Аз таъсиси Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» 80 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар муассисаи номбурда ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Баъди сухани ифтитоҳии директори муассисаи мазкур Қурбоналӣ Бӯриев, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аҳли коллективро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Вай нақши арзандаи Хонаи китоби Тоҷикистонро дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ махсус таъкид карда, ба кормандони фаъоли Муассиса ифтихорнома ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» — ро тақдим кард. Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода, директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб Сироҷиддин Икромӣ, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, директори Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Беҷода Гуленова ва дигарон низ сухани табрикӣ карданд.
Сипас, ба муносибати 80 — солагии муассиса конфронси илмӣ баргузор гардид. Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯриев роҷеъ ба таърихи муассиса таври муфассал гузориш дода, аз ҷумла зикр кард, ки бо Қарори КМ ҲК РСС Тоҷикистон аз 14 — уми июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯи китобхонаҳо» ва Қарори Шӯрои Комиссариати Халқи РСС Тоҷикистон аз 20 — уми декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ муассисаи давлатӣ бо номи «Палатаи китоб» ташкил шуд.
Муассисаи мазкур қабул ва бақайдгирии давлатии нусхаҳои ҳатмӣ — назоратии матбуоти кишвар, маводи чопӣ, электронӣ, таҳлил ва коркарди библиографии нашрияҳои давлатӣ, баъзе нашрияҳои ғайридавлатии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интишорёфта, инчунин ҷустуҷӯ, дарёфт ва бақайдгирии библиографии адабиёт роҷеъ ба тарҷума ва нашри осори олимону адибони тоҷик ва умуман Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар интишор ёфтаанд, ба уҳда дорад.
Фаъолияти «Палатаи китоб» солҳои аввали таъсисёбӣ аз ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ, ки то ин давра дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Қазон чоп шуда буданд, оғоз ёфтааст Дар натиҷа, китобҳои солҳои 1928 то 1937 нашршуда, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 2040 номгӯйро ташкил медоданд, бо теъдоди 16250 нусха дастрас гардида, ба бойгонии муассиса интиқол дода шуданд ва то ба имрӯз ин нусхаҳо маҳфуз мебошанд.
Аз соли 1950 то соли 1974 ҳар сол таври мунтазам чор шумораи «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» нашр мегардид ва маводи чопшуда дар 31 бахши таснифоти библиографӣ инъикос меёфтанд. Аз соли 1978 инҷониб «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» аз рӯи таснифоти ягонаи библиографӣ дар 50 бахш ва бо се забон нашр мешуд.
Нашрияи «Палатаи китоб» — «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» то охири соли 1992 ҳар сол 12 шумора сари вақт аз чоп мебаромад. Вале аз сабаби нарасидани маблағ ва дигар маводи чопӣ солҳои 1993 – 2000 ин нашрия соле як маротиба чоп мешуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соле ду маротиба нашр мегардад.
Сипас, миёни олимону муҳаққиқони соҳа оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Муассисаи давлатии «Агентии миллии байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» суханрониҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»