Ҳамовозӣ ба иқдоми Пешвои миллат

Ман кистам? Рисолатам чист?

№90 (4830) 15.07.2024

f5be5b4c51304a4b32f2dcd5fa9d730aМо чаро инсон ном дорем? Рисолати инсонии мо дар чӣ зоҳир мешавад? Чаро моро ашрафи махлуқот мегӯянд? Тамаддун ва фарҳанги тоҷик аз чӣ сарчашма об мехӯрад? Чаро хондан, омӯхтан ва шинохти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ муҳим аст? Суннатҳо ва арзишҳои миллӣ чӣ пайғоме ба мо доранд? Устура, таърих ва ҳақиқат моро ба чӣ огоҳие мерасонанд? Намодҳо дар ташаккули мо чун миллат чӣ нақше доранд? Симурғ, устура ва ҳақиқати он дар ҳувиятсозии миллии мо чӣ таъсире гузоштааст?

Дар ин навишта кӯшиш менамоем ба ин суолҳо посух диҳем.

Оё боре аз худ пурсидаем, ки «Ман кистам? Рисолатам чист?». Шояд, ин пурсишҳо ба назари баъзеҳо содалавҳона намояд. Шояд, касоне бигӯянд, ки ман кӣ буданамро хуб медонам, рисолати зиндагиамро мешиносам. Вале хуб аст, ки бори дигар ин суолҳоро аз худ бипурсем, сари онҳо андеша намоем. Як бор андешем, ки мо дар огоҳӣ зиндагӣ мекунем ва ё дар ғафлат? Мо бедорем ё дар хоби сахте фурӯ рафтаем?

Дар ғафлат зистан, яъне, дар ҳолати мурдагӣ будан, худро нашнохтан, дар бехабарӣ ба сар бурданро дорад. Устод Рӯдакӣ гӯё ин мисраъҳоро имрӯз навиштааст, ки ба мо ҳушдор медиҳад:

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.

Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.

Шояд, дар дунё адабиёте вуҷуд надорад, ки мисли адабиёти мо саршори панду насиҳатҳои ахлоқӣ бошад. Бузургони мо он қадар насиҳатамон карданду пандамон доданд, ки ҳисоб надорад. Насиҳатномаю хираднома, «Гулистон»-у «Бӯстон» ва «Баҳористон»-у амсоли инҳоро офариданд. Роҳҳои расидан ба камоли инсониро нишон доданд. Аз мо ба мо гуфтанд.

Чаро онҳо чунин карданд? Оё дар мо нуқсе диданд, ахлоқи моро коста дарёфтанд, ки ашрафи махлуқот буданамонро пайваста таъкид карданд ва роҳҳои ба камол расиданро бароямон нишон доданд.

Боре дар суҳбати шоири андешапарвар Зиё Абдулло нишаста будам ва ин суолро аз он кас пурсидам. Устод посух дод, ки бузургони мо қомати ҷаҳлро он қадар баланд дарёфтанд, ки ҳис намуданд ба ҷуз бо фарёди баланд ба гӯши ҷаҳл овозашон намерасад. Онҳо шикастани қомати ҷаҳолатро дар офаридани асарҳои ахлоқӣ диданд ва ин корро огоҳона анҷом доданд, то одамиятро дар вуҷуди мо парвариш диҳанд. Моро ба мо шиносонанд.

Оре, мо бояд худро бишносем. Ҳамин хӯрдану хуфтан, роҳ рафтану хаму рост шудан, ки маънии одамият нест. Инсон ба ҷуз ин ҷисм маънӣ ҳам ҳаст. Муаллими ахлоқ Саъдӣ Шерозӣ мегӯяд:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Яъне, одамизод ба ҷон зинда аст, ба маъно зебост. Саъдӣ таъкид мекунад, ки агар нишонаҳои одам будан чашму даҳону гӯшу бинӣ аст, пас, ӯ аз нақши девор фарқе надорад. Ғазабу шаҳват рондан шӯру ғавғои беҳуда ва афтодан ба ботлоқи ҷаҳлу дармондан дар торикист. Шоир мегӯяд, ки мо бояд зинда ба ишқ шавем, худро аз даруни худ биҷӯем. Агар сухан гуфтан нишони одамият бошад, пас, як тӯтӣ ҳам метавонад мисли мо сухан бигӯяд. Одамизодае, ки асири дев мегардад, дар ҷаҳлу нодонӣ гирифтор мешавад, фариштаи доноӣ ва ишқро аз худ меронад. Аз ин ҷост, ки шоир хулоса мекунад:

Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,

Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.

