Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар чилсола шуд. Ин маркази маърифат ва дониашандӯзии наврасон соли 1974 таъсис ёфта, дар як қисмати китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дошт.
Табиист, ки дирӯзу имрӯзи ҳар як миллат ва давлатро бидуни китоб тасаввур кардан мумкин нест. Ганҷҳои пурарзиши маонӣ дар китобхонаҳо маҳфуз гардида, тавассути китобдорон ба мардум пешкаш мегардад. Нақши китобу китобхонаҳо дар камоли маънавии инсон, махсусан насли наврас хеле бузург аст. Бо дарки муҳимияти ин масъала роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлолият баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, баҳри рушди маънавии аҳли ҷомеа, пешрафти кори китобхонаҳо ва баланд бардоштани мақоми махзанҳои маърифатию ходимони он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
-Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти китобдорию китобхонаҳои кишвар эҳё гардида, ин соҳа низ рушду нумӯъ ёфтааст. Далели равшани ин гуфтаҳо қабул гардидани як силсила қонун, қарорҳо ва барномаҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (соли 2003), «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» мебошад.
Имрӯз яке аз биноҳои бошукӯҳу назаррабои пойтахти кишвар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Маҳз ба шарофати чунин ғамхорию таваҷҷуҳ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар низ дар яке аз қисматҳои асосии собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷой дода шуд ва мо ҳамроҳи аҳли маърифат ҷашни 40-солагии махзани маърифатро дар ин бинои озодаю барҳаво таҷлил мекунем,- бо хушҳолӣ мегӯяд директори КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов.
Китобхонаи фавқуззикр чил сол боз, сарфи назар аз имкону шароит, ба насли наврас хизмат карда, дар гирдоварӣ ва тарғиби адабиёт, ҷалби хонандагон ба китобу китобхона саҳм мегузорад. Маҳз бо иқдоми роҳбарияти ин китобхона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз нав эҳё гардида, ҳар сол дар саросари кишвар, бо ҷалби ходимони илму фарҳанг, адибону рӯзноманигорон, устодону донишҷӯён ва хонандагон, бо шукӯҳу тантана гузаронида мешавад.
КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар ҳамчун маркази иттилоотӣ, методӣ, тадқиқотӣ барои китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили созмондиҳии хадамоти иттилоотӣ, китобдорӣ-библиографӣ, муаммоҳои педагогӣ, психологӣ ва сотсиологии хониши бачагону наврасон ва расонидани ёрии методию амалӣ ба тамоми китобхонаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва истироҳгоҳҳои кӯдакону наврасон, инчунин дар таҳлили фаъолияти китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо саҳм мегузорад. Ҳоло захираи китобии китобхона бо 102158 нусха китоб, аудиокассетаҳо, видеокассетаҳо ва дискҳо ғанӣ гардидааст. Алҳол 18197 нусха китоб ба феҳристи электронӣ ворид гардида, ин кор ҳамарӯза идома меёбад. Китобхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, сомонаи худро (www.kdbj-mirshakar.tj) дар шабакаи интернет таъсис додааст. Дар Китобхона «Маркази иттилоотии кӯдакону наврасон» таъсис дода шудааст, ки дорои таҷҳизоти техникӣ — компютер, принтер, сканер, телефон буда, имконоти истифода аз шабакаи «интернет муҳайё шудааст. Дар ин Марказ инчунин 1743 нусха луғату қомусномаҳо мавҷуданд, ки хонандагон аз онҳо таври васеъ истифода мебаранд.
Бахшида ба ҷашни 40 — солагии КДБҶ ба номи М. Миршакар аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони китобхона видеофилм ва китобе зери унвони «Ганҷи маонӣ» таҳия ва ба нашр омода шудааст. Дар оғози китоб сарсухан ва таманниёти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин ҷой дода шудааст, ки чанд сатри онро анҷомбахши маводи хеш қарор додем: «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар воқеан ҷоест, ки имрӯз кӯдакону наврасони на фақат пойтахт, балки тамоми кишвар ғизои маънавӣ мегиранд. Ҳарчанд имрӯз дар олами наврасон технология, компютер ва интернет торафт авлавият пайдо мекунад, аммо дар баробари ин ҳама китоб мақоми арзандаи хешро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳад дод. Боварӣ дорам, ки ин китобхонаи шоиста, эҳёгари номи бузурги миллат буда, рисолати арзишмандтарин маркази дониш, хазинаи хирад буданашро минбаъд ҳам адо мекунад, дар рушду нумӯъ ва тарбияи насли навраси минбаъда нақши муҳимеро иҷро хоҳад намуд».
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»