Маҳрам Файзов ва фонетикаи муосири тоҷик

№132(3433) 05.10.2015

Доктори илмҳои филология, профессор Маҳрам Файзовро яке аз  асосгузорони  илми  фонетикаи  муосири  точик  ном  бурдан  мумкин  аст.  Шогирдаш, доктори  фанҳои филологӣ, профессор равоншод Толиб Хаскашов, бо устодаш Маҳрам Файзов  дар омӯзиши фонетикаи  тоҷик бисёр  нақшаҳои аҷиб доштанд, вале тақдир барои онҳо имконият надод, ки мақсади наҷиби худро амалӣ созанд. Монографияи Маҳрам Файзов бо номи «Таджикское литературное произношение  (Опыт  экспериментально- фонетического  исследования), ки  соли  1985  дар  Душанбе  аз  чоп  баромад,  як  воқеаи  муҳим дар  илми  фонетикаи  тоҷик  буд. То  Маҳрам Файзов  фонетикаи тоҷикро  олимони тоҷик ба мисли Л. Бузургзода, Б. Ниёзмуҳаммадов, Ш. Ниёзӣ, Ғ. Ҷӯраев, олимони  рус  В. С. Соколова,  В. С. Расторгуева,  М. С. Андреев,  А. З.  Розенфелд,  Р. Л. Неменова  ва  ғайра  ба  қадри  имкон тадқиқ  кардаанд,  аммо  тадқиқоти ӯ хеле  ҳам  фундаменталӣ  ва дар асоси  маводи  бисёри  регионалӣ,  эксперименталӣ  навишта  шудааст.

Ин олими забоншинос фонетикаи забони тоҷикиро бо нозуктарин  садою  овозаш чун олими нуктасанҷ  медонист  ва  корҳои  илмии  худро  бо  амалия  зич  вобаста  мекард.  Бесабаб  набуд,  ки  ӯ  ҳамчун  донишманди  забони  тоҷикӣ ва фонетикаи  тоҷикӣ  ба  сифати  муаллими забони  тоҷикӣ  ба Институти давлатии санъати театрии  шаҳри  Москва  ба  номи  А. В. Луначарский,  ки  дар  он  ҷо  Студияи  театри  тоҷикӣ  фаъолият  мекард,  бо  тавсияи  Вазорати  маданияти  РСС Тоҷикистон  фиристода  мешавад.  Аз  ин  ҷост,  ки  беҳтарин  устодони  санъати театрии  тоҷик  ба  мисли  М. Воҳидов,  Ҳ. Гадоев,  Ҳ. Абдураззоқов,  А. Абдураҳмонов,  М. Камолова,  М. Исоева  ва  дигарон  дастпарварони  Маҳрам  Файзов  ба  ҳисоб  мераванд.

ӯ фонемаҳои тоҷикони тамоми ноҳияҳои тоҷикнишини на фақат  Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тоҷикони муқими ӯзбекистонро ҳам дар  бар  гирифтааст. Профессор Маҳрам Файзов мехост харитаи фонетикаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистонро  тартиб  диҳад,  вале  ин  мақсадаш  бо  сабабҳои  вазъи сиёсӣ  дар  Тоҷикистон (дар  солҳои  1990 -1993) амалӣ  нагашт. ӯ пайваста  мегуфт,  ки  фонетикаи  тоҷикон,  алалхусус,  фонемаҳои  мардуми  Бадахшон,  тадқиқоти  ҷиддӣ  ва  ҳаматарафаро  талаб  мекунанд.  Фонемаҳои  забонҳои  помирӣ  ба  мисли  th,w,yo,v, x, ц  ва  ғайра,  ки  ҳар  яки  онҳо  ҳимояи диссертатсияи  докториро  тақозо  мекунанд,  то  кунун  дар  илми  фонетика таври  бояду шояд  тадқиқ  нашудаанд.  Ин фонемаҳо аз таъсири  фонемаҳои  арабӣ  ва  туркӣ  орӣ  буда,  ҳамчун асоси  муайян  кардани  менталитет  ва  ҳувияти  тоҷикон  хидмат  карда метавонанд.

ёд дорам, ки дар ҷавонӣ аз забони  шоири  мумтоз  ва  журналисти  бомаҳорат Салимшо Ҳалимшо як  ҳикояти  латифамонанд шунидам, ки  мазмунаш чунин аст: «Бадахшиеро  пурсиданд,  ки  бо  кадом  сабаб  вилояти  шуморо  автономӣ  ном  карданд?  Бадахшӣ  ҷавоб медиҳад: — Барои  он  ки  мо ҳарфи «ҳ» надорем  ва  фонемаи  «ҳ» — ро  талаффуз  карда  наметавонем».  Бояд гуфт, ки  ин  ҳикоят  хусусияти ҳаҷвӣ дорад, аммо дар  умқаш «ҳақиқати таърихӣ» ниҳон аст. Фонемаҳои помирӣ (бадахшӣ),  чуноне  ки  олимони соҳаи китоби муқаддаси «Авасто»  ва  дини  Зардуштӣ  менависанд, аз ин сарчашма бархӯрдоранд. Фонемаҳои помириро метавон «археологияи  шунидашаванда  ё  зинда» (звучащая археология)  ном бурд.  Аз  ин  сабаб  топонимҳо,  номҳои  деҳаҳо,  маҳалҳо,  чарогоҳҳо,  водиҳо,  кӯҳҳо  ва  ғайраро  барои  абадӣ  гардонидани  номи  шахсоне,  ки хидмати давлатӣ  ва  ё  партиявии  хуб  карданд, аз байн бурдан  хиёнати  бузургест ба  фарҳанги  миллӣ. Ман ин  андешаҳоямро ба  бародар ва устодам Маҳрам Файзов  аввал ба  воситаи  телефон  аз шаҳри Тошканд  ва  баъд  дар  вохӯрии  рӯ  ба  рӯ  дар  шаҳри Душанбе  гуфтам.  ӯ ба  фикри  банда  розӣ  буд.

Мегӯянд,  ки  шоирон, олимон дар тақдири  миллат  ва  халқи  худ  шахсони масъуланд. Ин олими шинохта ва сермаҳсул ҳамин гуна  масъулиятро бо тамоми буду вуҷудаш  дарк мекард. Ба назар чунин  мерасид, ки меҳри ёру диёр, Тоҷикистон ба ӯ истеъдоди комили  сухангустарӣ  ато кардааст. Олимоне ҳастанд, ки асарҳои хуб офаридаанд, аммо  аз  фазилатҳои инсонӣ чандон бархӯрдор  нестанд.  Чӣ  хуб, агар  олим  баробари истеъдодаш аз  фазл  ва  одамияти том  бонасиб  бошад.  Профессор Маҳрам Файзов чун  олим ва инсони асил дар қалбҳои шиносон, ҳамкорон, дӯстон бо  родмардиаш  маскан  гирифтааст.  ӯ  ба  ҳеҷ  кас  бадӣ  намехост,  одами  равшанзамир  ва  ба  ҳама  меҳрубон  буд.  Ин  қабил  одамон  бо  вуҷуди  сипарӣ  шудани солҳои  бешумор    бо  кору муносибатҳои инсонии  худ  дар  қалб  ва  хотири  миллати  худ  ҷовидон  мемонанд.

 

 АҚНАЗАР

 ҚУРБОНМАМАДОВ,

доктори  илми  фалсафа,

профессор,  шаҳри Тошканд