Ин нуктаро пай бурдан муҳим аст, ки агар одамизода пайваста ба бад кардан, бад андешидан, бад дидан (дурӯғ, ғайбат, туҳмат, найранг, фиреб, адоват, душманӣ…) машғул шавад, ба ботлоқи бадбӯе мубаддал мегардад. Мисли мурдаи пӯсидае мешавад, ки аз бӯи он дигарон мегурезанд. Ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, одамгарӣ, файзи инсон будан ӯро тарк месозанд. Аз ин ҷост, ки ғафлат накардан, бедор будан ва худро шинохтан муҳим аст. «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» — гуфтани устод Рӯдакӣ низ ба маънии ҳақиқати ин дунёро шинохтан аст. Мо дар сурате ба шинохти дурусти муҳит ва ҷаҳон мерасем, ки аввал худро бишносем.

Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавӣ» мегӯяд:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Агар андешаи ту гул (хуб) аст, ба гулшан мубаддал мегардӣ, агар андешаи ту хор (бад) аст, ба ҳезуми оташ табдил меёбӣ. Агар мисли гулоб ҳастӣ, одамон туро ба сару рӯяшон мезананд ва дар ҷайбашон мегузоранду азизат медоранд, вале агар бавл бошӣ, берун меафкананд ва аз ту дур мешаванд.

Бинобар ин, Мавлоно таъкид мекунад, ки ту ҳамон андеша ҳастӣ, одамияти ту ҳамон маънои туст. Мо ба ин дунё наомадем, ки касерову чизеро бад бинем, дар ҷаҳолату торикӣ зиндагӣ кунем. Мо омадем, ки зебоӣ бошем, доноӣ шавем, некӯӣ гардем.

Барои ба камол расидани инсон бузургони илму адаби мо роҳу василаҳои гуногунеро муқаррар намудаанд. Онҳо таълимоти бузурги инсоншиносиеро ба вуҷуд овардаанд, ки омӯзиши он басо судманд аст. Мавлоно мегӯяд, ки боғбон, ба умеди он ки ҳосил ба даст орад, ниҳол мешинонад, яъне мақсад аз парвариш кардани дарахт ҳосил аст. Ба масал, дарахт ҷисми одамизода аст ва ҳосили он маънояш. Ба таври дигар гӯем, инсон дорои ҷисм ва маъно мебошад. Ҷисми одамӣ олами асғар (хурд) ва маънии он олами акбар (бузург) аст.

Одамизода турфа маъҷунест,

К-аз фаришта сиришта в-аз ҳайвон.

Гар кунад майли ин, пас шавад аз ин,

В-ар кунад майли он, шавад беҳ аз он.

Аз ин маълум мегардад, ки хубию бадӣ ҳар ду дар вуҷуди мо сиришта шудааст. Мо агар ба сӯи хубиҳо майл кунем, хуб мешавем ва агар ба сӯи бадиҳо биравем, бадӣ вуҷуди моро фаро мегирад. Аз ин рӯ, агар мо ҷони огоҳу бедор дошта бошем, рисолати худро мешиносем ва дар интихоби роҳ хато намекунем.

Устод Рӯдакӣ моро огоҳ месозад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дониш чароғест, ки вуҷуди моро равшан мекунад, нури дониш торикиҳоро, ки хонаи ҷаҳолату нодонист, аз байн мебарад. Дониш моро ба огаҳӣ мерасонад. Мо ҳақиқатро мебинему мешунавем.

Ҳамаи ин омӯзаҳо ба мо мегӯянд, ки боз ҳам аз худ бипурсем: Мо чаро инсон ном дорем? Рисолати инсонии мо дар чӣ зоҳир мешавад?

Шаби мардони Худо рӯзи ҷаҳонафрӯз аст,

Равшанонро, ба ҳақиқат, шаби зулмонӣ нест.

ВОРИС,

«Садои мардум»