Маргарита Қосимова — меҳмони ифтихории «Дидор»

№127 (3921) 20.10.2018

Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» чун анъана дар Рӯзи кинои тоҷик — 16-уми октябр оғоз гардид ва то 20 октябр дар «Хонаи кино» (кинотеатри «Зебуннисо»)-и шаҳри Душанбе идома ёфта, ба бузургдошти режиссёри барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад.

Дар он филмҳои коргардонҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус, Литва, Украина, Эстония, Гурҷис­тон, Федератсияи Россия, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ба намоиш гузошта мешаванд. Дар маҷмӯъ, беш  аз 60 филми ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ ба тамошобинон пешкаш мегардад, ки аз он 20- тоаш аз синамогарони тоҷик мебошанд.

Бино ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, 80 дарсади филмҳои интихобшуда ба киносозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доранд. — Ҳамчунин, байни режиссёрҳои ҷавони Тоҷикистон сабқати алоҳида таъсис дода, дар охири синамобазм барои киносозони ҷавон  баргузории суҳбати гирди мизро дар назар дорем, — афзуд номбурда.

Вижагии дигари синамобазми имсола он аст, ки ҳар рӯз дар толори нави «Хонаи кино» вохӯрӣ бо режиссёрон — иштирокчиёни Кинофестивали 8-уми байналмилалии «Дидор» сурат мегирад.

Баррасӣ ва баҳогузории филмҳо дар ду бахш – байналмилалӣ ва миллӣ  баргузор шуда, озмуни байналмилалиро доварон дар ҳайати Питер Скарлет (ИМА), Диана Ашимова (Қазоқистон) ва Дениель Цюст (Шветсария) баҳогузорӣ мекунанд.

Ба ҳайати ҳакамони «Озмуни филмҳои миллӣ» рассом — таҳиягар Манзура Ӯлҷабоева (Тоҷикис­тон), Ҳасан Қарибӣ (Эрон), Бахтиёр Қаҳҳоров (Тоҷикистон) шомиланд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз меҳмонони фахрии «Дидор»-и имсола режиссёри шинохтаи тоҷик (алъон муқими шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус), Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Қосимова мебошад.

Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»