Қасам ба номи поки ту,
Қасам ба шири модарам,
Қасам ба обу хоки ту,
Қасам ба меҳри хоҳарам.
Ман аскари туам, Ватан,
Ман афсари туам, Ватан.
Чаҳор фасли солу маҳ,
Ба сангари туам, Ватан.
Ба роҳи душманони ту,
Сипар намудаам танам.
Дарахти кинатӯзҳо,
Зи беху бун ҳамеканам.
Ман аскари туам, Ватан,
Ман афсари туам, Ватан.
Чаҳор фасли солу маҳ,
Ба сангари туам, Ватан.
Ман аз барои ҳифзи ту,
Зи ҷону сар гузаштаам.
Ту ҷовидон бимон, Ватан,
Ман аз дигар гузаштаам.
Ман аскари туам, Ватан,
Ман афсари туам, Ватан.
Чаҳор фасли солу маҳ,
Ба сангари туам, Ватан.
Ба марзи покат, эй Ватан,
Ману бародарони ман,
Бубин, ки садд сохтаем,
Зи хишти ҷисму ҷону тан.
Ман аскари туам, Ватан,
Ман афсари туам, Ватан.
Чаҳор фасли солу маҳ,
Ба сангари туам, Ватан.
Диловари МИРЗО