Дилшод аз Россия баргашт. Ӯ донишҷӯи соли аввали яке аз донишгоҳҳои тиббии ин кишвар аст. Дар омади гап аз ӯ суол кардам: «соли аввали донишҷӯиат паси сар шуд, бигӯй, ки чӣ хотирае бароят ба ёдгор монд?»
- Хотираҳо зиёданд, амак, — оромона гуфт Дилшод, — аммо гуворотарин ёддошт ва лаҳзаи хотирмони пур аз ифтихор он буд, ки ба туфайли ҷавони соҳибкори ҳамдиёрам дар он шаҳре, ки таҳсил дорам, обрӯи миллат ва фарзандонаш хеле боло рафт. Раҳимҷон — писари бобои Муҳиб Бобоҷонов дар он шаҳр ба тиҷорат машғул аст. Ин ҷавони инсонпарвар дар Россия корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Шоҳидон мегӯянд, ки барои адои корҳои хайр зимомдорони ҳукумати шаҳр ӯро ҳурмату эҳтиром менамоянд. Рӯзҳои ид ба мардуми дармонда, маъюбу бепарастор кумакҳои моливу пулӣ мекунад. Дар бораи ӯ устодони донишгоҳи мо низ бо эҳтиром сухан мегӯянд…
Ин боис шуду дар дилам хоҳише пайдо гардид, ки бо ин ҷавони кордону олиҳиммат, ки барои мардум беғаразона кумак менамояд, ҳамсуҳбат шавам. Рӯзе шунидам, ки Раҳим ҳамроҳи бародарон ба зодгоҳаш — деҳаи Поҷеи Поён ба дидорбинии падару модар омадааст. Аз муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» Худододи Зайниддин хоҳиш кардам, ки маро ҳамроҳӣ кунад.
Вақте вориди деҳа шудем, ангушти ҳайрат газидем. Дар назди муассисаи таълимии деҳа яке аз дӯстони деринам — омӯзгори куҳансол Сайҷаъфар Соибов моро пешвоз гирифт. Чун мушоҳида кард, ки дигаргуниҳои деҳа диққатамонро ҷалб намудааст, гуфт:
- Ҳайрон нашав, дӯстам, ин ҳамон деҳаест, ки устод Мирсаид Миршакар дар борааш достон навишта буд. Ёд дорӣ?
- «Қишлоқи тиллоӣ» — ҳозирҷавобӣ кардам ман.
- Оре, деҳаи мо ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба ин ҳад тағйири симо кардааст. Дар ободонии диёр хидмати соҳибкори боистеъдод, ватандӯсту миллатпарвар акаи Муҳиб Бобоҷонов ҳамроҳи фарзандонаш ниҳоят калон аст.
- Агар дар бораи корҳои анҷомдодаи соҳибкор Муҳиб бо фарзандонаш гап занам, соатҳо лозим меояд, — суханашро идома медиҳад муаллим. — Бояд гӯям, ки онҳо на танҳо дар деҳаи Поҷеи Поён, балки дар дигар мавзеъҳо низ ба корҳои ободониву созандагӣ даст задаанд. Масалан, мумфарш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 1 миллиону 520 ҳазор сомонӣ, кашидани хати баландшиддати барқ ба масофаи 3,5 километр бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 171 ҳазор сомонӣ, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи 323 ҳазор сомонӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 95 ҳазор сомонӣ, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва ғайра. Ин рӯйхат давом дорад. Кашидани хати оби нӯшокӣ тавассути қубури қутраш 50 миллиметра ба масофаи 10 километр ба маблағи 333 ҳазор сомонӣ, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Кишинбоғ бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни деҳоти «Оби Меҳнат» ба маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 950 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани роҳи байналмилалӣ дар ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 2 миллиону 375 ҳазор сомонӣ, инчунин, мумфарш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар якунимсол ба анҷом расондаанд.
Дар деҳа ҳавлиҳои сокинон ба хишти сементӣ (семблок) ва тунука девор гирифта шудаанд. Симои биноҳои муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ низ хеле зебову дилкаш шудаанд. Чойхона — фароғатгоҳи деҳа таъмир шудаву ба тарзи замонавӣ ороста гардидааст. Хулоса, маълум аст, ки ба тозагӣ биноҳои ҷамъиятӣ ва давлатии деҳа таъмиру тармим карда шудаанд.
- Муҳиб Бобоҷонов сокинони деҳаро дар чойхона — фароғатгоҳ ҷамъ карда гуфт, ки барои ҳар кадоматон хишту тунука, семент ва дигар масолеҳи бинокориро харида медиҳам, — суханашро идома медиҳад Сайҷаъфар Соибов. — Шумо ҳавлиҳоятонро ба тартиб дароред, то зодгоҳамон ба як деҳаи намунавӣ табдил ёбад.
Сокинони деҳа бо ҳидоят ва дастгирии молиявии ин марди хайрхоҳ корҳои зиёдро анҷом доданд. Имрӯз ҳар як сокини он бо зодгоҳи хеш ифтихор менамояд. Агар шабҳангом ба Поҷеи Поён биёед, ба назар чунин мерасад, ки ба яке аз кӯчаҳои шаҳр ворид шудаед. Кӯчаҳо чароғонанд ва мардум пайи кор равуо доранд.
Ба вай мақсади омаданамро гуфтам. Ҳеҷ мушкилӣ надорад, — гуфт Сайҷаъфар. — Раҳимҷон ҳозир ба дафтари корие, ки дар маркази деҳа бунёд кардааст, ворид шуд. Мошинашро дидам. Ҳамроҳатон меравам.
- Магар Раҳимҷон дар деҳа дафтари корӣ дорад? — бо тааҷҷуб суол кард Худододи Зайниддин.
- Бале, — гуфт муаллим, — ба деҳа биёяд, орому қарор надорад. Дар дафтари кориаш садҳо корафтодаро қабул мекунад, ба онҳо ёрӣ мерасонад. Акаи Муҳиб бошад, хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ду гектар боғи бунёднамудааш ҳосили хуб ба бор овардааст.
Мо ба даромадгоҳи дафтари кории Бобоҷоновҳо расидем. Дар назди дарвоза одамони зиёд истодаанд, ки аз дуру наздик омадаанд.
- Муҳиб Бобоҷонов ҳамроҳи фарзандонаш ҳар сол ба садҳо оилаи бекасу маъюб ва камбизоат ёрии пуливу молӣ мерасонад, — аз нигоҳи мо рамуз мегирад муаллим Соибов. — Шукр, ки то ба ҳол аз деҳа нафаре ноумед берун нарафтааст.
Раҳимҷон бо чеҳраи хандон моро пешвоз мегирад. Худро муаррифӣ менамоем ва соате ҳамроҳ суҳбат мекунем. Ҷавони ҳалиму ботамкин хоксорона ба саволҳоямон ҷавоб мегӯяд. Сурати зебо, сабру таҳаммул ва оромии ҷавон гувоҳи он аст, ки ӯ дар хонадони бомаърифат ба воя расидааст.
Аз дафтари кории ӯ берун омадем. Мурғи хаёл маро то ба дуриҳо бурд. Бо акаи Муҳиб аз даврони шӯравӣ ошноӣ доштам. Ӯ он замон аз мардони номдор буд: покизарӯзгор, бонангу номус ва заҳматкаш… Шунида будам, ки падараш Бобоҷон Сараев дар қатори садҳо тан аз ҷавонони далери тоҷик дар ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941 — 1945 иштирок ва дар майдони набард ҷоми шаҳодат нӯш кардааст. Ҳамсари сиёҳбахташ Давлатмоҳ се тифли ятимро тарбия карда, ба воя расондааст. Модар дар саҳро кор карда, фарзандонашро хононду соҳибкасб намуд. Муҳиб фарзанди хурдӣ буд. Ба хондан шавқу рағбати зиёд дошт. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаби миёна роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифт. Ӯ касби зоотехникиро интихоб кард ва ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд. Ин соли 1970 буд.
Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт ва дар хоҷагии давлатии ба номи Максим Горкий ҳамчун сарзоотехник фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд. Солҳои ҳафтодум колхозҳои пешинро барҳам доданду ба ҷояшон совхоз ташкил карданд. Хоҷагии Максим Горкий низ дар канор намонд. Хоҷагиҳои мазкур он солҳо ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд.
Соли 1991 Муҳиб Бобоҷонов директори совхози Сорбоғи дараи Камароб таъин шуд. Ин хоҷагии давлатӣ яке аз хоҷагиҳои ақибмонда буд. Директори нав шабу рӯз миёни мардум кор мекард. Бо маслиҳати вай корро бо усули тоза ба роҳ монданд. Хоҷагӣ оҳиста-оҳиста пешқадам шуд ва мардум ба раис бо назари нек нигоҳ мекардагӣ шуданд…
Даврони дигар омад. Тоҷикистони азиз соҳиби истиқлолият гардид. Шаклҳои нави хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи қонунҳои замони бозорӣ ташкил шуданд ва марди деҳқон соҳиби аслии замин гардид. Пайдоиши нахустин хоҷагиҳои деҳқонӣ дар навоҳӣ аз ин дарак медод. Дар ин давра М. Бобоҷонов ҶДММ «Исфандиёр» — ро таъсис дод ва ду гектар боғи нави нок бунёд намуд .
Ҳоло Муҳиб Бобоҷонов яке аз шахсиятҳои саховатпеша, ватандӯст ва соҳибкори муваффақ ба ҳисоб меравад, ки бо амалҳои неку созанда дар байни мардум мақоми хосаро соҳиб гардидааст.
- Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов фаъолияти хайрхоҳонаашро на танҳо дар ноҳияҳои водии Рашт, балки дар дигар гӯшаву канори кишвар низ амалӣ менамояд, — гуфт дар суҳбат муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода. — Барои тасдиқи ин маънӣ таъмири болопӯши бинои хона-интернати шаҳри Ҳисор ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, харидории 600 ҷуфт пойафзол ва ҷӯроб барои беморони беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ, 30 ҷуфт болопӯш ба маблағи 7500 сомонӣ барои беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, хатнасури 180 нафар кӯдаки ятиму оилаҳои камбизоати маҳаллаи 104 — уми шаҳри Душанбе ва таъмини онҳоро бо сарулибос, метавон мисол овард. Муҳиб Бобоҷонов барои хонандагони мактаб — интернат барои кӯдакони ятими шаҳраки Навобод низ 95 ҷуфт либоси гарм туҳфа намудааст.
Муҳиб Бобоҷонов аз он ифтихор мекунад, ки дар ҳаёт тавонистааст ба халқи хеш содиқона хизмат намояд. Фарзандони ӯ Раҳимҷон, Бегиҷон ва Шараф ба пайроҳаи падар қадам гузошта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Федератсияи Россия низ ба корҳои хайр ва дастгирии мардуми муҳтоҷ машғуланд.
Акаи Муҳиб аз он шукрона мекунад, ки ба туфайли тарбияи фарзандони баору номус ӯ метавонад дар даврони пирӣ низ ба миллату кишвар хизмат намояд ва дар ободонии кишвар саҳм гузорад.
Хонандагони рӯзнома огоҳӣ доранд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Раштонзамин сафари корӣ намуданд. Сафар ба он рӯзҳое рост омад, ки акаи Муҳиб мумфарш намудани қисмати дуюми роҳи Навобод — Ғармро ба анҷом расонид. Сарвари давлат дар кушодани роҳ ширкат варзиданд ва аз корҳои анҷомдодаи Муҳиб Бобоҷонов зимни вохӯрӣ бо сокинон (27 июни соли равон) дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Ғарм миннатдорона ёдовар шуданд.
- Аз шунидани суханҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт Муҳиб Бобоҷонов, — масъулиятам зиёдтар шуд. Кӯшиш мекунам, ки манфиатам бештар ба мардум бирасад. Баъди машварат бо фарзандонам, ният кардам, ки қисмати таъмирталаби шоҳроҳи Душанбе — Лахш (дар ҳудуди ноҳияи Нуробод) ва роҳи мошингарди деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода (аз даромадгоҳи дараи Камароб то маркази деҳот)- ро мумфарш кунам.
Он лаҳза, ки мехостам ба мақола хотима бахшам, аз Душанбе хабар расид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори муваффақ Муҳиб Бобоҷонов бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»