Маросими ҷоизасупории ғолибон дар Душанбе

№ 12.04.2025

9 -уми апрели соли 2025 дар  Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ мебошад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи ҳафт номинатсия: «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе»,  «Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Speeling Bee», Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот», «Ғолибони даври шаҳрии Олимпиадаи даставӣ барои синфҳои 9-10», «Ғолибони Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ғолибон муаян шуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз 855 нафар ғолиби даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 209 нафар хонандаи синфи 11-ум, 231 нафар ғолиби олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10-ум, 218 хонандаи синфҳои 7-8-ум, 12 ғолиби олимпиадаи «Speeling Bee» ва 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ)  олимпиадаҳо роҳ ёфтанд.

 Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»