МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ МАОРИФ

№143 (4883) 22.11.2024

1029833714_0_312_3000_2000_2072x0_60_0_0_710e11cdd679a0f6c93e649e272a8837Замоне ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, маориф чун дигар соҳаҳо ҳоли табоҳ дошт. Агар ба масъала аз равзанаи тадқиқ ва таҳлил бингарем, маълум мегардад бисёр муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар минтақаҳои ҷанг­зада, харобу нобуд гашта буданд. Муассисаҳои боқимонда эҳтиёҷи молиявӣ доштанд. Кам будани маблағгузорӣ дар солҳои аввали истиқлолият муҷиби кам гардидани маоши омӯзгорон ва чандин мушкили дигари соҳа шуд. Борҳо аз омӯзгорон шунидаем, ки он замон ҳамон маоши камро ҳам намегирифтанд. Омӯзгорон пароканда шуда, бисёр хонандагон аз таълим дур монданд. Ин ҳама ба ояндаи босаодати кишвар хатар маҳсуб меёфт. Хатари маънавӣ, ки метавонист хоса наврасонро ба сӯи ҷаҳлу торикӣ барад.

Роҳбари давлатмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарварии хеш ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи махсус намуданд, то чароғи маърифат хомӯш нагардад. Аз нури дониш роҳи ояндаи нав­расон равшан бошад, онҳо худро шиносанд ва рисолаташонро иҷро намоянд. Ба ин мақсад тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зиёд андешида шуд. Рақамҳо шаҳодати онанд, ки сол ба сол маблағгузорӣ ба соҳа бештар шуда, шумораи муассисаҳои наву замонавӣ афзудааст. Чунончи, аз соли 1991 то соли 2020 дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон зикр намуданд, Тоҷикис­тон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо миёни 183 кишвар ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Бо ин далел сию се соли соҳибистиқлолиро метавон марҳилаи сифатан нави рушди мао­риф арзёбӣ намуд.

Айни замон дар доираи консепсияю барномаҳо дар соҳа ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дорад. Пеш аз ҳама, барномаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҷдид ва мувофиқ ба талаботи давр гардиданд, ҳатто дар зинаи таҳсилоти томактабӣ. Агар солҳои пештар фаъолияти боғчаҳо бештар ба нигоҳубини кӯдакони синни томактабӣ равона мешуд, ҳоло ин муассисаҳо масъулияти ҷиддитаре бар дӯш доранд. Бо назардошти муҳимияти масъала ва ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар минтақаҳое, ки муассисаи томактабӣ надоранд ё намерасанд, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис ёфта истодааст. Тибқи тағйироте, ки дар нақшаи таълим ворид карда шуд, минбаъд дарсҳои хештаншиносӣ, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ ҳафтае ду маротиба ба кӯдакон таълим дода мешавад. Имсол ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳо, ки аз замони шуравӣ амал мекард, таҷдиди назар шуд.

Вобаста ба талаботи замон дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ тағйироти зиёд ворид гашт. Аз ҷумла, шаклҳои нави муассисаҳои таҳсилоти умумӣ — литсею гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ таъсис ёфтанд. Дар муҳтаво ва чопи китоб­ҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ низ тағйирот ворид шуд, ки ба беҳтар гардидани таълим бетаъсир намонд. Муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Дигаргунии асосӣ дар ин зинаи таҳсилот он аст, ки имсол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид шуд ва он хонандагонро уҳдадор менамояд баъд аз хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ таҳсилро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд.

Ҳоло дар соҳа ба истилоҳҳое, чун «таҳсилоти дуалӣ», «таҳсилоти фосилавӣ», «таҳсилоти рақамӣ», вомехӯрем, ки қаблан вуҷуд надош­танд. Агар ҳадаф аз таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад (дар ин шакли таҳсилот диққати асосӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ равона гашта, инчунин, тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро хоҳад гирифт), таҳсилоти дуалӣ ва фосилавӣ ба зинаи сеюми таҳсилот — донишгоҳу донишкадаҳо равона гардидааст.

Таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳҳо ба ҷойи усули анъанавии таҳсили ғоибона роҳандозӣ гаштааст. Ин таҷрибаи кишварҳое мебошад, ки дар соҳаи маориф пешсафанд. Қабл аз пиёда сохтани таҳсилоти фосилавӣ коршиносони соҳа онро ҳамаҷониба омӯхта муайян намуданд, ки мутахассисони дар низоми таҳсили фосилавӣ дипломи дараҷаи бакалаврро соҳибшуда, аз мутахассисони дар шакли ғоибона таҳсилнамуда, дониш ва лаёқати беҳтар доранд. Дар ин шакли таҳсил донишҷӯ имкон дорад дар самте, ки таҳсил мекунад, ҳамзамон, фаъолият намояд. Яъне, дар низоми фосилавӣ алоқамандии назария ва амалия ба роҳ монда мешавад, ки барои омодасозии мутахассисон хеле муҳиму мусоид аст.

Коршиносони соҳа таҳсилоти дуалиро низоми таълимие арзёбӣ менамоянд, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии таълимро дар муассисаи таълимӣ ва қисми амалиро дар истеҳсолот — корхонаю муассисаҳо мегузаронанд. Яъне, таҳсилоти дуалӣ имкон фароҳам меорад, ки таҳсил бо таҷрибаи амалӣ дар корхонаю ташкилотҳо пайваст гардад. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти дуалӣ ва фосилавӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани фаъо­лияти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ мебошад. Ҳоло ин навъҳои таҳсилот аз маъмултарин ва дастрастарин усули замонавии омода намудани мутахассисони оянда дар самтҳои гуногун арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон, дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ бо як қатор кишварҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дар самти маориф созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, тавонистем ба барномаҳои пешрафта дар соҳаи маориф, илм ва техника дастрасӣ пайдо намоем.

Эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар кишварҳои аврупоӣ аз дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад, ки маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ амалӣ гардид. Имрӯз бисёр хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосе, ки дар ҷумҳурӣ гирифтаанд, берун аз кишвар низ фаъолият доранд.

Метавон гуфт, ки маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буд ва хоҳад монд. Бо он таваҷҷуҳе, ки то ин вақт ба илму маориф зоҳир гардид, соҳа дар оянда ба дастовардҳои бештару беҳтар ноил хоҳад шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»