Марвориди кинои тоҷик

№129 (4549) 19.10.2022

Ҳамдиёри мо Маргарита Қосимова аввалин зан — таҳиягари кино аз Осиёи Марказӣ аст

Маргарита Касымова minsknews.byЗанҳои боиффати тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ ҳамеша пешсаф буданду дар баробари мардон дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоштанд. Соҳаеро намедонем, ки бонувони мо дар радифи мардон қадам нагузошта бошанд.

Дар санъати кинои тоҷик бонувони эҷодкор хизматҳои фаромӯшношуданӣ ба анҷом расонидаанд. Хусусан, ҳамчун таҳиягари кино дар офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ.

Ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва асарҳои тадқиқотӣ оид ба кинои тоҷик, инчунин бастаҳои маҷалла, варақаҳои шахсӣ ва рӯзномаҳои давриро аз назар гузаронидем. Рӯйхати занҳо — таҳиягари кино бо чунин тарз тартиб ёфт. Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова фаъолияти кориаш дар киностудияи «Тоҷикфилм» солҳои 1962-1992, Елизавета Бенсионовна Кимёгарова солҳои 1968- 1991, Гуландом Салоҳовна Муҳаббатова солҳои 1972- 2010, Майрам Шамсуллоевна Юсупова солҳои 1972-1993, Ҳалима Носировна Ҳасанова солҳои 1989-1990, Муҳаббат Сатторӣ аз соли 2007 инҷониб, Шарофат Арабова ва Аниса Собирӣ  солҳои охир ҳамчун таҳиягари кино муаррифӣ шудаанд.

Аз номҳои тартибдодаи бонувони эҷодкори кинои тоҷик хулоса кард, ки аввалин зан- кинорежиссёр аз Осиёи Миёна, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова мебошад. Ин бону 10 апрели соли 1938 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, орзу дошт, ки  шарқшинос шавад. Аз ин рӯ, ба шаҳри Москва ба Университети давлатии ба номи М. В. Ломоносов рафта, ҳуҷҷат супориданӣ буд. Довталабон хеле зиёд буда, ба як ҷой 60 нафар ҳуҷҷат супорида буданд. Яке аз устодон, масъули кори комиссияи қабули ҳуҷҷатҳо духтараки нозукандом ва зебои тоҷикро дида гуфт:

- Духтарам, он ҳусну  латофат ва зебоие, ки дорӣ, бояд актриса шавӣ.

Маргарита баъд аз он суханҳо ҳуҷҷатҳояшро ба факултети режиссёрии Институти давлатии  умумииттифоқии кинематографияи Москва – маъруф бо номи ВГИК супорида, солҳои 1957-1962 дар он боргоҳи ҳунар сабақ омӯхт. Ба тоҷикдухтари баҷасорат муяссар шуд, ки дар гурӯҳи маҳорати режиссёри машҳури советӣ, профессор Александр Петрович Довженко нозукиҳои касби режисураро омӯзад. Ҳамкурсони давраи донишҷӯияш Отар Иоселиани, Лариса Шепитко, Георгий Шенгелая, Виктор Туров, Гунар Писсис баъдтар режиссёрҳои маъруфи кино шуданд.

Маргарита дар хобгоҳи донишҷӯён бо ҳамкурсонаш Лидия Федосеева – Шукшина, Лариса Шепитко ва Людмила Гурченко дӯсти қарин шуданд.

Маргарита Наимовна Қосимова солҳои донишҷӯиро ба хотир оварда гуфт:

-  Устодам Александр Пет­рович ба ҳар як шогирдаш нигариста, фикру андешаҳояшро ошкоро баён мекард. Масалан, ба ман нигариста гуфта буд:

- Агар аз ин духтари зебо режиссёри хуб набарояд, аниқ мегӯям, ки барандаи барномаҳои хуби телевизионӣ мешавад.

Артисти халқии ИҶШС Сергей Герасимов «Ин духтараки зебо симои актёрӣ дорад, дар курси режиссёрӣ чӣ кор мекунад. Ӯ бояд дар факултети актёрӣ хонад. Аз ӯ актрисаи хуб мебарояд» — гуфта буд.

Баъд аз баҳои ду нобиғаи кинои ҷаҳонӣ ман ҳам барандаи барномаҳои телевизионӣ шудаму ҳам дар санъати актёрӣ ҳунарамро санҷидам. Манзури ман ин филми бадеии телевизионии «Хати парвоз»-и Т. Собиров (соли 1970) мебошад, ки дар он филм нақши барандаи телевизионро иҷро кардаам ва аз маросими Озмуни ҷумҳуриявии заргарон гузориши мустақим пахш кардаам.

Ҳангоми таҳсил дар курси сеюми донишкада ҳамчун режиссёри кино аввалин даст­ранҷи мустақилонаро (соли 1959) таҳия намуд. Он филми ҳуҷҷатӣ «Дар қалби яхистони Помир» ном дошт.

Баъд аз хатми донишкада соли 1962 ба киностудияи «Тоҷикфилм», фиристода шуд. Он вақт таҳиягари навкор Тоҳир Собиров аз рӯи дархости роҳбарияти киностудияи «Турк­манфилм» ба шаҳри Ашқобод даъват шуд, то ки филми бадеии «Шоҳсанам ва Ғариб»- ро ба навор гирад. Тоҳир Собиров ӯро ба гурӯҳаш даъват кард. Ин таҷрибаомӯзии нахустини режиссёри оянда Қосимова ба сифати режиссёри дуюм дар офаридани филмҳои ҳунарӣ гардид.

Солҳои 1964 — 1965 дар киногурӯҳҳои «Замони осоишта» ва «Ҳасани аробакаш» ҳамроҳи Борис Кимёгаров режиссёри дуюм буд. Рӯзе Кимёгаров ба Тоҳир Собиров рӯ оварда гуфт:

- Ин духтараки зебо дар гурӯҳи мо чӣ кор мекунад?

Пас ба Қосимова рӯ оварда:

- Бо ин ҳусну малоҳате, ки дорӣ, дар саҳнаи театр ё телевизион ҳунаратро нишон деҳ…

Вале азми духтари якрави тоҷик қатъӣ буд, ки режиссёри кино мешавад. Мехост, ки мус­тақилона филми бадеӣ эҷод кунад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми дар курси чоруми ВГИК таҳсил карданаш таҳия ва наворбардории филми бадеии кӯтоҳметраи «Сабина»-ро (муаллифи сенария Ю. Рожков, оператор В. Белокопитов рассом Г. Мирзохонов, соли 1961) ба уҳдааш гузоштанд.

Филм аз ҷониби мунаққидони кино ва мутахассисони соҳа он қадар хуш пазируфта нашуд. Аз ин рӯ, то соли 1967 ба Маргарита Қосимова имконият надоданд, ки филми бадеӣ ба навор гирад. Вале Маргарита бо муносибати роҳбарияти  киностудияи онвақта розӣ шуда наметавонист.

- Боре роҳбари онвақтаи Комитети давлатии ИҶШС оид ба кинематография Алексей Романов ба шаҳри Душанбе сафари корӣ дошт ва бо аҳли эҷодии киностудияи «Тоҷикфилм» вохӯрд. Ман суханронӣ карда, минҷумла гуфтам:

Ман, режиссёр Маргарита Қосимова, шогирди Александр Петрович Довженко. Агар имконият бошад, маро ба Москва ба кор гиред. Дар ин ҷо ба ман имкон намедиҳанд, ки кору эҷод кунам, филмҳои бадеӣ офарам…

Номбурда дар ҳайрат монда гуфт:

- Чаро зани тоҷик, кинорежиссёрро дастгирӣ намекунед?

