Ҳамовозӣ ба иқдоми Пешвои миллат

Ман кистам? Рисолатам чист?

№93 (4833) 26.07.2024

jmf75ctsrxmx56tkspxx8j9t6nj0qi8s [Оригинальный размер](Идома аз шумораи №90 (4830) аз 15 июли соли 2024)

Мо одат накардаем, ки ба садои даруни худ гӯш диҳем. Садои мани маҷозиамонро не, садои мани ҳақиқиамонро бишнавем. Бигзоред, ин маъниро ба забони боз ҳам сода аз тариқи як афсона равшан бисозам. Ҳамаи мо афсонаи «Шоҳзода — қурбоққа»-ро шунидаем. Ҷодугаре шоҳзодаеро ба қурбоққа табдил дода, ба ҷангали пур аз ботлоқе меафканад. Шарти шикастани сеҳр ва дубора ба сурати одамӣ баргаштани шоҳзода он аст, ки шоҳдухтаре ба он ҷангал биёяд, қурбоққаро рӯи даст бигирад ва аз лабонаш бибӯсад. Шоҳдухтаре ҳам, ки дар интизори шоҳзодаи зебою шуҷое буд, рӯзе ба он ҷангал меояд ва бо қурбоққа вомехӯраду баъд аз шунидани қиссаи он махлуқи ба назар зишт ҷуръат пайдо карда, ӯро мебӯсад. Шоҳзодаи тилисмшуда ба сурати аввалаи худ бармегардад, онҳо бо ҳам издивоҷ ва то охири умр шоду масрур зиндагӣ мекунанд.

Албатта, бо шунидани ин афсона фикр мекунед, ки он дурӯғи зебоест ва ҳеҷ инсоне ба қурбоққа мубаддал намегардаду бо бӯсае ҳам дубора одам намешавад. Аммо ин афсона ба мо, инсонҳо, паём медиҳад. Қурбоққа, ки махлуқи зиште аст, дар обҳои истодаю бадбӯй зиндагӣ мекунад. Мо ҳам, ки худро нашнохтем, ба бероҳа рафтем, дар дилҳоямон кинаю буғзу адоват парваридем, шабеҳи ҳамон қурбоққа мешавем. Садоямон нохушоянд мегардад, зистгоҳамон, ки ҳамин бадани мост, мегандаду бӯи бад медиҳад. Вақте мо ба садои даруни худ гӯш додем, кӣ будан ва рисолати хешро эҳсос намудем, он қурбоққаро мешиносем ва онро аз даруни худ ба берун меандозем. Кина, буғз, адоват, душманӣ, дурӯғ, макр, найранг…, ки ҳамон қурбоққа аст, аз мо дур мегардад. Оби вуҷуди мо босафо ва дилҳоямон поку мубарро мешавад. Пас аз ин мо ҳақиқати худро қадам ба қадам дарк месозем, ба ишқ зинда мешавем ва роҳи камолу ҷамоли худро мепаймоем.

Мо аз назари биологӣ аз махлуқоти дигар фарқе надорем. Дасту пою гӯшу чашм ва даҳону биниро онҳо низ доранд. Масалан, як ҳамдуна мисли мо мехӯрад, менӯшад, бача ба дунё меорад, онро парвариш мекунад ва тариқи зиндагӣ карданро ба вай меомӯзад. Аммо одамизода аз назари ақлӣ дорои тавоноӣ ва истеъдоде ҳаст, ки ба ӯ шарофат мебахшад. Инсон метавонад бо сайри маънавӣ ба розҳои ин олами пурасрор бирасад. Бо дониши андӯхтааш корҳоеро анҷом диҳад, ки ҳеҷ махлуқи дигар он корро карда наметавонад.

Мо, инсонҳо, ҳаққи ихтиёр, яъне ҳаққи интихоб дорем. Дар ин ихтиёр бояд амонатро ҳифз кунем. Ихтиёр доштан ба он маънӣ нест, ки ҳар кори зиште диламон хост, анҷом диҳему бигӯем, ки мо соҳибихтиёр ҳастем. Дар корхонаи табиат ҳар ҷонвар, гулу гиёҳ рисолати мушаххас доранд. Ҳеҷ кадоми онҳо муқобили табиати худ амал намекунанд, аммо ин одамизода аст, ки гоҳе ҳатто аз ҳадди ихтиёр берун меравад.

Дар ихтиёри худ буданро агар ба таври сода шарҳ диҳем, ба он маъност, ки ман кори зиштро анҷом намедиҳам, чунки дар ихтиёри худам ҳастам. Ман роҳи бадро интихоб намекунам, касеро озор намедиҳам, душманӣ намеварзам, найрангбозӣ намекунам, чаро ки ин корҳо шоистаи мани инсон нест. Барои анҷом додани чунин корҳои паст ба ман ихтиёру озодӣ надодаанд.

Чӣ гуна шод шавад андаруни ғамгинам,

Ба ихтиёр, ки аз ихтиёр берун аст.

Ё:

Чун зулфи Лайлӣ аз ду ҷаҳон кардам ихтиёр,

Маҷнунам, ар зи даст диҳам ихтиёри хеш.

Ман, ки аз моли ду ҷаҳон ишқро интихоб кардаам, агар ин ишқро аз даст диҳам, пас, девонае беш нестам. Воқеан ҳам, хубию саодат­ро ба пастию разолат иваз намудан девонагист. Ин гуна ихтиёрдорӣ рисолати инсонии моро ифода намекунад. Ишқ аст, ки вақте ба суроғи мо меояд, дигар ҷое барои интихоб боқӣ намегузорад. Маҷнун ё девона касест, ки ҷуз маъшуқ чизе надорад, ҳама ишқ асту нур, ҳама файз асту баракат.

Эй, Ироқӣ, ту ихтиёр макун,

Он, ки беҳ бувад, ихтиёр бувад.

Набояд фаромӯш созем, ки мо бори амонати бузурге бар дӯш дорем. Ҳамон амонате, ки осмонҳою кӯҳҳо тавони бардоштанашро надоштанд, вале мо онро пазируфтем. Ин қудрату ҷуръатро аз куҷо пайдо кардем? Аз он ҷо, ки рӯҳи Офаридгор дар мо дамида шудааст. Халлоқият дар вуҷуди мо ҷараён дорад. Мо ҳаққи аз рисолати инсонии хеш рӯ гардонданро надорем. Ғафлат кардан баробар ба мурдан аст. Агар ғафлат кардем, каромату шарофатамон аз байн меравад, наметавонем амонатдор бошем. Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:

Бархез, то ба аҳди амонат вафо кунем,

Тақсирҳои рафта ба хидмат қазо кунем…

Чун бартарин мақоми малак дуни қадри мост,

Чандин ба дасти дев забунӣ чаро кунем?

Тамоми омӯзаҳои бузургони шеъру ирфонамон моро ба сӯи камол уруҷ медиҳанд. Ба мо мегӯянд, ки огоҳу бедордил бошем. Таъкиди устод Рӯдакӣ: «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» ба мо меомӯзад, ки таҷрибаи рӯзгор, гардишҳои замонию маконии ин ҷаҳони пур аз тазодро бишносем. Чашми ҷаҳонбин дошта бошем, чашме, ки сиёҳро аз сафед, сурхро аз сабз фарқ кунад ва моро ба масири дуруст ҳидоят созад. Ин дунё мисли баҳрест, ки мо танҳо бо киштии накукорӣ онро убур карда метавонем. Агар он киштиро, ки худи мо ҳастем, аз бадиҳо пур кунем, ғарқ мешавем, нобуд мегардем.

Ба ҷуз чашми ҷаҳонбин доштани чашми ҷонбин низ хеле муҳим аст, ки ба ботини мо менигарад, моро аз дарун ба мо мешиносонад. Ҳақиқати моро ба мо нишон медиҳад. Маънавияти моро ошкор месозад. Чун мо ба маърифати худӣ расидем, даричаҳои маърифати олам ба рӯямон боз мешаванд. Дар бораи чашми ҷаҳонбин, ки нозир ба ҷаҳон аст, дар поёнтар суҳбат мекунем. Ҳофизи Шерозӣ дар ғазале мегӯяд:

Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд,

В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст.

ВОРИС,

«Садои мардум»