонро ба мурод мерасонад:
Маҳтобшаб аст, ман ба саҳро ҳар шаб,
Дуди дили ман чу мавҷи дарё ҳар шаб.
Осуда туӣ, ки ёр дорӣ дар бар,
Бечора манам ғарибу танҳо ҳар шаб.
«Маҳтоб ва маҳтобшаб» образҳои бадеиянд ва мардум ба онҳо боварию эътиқоди махсус доранд. Масалан, гӯянда Шарифхоҷаи кӯҳистонӣ маҳтобро мухотаб қарор дода, чунин гуфтааст:
Маҳтоб, ту баро бахти маро равшан кун,
Ин манзили вайрони маро гулшан кун.
Ин рӯзи сиёҳ карда сиёҳ бахти маро,
Моро ту халос аз мардуми раҳзан кун.
Ишқу ошиқӣ лаҳзаҳои романтикие доранд, ки дар хотири кас як умр нақш мебанданд ва бисёр аҷиб аст, ки чунин лаҳзаҳо дар маҳтобшаб сурат мегиранд.
Маҳтобшаб мушкилкушои ошиқон аст, барои ҳамин фарорасии онро бесаброна интизорӣ мекашанд:
Маҳтобшабай, ки ман бароям ба ҳавас,
Себ дар сари остину ҷон дар кафи дас (т),
Дар кӯча сагон бошаду дар хона кас,
Эй навданиҳол, охир ба фарёдам рас.
Дар шаби маҳтоб дар паҳлуи ёри вафодор қарор гирифтан кайфияте дорад бас гуворо.
Маҳтобшаб мулоқотгоҳи ошиқонро муайян сохта, ҳадафҳои онҳоро ифшо месозад:
Дар моҳи шариф рӯзакушом мегӯӣ,
Дар пеши ду-се одам «аком» мегӯӣ.
Маҳтобшаби хуб бошаду ҷои хилват.
Хандун-хандун хезу биём мегӯӣ.
Ошиқон маҳз дар маҳтобшаб аз файзу баракати табиат баҳравар мегарданд:
Ёрам ба саёҳати чаман боғанда,
Ман гул мечинум шабҳои маҳтобанда.
Гул мечинуму ҳушам рӯи ёранда,
Мекобам гуле рухсораи ёранда.
Ҳамин тариқ, маҳтобшаб тайи солҳои мадид дар рӯзгори мардум мартабаи болое касб карда, файзу баракати худро чӣ ба барзгарон ва чӣ ба ошиқони дилсӯхта бедареғ арзонӣ доштааст.
Салоҳиддин ФАТҲУЛЛОЕВ