- Пас ба ман  нигариста гуфт:

- Агар дар муддати ду ҳафта ба ту таҳияи ягон филми бадеиро  надиҳанд, ба қабулгоҳи ман занг зада, гӯед, ки ман Қосимова аз Душанбе…

Султон Мирзошоевро, ки соли 1967 нав раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография таъин карданд, таҳиягари ҷавон Қосимоваро наздаш даъват карда гуфт:

- Наздам медаромадед, ин корро дар шаҳри Душанбе ҳам ҳал мекардем…

Ҳамин тавр, Маргарита Наимовна аввалин филми  бадеии «Тобистони соли 1943»- ро (сенарияи А. Тимофеевский дар ҳамкорӣ бо О. Осетинский аз рӯи повести «Тобистон»-и П. Толис) соли 1967 таҳия намуд.

Минбаъд, роҳи бонуи ҳунарманди кино барои эҷоди филмҳои бадеӣ боз гардид. Тадриҷан, филмҳои бадеӣ ва телевизионии «Ҷӯра саркор» (соли 1969), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (соли 1971), «Чор нафар аз Чорсанг» (соли 1972), филми бадеии телевизионӣ, «Бофандаҳо» (соли 1974), филми бадеии телевизионӣ) «Буд-набуд дар синфи якум буд» (соли 1977), «Хушбахтӣ дар паҳлуят» (соли 1978), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982), «Торҳои муҳаббат» (соли 1983), «Чашмаи гӯё» (соли 1985), «Изи динозавр куҷо мебарад» (соли 1988), «Марди мутааллиқи ду зан» (соли 1991), «Муҳаббат баъди сад сол» (соли 1992) ва чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ, киножурнали «Тоҷикистони советӣ» ва киномаҷаллаи ҳаҷвӣ –танқидии «Калтак»- ро таҳия кардааст.

Маргарита Қосимова, инчунин, 30 филми ҳуҷҷатиро низ ба навор гирифтааст. Номгӯи чанде аз онҳо: Филми ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом» (соли 1971, дар бораи бетонрез, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ғ. Арзиқулов), «Ба роҳи охират» (кинорепортаж аз маросими видоъ бо устод Мирзо Тусунзода дар Театри давлатии  опера ва балети Тоҷикистон, соли 1977), «Умре дар роҳ» («Дорога длиною в жизнь») соли 1979, дар бораи Маҳмудҷон Воҳидов), «Абӯалӣ ибни Сино» (соли 1980), «Суруди кӯҳсор» (соли 1980, аз эҷодиёти Ансамбли рақсии «Зебо»), «Саҳифаҳо аз албоми кӯҳан» (соли 1983), «Сарчашмаҳо» (соли 1984), «Кишвари азизи ман» (соли 1984), «Заминҷунбӣ» (аз ҳодисаи даҳшатангези зилзилаи деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, 23 январи соли 1989), «Фиғон» (соли 1988), «Роҳи сафед» (соли 1989) ва ғайраҳо.

Қаҳрамони матлаб майдончаи наворгирии филмҳоро ҳамеша дар минтақаҳои мушкили кӯҳистон, водиву биёбонҳо интихоб мекард.

Масалан, ҳангоми наворбардории филми бадеии «Роҳҳо гуногун мешаванд» (соли 1971) аз  автобазаи  мошинҳое, ки ба навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бор мекашанд, чор  мошин ҷудо карданд. Ронандаҳо ҳангоми наворбардорӣ ағбаи  Хобу Руботро тай карда, то маркази ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) киногурӯҳро ҳамроҳӣ карданд. Азбаски он солҳо дар роҳи Душанбе — Хоруғ ошхона ва меҳмонхона набуд. Ҷои хоб дар хаймаҳо ё дар болои мошинҳо буд.

Вақте ки филми бадеии «Хушбахтӣ паҳлуят»- ро соли 1978 дар ҷои сохтмони НБО «Норак» ба навор бардоштанд, мебоист рафти сохтмон, бетонрезӣ ва васлгариро дар тунел ба навор гирад. Ҳамчунин, сарбанди  неругоҳро низ. Вале сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Юрий Константинович иҷозат надод, ки сарбанд ва дохили тунелро ба навор гиранд. Таҳиягари филм М. Қосимова назди роҳбарони ҳизбии шаҳри Норак ва  сохтмони неругоҳ даромада,  розигии онҳоро гирифт.

Мавсуф дар филмҳо беҳтарин актёрҳои тоҷикро  ҷалб намуда, ба онҳо имконият додааст, ки ҳунару маҳораташонро васеъ истифода баранд. Масалан, Артисткаи халқии ИҶШС Туҳфа Фозилова охирин маротиба дар филми ҳунарии «Оромӣ намешавад»-и режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1963 се лаҳзаи эпизодӣ — Туҳфахонро бозӣ  кард ва дигар касе аз  таҳиягарон ин бонуи боистеъдодро барои иҷрои нақшҳо дар кино даъват накарданд. Маргарита Наимовна дар ду филми аввалаш хост, ки ин ситораи санъати театру киноро ба кори кино ҷалб намояд, аммо нақшаҳо бо ҳамдигар мувофиқ намеомад…

Ниҳоят, вақте ки Маргарита Наимовна соли 1982 ба таҳияи филми бадеии «Имрӯз ва ҳама рӯз» шурӯъ намуд, пеш аз ҳама бо Туҳфа Фозилова вохӯрда, ӯро барои иҷрои нақши Ҳоҷинисо даъват намуд. Филми нав аз рӯи сенарияи С. Саидмуродов ва Ю. Каплунов ба навор бардошта шуд ва он ба таърихи ташкилшавии аввалин театри тоҷик ва аввалин актрисазани тоҷик  бахшида шудааст. Устоди саҳнаи тоҷик Туҳфа Фозилова баъди қариб 20 сол аз нав ҳунарашро дар санъати кино нишон дод.

Як иқдоми дигаре ки Маргарита Қосимова дар филми наваш амалӣ намуд, ҷалби бонувони ҳунарпеша, ветеранҳои театру кинои тоҷик буд. Инҳо Туҳфа Фозилова, сарояндаи маъруфи опера Мулук Асадуллозода Баҳор, Мушаррафа Қосимова, Маҳбуба Холиқова, Оиша Ҳаётова, Тӯтӣ Ғаффорова мебошанд, ки якҷо дар филми ҳунарии «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982) нақшҳои кӯтоҳ, вале хотирмон офариданд.

Филми бадеии «Имрӯз ва ҳама рӯз»-и режиссёр Маргарита Қосимова соли 1989 дар Кинофестивали байналмилалии Сан-Франсиско (ИМА), ки таҳти шиори «Занҳо-ходимони кино» гузашт, соҳиби Ҷоизаи  асосӣ — «Барои беҳтарин филми драматикӣ» гардид.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон  Маҳмудҷон Воҳидов соли 1977 аз дунё гузашт. Аз вафоташ се сол сипарӣ шуд, аммо касе аз ҳуҷҷатнигорони кино ӯро ба хотир наоварданд. Маводи  дар дастдошта ва кам боқимондаро пайдо карда, худаш сенарияи филми ҳуҷҷатии «Умре дар роҳ» («Дорога длиною в жизнь»)-ро навишт ва ҳамчун  таҳиягар соли 1979 онро ба  лентаи кино бардошт.

Бо шарофати ин бонуи таҳиягар мо то ҳанӯз рақсҳои  дилошӯби Ансамбли рақсии «Зебо»- ро тамошо  мекунем ва ҳаловат мебарем. Бахусус, рақси машҳури «Эй санам» ҳангоми ба наворбардории филми ҳуҷҷатии «Суруди кӯҳсор» (ё худ «Зебо») соли 1980 аз диди нави таҳиягарӣ эҷод шудааст ва хеле  маълуму машҳур гардида буд. Аз офаридани филми ҳуҷҷатии «Суруди кӯҳсор» зиёда аз 40 сол гузашт, аммо чун тамошо мекунем, раққосаҳои ансамбл Гулнора Ӯлмасова, Саида Файзалиева, Наталя Потехина, Лола Кенҷаева, Савригул Қурбонова ва дигарон ҷавону зебову дилрабоянд.

