Марҳамат, ҳамсоя, раҳ бикшодааст,
Тозаву озода баҳрат ҷода аст.
Марҳамат, ҳар ҷой меойӣ фуруд,
Мо зи дил дорем пайғому дуруд.
Мизбонӣ урфу расми хоси мост,
Бар шумо, эй дӯстон, ихлоси мост.
Бе ғаве ё бе яке саддеву банд,
Метавон омад Душанбеву Хуҷанд.
Метавон кӯҳи Зарафшонро бидид,
З- устуворӣ медиҳад бар мо навид.
Чун ба тобистон агар гарм аст чӯл,
Метавон омад фароғат Ҳафткӯл.
Рӯдакиро ёд карда бо суруд,
Метавон омад зиёрат Панҷрӯд.
Гашта огаҳ аз Саразми бостон,
Мебарӣ бо хеш даҳҳо достон.
Бо раҳи мо мардуми ваҳдатқарин,
Метавонӣ рафт то бар мулки Чин…
Чун чароғи сурх ранги сабз гашт,
Ду тараф бо ҳамдигар ҳамнабз гашт.
Дур шуд санги «раводид» ҳам зи раҳ,
Боз шуд аз роҳи мо банду гираҳ.
Соати базму тараб оғоз шуд,
Тоҷику ӯзбек ҳамовоз шуд.
Қаҳрамон БУРҲОН,
табиб, сокини шаҳри Панҷакент