Ҷӯрабек Муродов мактаби бузурги устодон Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Б. Файзуллоев, Домулло Ҳалим Ибодов, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Левӣ Бобохонов (Левича), Содирхон Бобошарифов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиевро поянда нигоҳ доштааст. Муҳим он аст, ки ин ганҷи тиллоии миллат аз ҷониби номбурда такмил дода шуда, бо оҳангҳои малакутӣ, бо ниёиш ва садои дилнишин қалби ҳазорон сомеъро лабрези шодиву сурур намудааст.
Лаҳни дилчаспу ширину гуворое, ки Худованд ба қаҳрамони мо арзонӣ доштааст, на ба ҳар кас насиб мегардад.
Далелҳо шоҳиди ҳоланд, ки маъруфтарин мутрибони замони салтанати Хусрави Парвиз – Саркаш, Роматин, Накисо ва Борбад гули сари сабади базмҳои ашрофона ва мардумӣ ба шумор мерафтанд. Ҷойгоҳи онҳо ҳамеша тахти баланди тиллоии ромишгарӣ буд. Маҳз оҳангҳои онҳо дар мавзӯъҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ирфонӣ хазинаи «Шашмақом»-ро ғанӣ гардонданд.
Дар солҳои шӯравӣ дар даҳаҳои адабиёт ва санъат, маҳфилҳои бузурги дохил ва хориҷ Ҷӯрабек Муродов яке аз мубаллиғони санъати Тоҷикистон буд. Арабистон, Исроил, Испания, Италия, Фаронсаву Олмон, Япония, Хитой, Амрико, Африқо, Муғулистон, Афғонистон номгӯйи нопурраи кишварҳое мебошад, ки ин сарояндаи номдор сафарҳои ҳунарӣ карда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, арманӣ, туркманӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, покистонӣ, ҷопонӣ суруд хондааст. Сурудҳои ватандӯстонаю инсонпарваронаи ӯ, аз ҷумла, «Тоҷикам ман, тоҷикам ман, тоҷикам», «Тоҷикистон кишвари ман, модари ман, модари ҷонпарвари ман…», «Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун…», «Чу дар даст аст рӯде хуш, бизан мутриб суруде хуш» ва ғайра то ба ҳол дар гӯшҳо садо медиҳанд.
Дар интихоби матн номбурда хеле дақиқкор буд. Тамоми матнҳо аз ашъори суханварони гузаштаву муосир, аз ҷумла, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Гулназар ва дигарон интихоб шудаанд. Бо дарки масъулият метавон гуфт: шеъре, ки маъниҳои бикрро ифода накардаву дар мавзӯъҳои ахлоқи поку ҳамидаи инсонӣ, меҳру садоқат ба халқу диёр, дӯстию арҷгузорӣ ба миллату фарҳанги ниёгон офарида нашудааст, барои ин ҳунарманд қобили қабул нест.
Вай бо он овозхонҳои «навбаромад», ки «шеъри худам, суруди худам, оҳанги худам»-ро шиори фаъолияти ҳунариашон қарор додаанд, оштинопазир аст. Мавсуф дар пояи дониш, таҷрибаю истеъдоди бузурги андӯхтааш ҳамеша се унсури калом, овози хуш ва оҳанги муносибро бомаҳорат истифода менамояд, мисли Рӯдакӣ, Борбад, Содирхону Ҳоҷӣ Абдулазизу дигар устодони сурудҳои классикӣ, ки дар замони худ ба ҳамин тарз интихоб кардаву сурудаанд.
«Ба назди хоксорон хоки роҳам», — мегӯяд Ҷӯрабек Муродов. Оре, хоксорӣ, инсондӯстӣ аз волотарин хислатҳои ӯ ба шумор мераванд. Омӯхтан ва аз бар кардани суруду таронаҳояш, бахусус, дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки сатҳи ахлоқии аксар ҷавонон костааст, хеле зарур мебошад. Худшиносии миллӣ, шукру сипоси Ватан дар мағз андар мағзи ӯ реша давондааст. Дар сурудҳои «Ушшоқи Рӯдакӣ», «Ушшоқи Ҳофиз», «Ушшоқи Ҷӯрабек», «Шукрона», «Хеш маёзор», «Соҳибдилон», «Бовар макун», «Ҳайфу дареғи одамӣ», «Маънии ҳаёт», «Силсиламӯ», «Синафигорам», «Се зарби Ҷӯрабек», «Андеша кун» ва «Каъбаи дил» ин маъниҳо нуҳуфтаанд.
Дар бораи ин ахтари пурҷилои осмони мусиқӣ олимону пажӯҳишгарон китобҳои ҷолиб чоп намудаанд, ки номгӯи зиёди онҳо дар хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд. «Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов» (нашриёти «Ирфон»), «Ихлос ва сипос» (нашриёти «Матбуот»), «Ҷӯрабек Муродов» (нашриёти «Нури маърифат»), «Воломақом» (нашриёти «Истеъдод») аз ҳамин ҷумла аст. Дар маҷмӯъ, фаъолияти Ҷӯрабек Муродов қобусномаи комили соҳаи мусиқист, ки онро метавон ҷилд — ҷилд нашр намуд.
- Ман барои халқи азизам суруд меофарам, оҳанг эҷод мекунам, — мегӯяд ӯ. Яке аз таронаҳояш, бар матни устод Лоиқ, мароми зиндагии ӯро тараннум мекунад:
Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам,
Маро дарё нахоҳад бурд, то дарёи дил дорам.
Зи баднафсию пурхорӣ басо савдогарон мурданд,
Зи ҳар савдо намемирам, то савдои дил дорам.
Азизмурод ШАРИФОВ,
корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон