мегӯяд ҷавони гумроҳшудае, ки озими иштирок дар даргириҳои Сурия буд
Сокини деҳаи Ленинободи деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритуз Парвиз Набиеви 24 — сола бо мақсади пайдо намудани ҷойи кору маоши муносиб 30 августи соли 2014 ба шаҳри Москва рафта, дар яке аз корхонаҳои қаннодии ин шаҳр чун корманди ошхона ба фаъолият мепардозад.
Дар соатҳои фориғ аз кор, бештар бегоҳию шабона, Парвиз тариқи телефони дастӣ ба сомонаи «Ютуб» даромада, навору филмҳои нолозими ҷангҳои Сурияю Ироқро тамошо мекардааст. Шояд аз бефаҳмиаш буд, ки ӯ ба ташвиқу тарғиб ва суханҳои фирефтасози мубаллиғони ин ҷанг бовар кард.
Баъди гузаштани 11 моҳи ранҷу уқубат кашиданҳояш нияти дар ин ҷанг иштирок намудан мекунад. Вале, тавре тафтишот нишон медиҳад, Парвиз Набиев дертар ба таври ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар хоки давлати Сурия даст кашидааст.
Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятии судшаванда Парвиз Набиев раиси Суди ноҳияи Шаҳритуз Зуҳуриён Холмуроди Абдулло парвандаи нисбат ба ӯ омодашударо дар мурофиаи кушодаи судӣ мунсифона баррасӣ намуд. Барои баррасии парвандаи ӯ толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Холматов интихоб гардид. Ба толор ҷавонони зиёде қариб аз ҳама деҳоту шаҳраки ноҳия ҷамъ омада буданд. Ҳамчунин раисони маҳаллаю эмомхатибон, сарварони дабистонҳо, масъулони шаҳраку деҳот, падару модарон дар ин мурофиаи судӣ ҳузур доштанд. Дар рафти мурофиаи судӣ паҳлуҳои гуногуни рафтору кирдори судшаванда муайян гардид. Аз ҷумла маълум шуд, ки Парвиз Набиев ба тамошои наворҳо аз ҷангҳои Сурияву Ироқ ва суханони нафарони тариқи шабакаи интернетӣ ба ин гуна амалиётҳо даъваткунанда дода шуда, майли иштирок дар ин ҷангҳо дар дилаш пайдо мешавад. Ҳусайн Содиқов ном шиносаш барои ӯ ва ҳамроҳонаш — Диловар Қарахонову Фаррух Зоиров чиптаи ҳавопаймо харида, аз шаҳри Москва ба шаҳри Истанбули давлати Туркия гуселашон менамояд. Дар масҷиди «Имом Бухорӣ»-и ин шаҳр онҳо 50 рӯз таҳсилоти динӣ ва дарси ҷиҳод омӯхта, сипас ба воситаи яке аз масъулони масҷид ба ҷониби Сурия фиристода мешаванд. Дар роҳ шиносномаҳои онҳоро роҳбаладе мегирад. Дар сарҳади давлати Сурия онҳоро кормандони пулиси давлати Туркия боздошт мекунанд. Чанд муддат дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Анқара нигоҳдорӣ мешаванд. Бо сабаби нокифоягии хӯрока бо кормандони пулис муноқиша мекунанд. Бо ин сабаб Парвиз Набиев ва чанд нафари дигарро ба маҳкамаи шаҳри Ойдини давлати Туркия мебаранд. Рӯзҳои дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва маҳкама қарор доштан Парвиз эҳсос мекунад, ки роҳи хаторо интихоб кардааст.
Баъди озод шудан аз маҳкама аз фурудгоҳи шаҳри Истанбул ба шаҳри Мински Беларуссия интиқол дода мешавад. Аз он ҷо тариқи қатора ба шаҳри Москва бармегардад. Бо падараш дар тамос мешавад ва рӯзгори талхашро қисса мекунад. Падар хоҳишу талаб мекунад, ки фавран ба Ватан баргардад. Парвиз пул қарз карда, ба шаҳри Душанбе меояд. Чун аз рафтору амалаш аллакай кормандони мақомоти қудратӣ воқиф буданд, ӯро боздошт мекунанд. Ҳангоми мурофиаи судӣ Парвиз Набиев ба гуноҳаш пурра иқрор шуд. Аз ин амали хатоаш пушаймонӣ изҳор карда, иброз дошт, ки ихтиёрӣ аз нияти иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди давлати Сурия даст кашидааст.
Аз баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур дар рафти мурофиаи судӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Парвиз Набиев ихтиёрӣ аз қасди ҷинояти мазкур, яъне иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст кашидааст ва дар кирдори судшаванда П. Набиев аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд нест.
Бинобар ҳамин ҳолатҳо суд ба хулоса омад, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Парвиз Набиев бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар пушаймонӣ аз кирдораш қатъ карда шавад. Чораи пешгирӣ нисбати дар ҳабс нигоҳ доштанаш тағйир дода, дар толори суд аз ҳабс озод карда шуд.
Дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми мулоқот бо ҷавонони зиёд, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ташкил ёфта буд, Парвиз суханронӣ намуда, таъкид кард, ки иштирок дар амалиётҳои Сурияву Ироқ роҳи хатову маргбор аст ва тибқи ташвиқу тарғиби дурӯғини шахсони бадандеш сурат гирифта истодааст.
Аҳли ҷомеа, бахусус волидайн, бояд ба қадри ғамхориҳои Сарвари давлат бирасанд. Тарбияву назорати фарзандонро дуруст ба роҳ монанд. Онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, лаҳзае фаромӯш насозанд, ки бори масъули тарбияи ахлоқиву равонии фарзандон кори доимист.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»