Мард намирад ба марг

№94 (4356) 17.07.2021

Х Туйчизода(Ёде аз журналист, мухбири парлумонӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳадиятулло Тӯйчизода)

Тирамоҳи соли 1992 ҷумҳурӣ Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, вале фазои он ноором буд. Хотири сокинони кишвар мушавваш, дилҳояшон пур аз изтироб. Гирдбоди бемеҳрӣ, бетараҳҳумӣ ҳар куҷо чархида, бедодӣ мекард. Одамон бехобӣ мекашиданд, зиндагии худу пайвандонашон онҳоро нигарон карда буд. Қувваҳои гуногуни бадхоҳ мехостанд бо ҳар восита ба кишвари тозаис­тиқлол таъсир расонида, аз вазъи­яти баамаломада ба манфиат истифода баранд.

Дар ҳамон айёми хатарзо фарзандони ҷоннисору равшандил  тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро барпо намоянд. Иҷлосияе, ки фарзанди фарзона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари мардуми кишвар гардонид ва равзанаи фардои равшанро ба рӯи миллат боз кард. Дар паҳлуи ин абармард касоне гирд омаданд, ки барои имрӯзи босаодат кору зиндагӣ намуданд. Яке аз онҳо падари ман — Ҳадиятулло Тӯйчизода,  мухбири махсуси рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод»  буд. Он касро ба иҷлосияи тақдирсоз чун мухбири парлумонӣ ҷалб карданд ва дар қатори дигар рӯзноманигорон бо умед ва дасту дили гарм масъулият анҷом медод.

Субҳи барвақт шитобон аз хона баромада, ба сӯи Қасри Арбоб роҳ пеш мегирифт. Тамоми рӯз дар иҷлосия иштирок намуда, пас аз он бо намояндагони халқ, сиёсатмадорону меҳмонон мулоқоту мусоҳиба меорост. Шом ба хона баргашта, то поси шаб аз рафти баргузории иҷлосия хабару мақола менавишт. Ману хоҳарону бародаронам бо садои тақ — тақи мошини чопӣ, ки падарам бо он кор мекарданд, аз хоб бедор мешудем. Хурдсол бошем ҳам, ҳис мекардем, ки қиблагоҳ ба кори муҳим банд ҳастанд, ки фавран бояд анҷом диҳанд.

Субҳи барвақт хабару мақолаҳои шаб навиштаашонро бурда ба посбони идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» супорида, пасон ба Қасри Арбоб бармегашт. Он кас дарк мекарданд, ки ба мардум расонидани иттилои воқеӣ муҳим аст. Охир он рӯзҳо тақдири кишвар маҳз дар ҳамон иҷлосия ҳал мешуд.

Он замон фақат гоҳ — гоҳ аз тариқи оинаи нилгун симои падарро медидем.  Албатта, дидани чеҳраи он кас бароямон хуш буд, вале симои ҷиддияшон моро ба андеша вомедошт. Модарам ҳолати моро ҳис карда, таъкид мекарданд, ки падарамон дар «сессия» ҳастанд ва кори хеле масъулиятнокро бар дӯш доранд.

Оре, падарам — Ҳадиятулло Тӯйчизода, барандаи Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, аз зумраи он қаламкашоне ҳастанд, ки дар матбуоти кишвар беш аз чил сол заҳмат кашидаанд.  Яке аз аввалин хатмкардагони бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиро аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намудаанд. Сипас, ба шаҳри Хуҷанд омада, дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси мухбир, мухбири махсус ва мудири шуъба фаъолият карданд. Чанд сол ба сифати мухбири махсуси рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва Исфара кор карда, аз фаъолияти меҳнаткашони хоҷагии халқ хабару мақола, гузоришу лавҳа омода намуданд.

Он замон рӯзномаву маҷаллаҳо дар назди мардум қурби хеле баланд доштанд. Ба ҳар як мақола, ки дар ин ё он рӯзнома чоп мешуд, вокуниш ба амал оварда мешуд. Теъдоди рӯзномаҳо мисли ҳоло зиёд набуданд, вале мақолаҳои нашркардаашон боис ба ҳалли мушкилоти зиёди мардум мегашт. Аз ин хотир, одамон ба рӯзномаҳо таваҷҷуҳ ва эътимоди хос доштанд. Журналистон аз пайи мактубҳои хонандагон ба шаҳру ноҳия ва деҳот рафта, якҷо бо масъулин барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта талош меварзиданд. Ҳалли қазияҳои дар миёни аҳолӣ бавуҷудомада яке аз самтҳои асосии кори рӯзномаҳо маҳсуб мешуд.

Бояд гуфт, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар Қасри Арбоб аҳамияти баланди таърихӣ дорад. Гузоришу мақолаҳои падарам аз рафти он инъикосгари холисонаи вазъияти ҳамон давра аст. Аз ҷумла, мақолаҳои «Олам нигарони Арбоб буд», «Масъалаҳо ҳалли худро меёбанд», «Оши оштӣ»,  «Нурулло Ҳувайдуллоев чӣ гуна одам буд?», «Мурод ҳосил шуд, охираш ба хайр шавад ва ё бо чунин умед рӯзи нуҳуми Иҷлосия  ба итмом расид», «Ваҳдат — роҳи ягонагии наҷот», «Хоҳиш, як суол дорам ба Шумо…», «­Эмомалӣ Раҳмонов ва «Ҳақиқати Ленинобод», инчунин, якчанд мусоҳиба бо сиёсатмадорон  ва вакилони мардумӣ мисол шуда метавонанд.

Қиблагоҳам, воқеан ҳам, қаламкаше буданд, ки тамоми умрро дар хидмати халқу Ватан сарф намуданд. Он кас то лаҳзаҳои охири зиндагӣ ба пеша содиқ монданд.  Меҳнати ҳалол, андешаи поку беолоиш ва муҳаббаташон ба халқу Ватан буд, ки номи неку кори нек боқӣ гузоштанд. Панҷ фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва муҳаббат ба арзишҳои миллӣ тарбия карданд. Алҳол ману бародарам Насрулло идомадиҳандаи пешаи падар мебошем. Талош меварзем, ки ба ғояҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон содиқ бошем ва дар ободии мамлакат саҳм гузорем.

Мутриба ТӮЙЧИЗОДА,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон