Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» чун анъана дар Рӯзи кинои тоҷик — 16-уми октябр оғоз гардид ва то 20 октябр дар «Хонаи кино» (кинотеатри «Зебуннисо»)-и шаҳри Душанбе идома ёфта, ба бузургдошти режиссёри барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад.
Дар он филмҳои коргардонҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус, Литва, Украина, Эстония, Гурҷистон, Федератсияи Россия, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ба намоиш гузошта мешаванд. Дар маҷмӯъ, беш аз 60 филми ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад, ки аз он 20- тоаш аз синамогарони тоҷик мебошанд.
Бино ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, 80 дарсади филмҳои интихобшуда ба киносозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доранд. — Ҳамчунин, байни режиссёрҳои ҷавони Тоҷикистон сабқати алоҳида таъсис дода, дар охири синамобазм барои киносозони ҷавон баргузории суҳбати гирди мизро дар назар дорем, — афзуд номбурда.
Вижагии дигари синамобазми имсола он аст, ки ҳар рӯз дар толори нави «Хонаи кино» вохӯрӣ бо режиссёрон — иштирокчиёни Кинофестивали 8-уми байналмилалии «Дидор» сурат мегирад.
Баррасӣ ва баҳогузории филмҳо дар ду бахш – байналмилалӣ ва миллӣ баргузор шуда, озмуни байналмилалиро доварон дар ҳайати Питер Скарлет (ИМА), Диана Ашимова (Қазоқистон) ва Дениель Цюст (Шветсария) баҳогузорӣ мекунанд.
Ба ҳайати ҳакамони «Озмуни филмҳои миллӣ» рассом — таҳиягар Манзура Ӯлҷабоева (Тоҷикистон), Ҳасан Қарибӣ (Эрон), Бахтиёр Қаҳҳоров (Тоҷикистон) шомиланд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз меҳмонони фахрии «Дидор»-и имсола режиссёри шинохтаи тоҷик (алъон муқими шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус), Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Қосимова мебошад.
Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»