Солҳои охири эҷодиёти Маргарита Қосимова хеле пурсамар ва аз ҷиҳати мавзӯъ гуногунранг гашт. Ӯ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз филм­ҳои бадеии «Хушбахтӣ дар паҳлуят» (соли 1978), «Имрӯз ва ҳама рӯз» (соли 1982), «Чашмаи гӯё» (соли 1985), «Марди мутааллиқ ба ду зан» (соли 1991)-ро  офарид, ки ҷанбаи миллиашон барҷаста аст. Беҳтарин ҳунарпешаҳои теат­ру кино  Гурминҷ Завқибеков, Тӯтӣ Ғаффорова, Қиматшоҳ Имматшоев, Маҳмуд Тоҳирӣ, Ҳошим Гадоев, Гулсара Абдуллоева, Ато Муҳаммадҷонов, Мушаррафа Қосимова, Гулсара Абдуллоева, Исфандиёр Ғуломов, Маҳмадалӣ Маҳмадов, Ҳошим Раҳимов, Соро Сабзалиева, Тоҷинисо Саидова, Маҳмадсаид Пиров, Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ва дигарон ба наворбардории филмҳояш ҷалб шудаанд.

Дар жанри филмҳои ҳуҷҷатӣ низ асарҳои дар мавзӯи рӯз офарида буд, ки хеле муассир ва ҷолибанд. Масалан, филми ҳуҷҷатӣ «Заминҷунбӣ» (соли 1989), ки ба зилзилаи даҳшатноку фоҷиабори деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, (23 январи соли 1989) рух дод, бахшида шудааст. Таҳиягар дар филмаш ­масъала мегузорад, ки аз ин фоҷиа як сол гузашт. Барои бартарафсозии оқибатҳои он чӣ чораҳо андешидаанд. Ё ки дар филми ҳуҷҷатии «Фиғон» (муаллифи сенария ва режиссёр М. Қосимова, соли 1988) ба ҳаёти кӯдакону наврасон, ки дар  пахтазорҳо ба чидани «тиллои сафед» машғуланду саломатӣ ва ояндаи номаълумашонро аз даст медиҳанд, бонги изтироб мезанад.

Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон аввалин режиссёрзани тоҷик Маргарита Қосимова нақшаҳои нав оид ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ дар дил дошт. Аммо ҳаводиси солҳои 90 — ум имкон  надоданд, ки асарҳои боз ҳам ҷолибтару тамошобоб офарад. Ҳамин сабаб гардид ва ӯ соли 1992 барои кору зиндагии минбаъда ба Ҷумҳурии Беларус кӯчид ва фаъолияташро идома дода истодааст.

- Вақте ки дар Тоҷикистони азизи ман ҷангҳои дохилӣ сар шуданд, эҷодкорон аз ҳама бештар ранҷ мекашиданд. Ҳамсабақи айёми донишҷӯиям Виктор Туров аз шаҳри Минск занг зада гуфт:

- Рита, модаратро  гирифта, ба шаҳри Минск, ба назди ман, биё. Як бурда нонро тақсим мекунем. Ман бо модарам соли 1992 барои ҳамешагӣ ба Ҷумҳурии Беларус кӯчидем. Дӯс­тон, ҳамкасбони беларусӣ маро аз рӯзҳои аввал дастгирӣ намуданд. Дар киностудияи «Белорусфилм» филмҳои бадеии «Писар ба ҷои падар» (соли 1995), «Ҷанговари хурдакак» (соли 1998), «Зорка Венера» (соли 2000), «Соблазн» (соли 2006) ва ғайраро ба навор бардоштам.

Дар баробари офаридани  филмҳои бадеӣ чун профессори Академияи санъати Беларус ба шогирдон аз таърихи кинои ҷаҳонӣ ва советӣ дарс мегӯям, аз режиссураи кино дарсу машғулиятҳо мегузаронам,- изҳор дошта буд Маргарита Қосимова.

Баъди 25 соли дур аз Ватан Маргарита Қосимоваро чун  меҳмони фахрӣ ба Кинофестивали VIII байналмилалии «Дидор» (октябри соли 2018) ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Вақте ки стюардесса аз фуруд омадани самолёт дар фурудгоҳи Душанбе ба мусофирон хабар дод, дили Маргарита Қосимова тез — тез задан гирифт. Охир баъди 25 сол ба Ватани аҷдодиаш пой ниҳод…

Вақте ки таассуроти нахус­тинашро аз тамошои шаҳри Душанбе ва вохӯрӣ бо дӯстону ҳампешагонаш пурсидам, бо қаноатмандӣ баён намуд:

- Агар маро аз самолёт бе роҳбалад дар маркази шаҳр мефароварданд, гумон мекардам, ки ман дар хориҷи кишвар ҳастам. Биноҳои зебову баланд­ошёна, кӯчаҳои васеъ, чароғон ва чун ҳарвақта тозаю пур аз гул.

Чун ба дарвозаи киностудияи «Тоҷикфилм» расидам, ашкамро дошта натавонистам. Ёди он солҳо кардам. Ҳамон дарвоза, ҳамон павилонҳои шинос, сехҳо, гараж ва ҳамон бинои маъмурии чаҳорошёна. Вале саҳни киностудия чун солҳои пеш сермеҳмону сертараддуд ба  чашмам нарасид. Кормандон нав, танҳо Баҳриддин Мерганов маро шинохт, вале ман ӯро нашинох­там, аз дарди чашм азият мекашад ва ба назар хеле  солхӯрда менамояд.

Бо актёри «ҷавонам», иҷрокунандаи нақши Ҳасан аз филми бадеии «Тобистони соли 1943»  Мирафзал Миршакаров вохӯрда, хеле шод шудам. Бо Майрам Исоева, Савринисо Сабзалиева ва Исфандиёр Ғуломов дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ суҳбатҳои пазмонӣ ва самимӣ доштам.

Қаҳрамони филми  ҳунарии «Марди мутааллиқи ду зан» Расул – Шавкат Муҳаммадиев бо як гулдастаи зебо дар толори пазироии меҳмонхонаи «Серена» маро интизор буд. Хеле саволу ҷавоб кардем. Вақте ки ӯ дар  филмам нақш меофарид, ҷавон буд. Ҳоло мӯи сараш барф барин сафед шудааст.

Ғолиб Ислом аз шаҳри Москва занг зад ва хеле афсӯс хӯрд, ки дар шаҳри Душанбе нест. Миннатдории хешро барои дастгириҳояш ҳангоми ба навор бардоштани филми бадеии телевизионии «Чор нафар аз Чорсанг» изҳор намуд.

Иҷрокунандаи нақши Маҷнун — Маҳмадсаид Пиров аз  филми ҳунарии «Муҳаббат баъди 100 сол» ба хабаргирии ман омад. Хурсанд шудам, ки ӯ он вақт дар вазифаи масъу­лиятнок — раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Дар сафари кӯтоҳ ба шаҳри Душанбе Маргарита Қосимова ҳам дар барномаҳои Кинофес­тивали VIII байналмилалии «Дидор» фаъол буду ҳам бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ­санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (18 октябри соли 2018) дарси шогирду устодро (мас­тер-класс) гузаронд.

Мо — мухлисон ва ҳаводорони ин бонуи боҷасорат ва миллатдӯст ҳеҷ гоҳ заҳматҳояшро дар тарбияи ҳунарпешаҳои кино ва  инкишофи филмҳои бадеӣ дар Тоҷикистон фаромӯш намекунем. Охир ӯ Марвориди кинои тоҷик аст ва ифтихор  дорем, ки аввалин зан-таҳиягари кино аз Осиёи Марказӣ ҳамдиёри шуҳратманди мо, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Маргарита Қосимова аст.

P.S. Ҳангоми чопи ин  мавод сурати қаҳрамон лозим шуд. Боиси таассуф аст, ки сурати М. Қосимоваро аз байни занони дар китоби «Энсиклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, «ЭР-граф», 2012, 396 саҳ.) ҷойдошта пайдо накардем.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»