Дар бораи ҳамкурс, ҳамкасб ва ҳамкор

Марзбони марзи ҳарфу сухан

№63 (4483) 26.05.2022

DSC_5491Вохӯрию бархӯрди инсонҳо ҳеҷ мумкин нест, ки тасодуфӣ бошанд. Дар ҳар ҳаводисе ҳикмате ниҳон аст, ки то ба ҳанӯз инсон бо ҳама пешравӣ дар илм, қудрати кашфи он розро надорад. Баъд аз кӯшишҳои бебарори дохил шудан ба донишгоҳ ба қароре омадам, ки ба адои қарзи Ватан – Модар равам. Дар комиссариати ҳарбии ноҳия Азим ном прапоршик ҳар қадар ҷусутуҷӯ намуд, ҳуҷҷатҳоямро пайдо накард. Дар ҳайрат афтодам, ки мабодо падарам махсус ин корро карда бошад? Вале акаи Азим, ки лақаби «Фарсун» — аш дода буданд, аз утоқаш баромада, наздаш хонд. Гуфт, ки ҳуҷҷати ту иштибоҳан ба бастаи ҳуҷҷатҳои ҷавонони деҳоти «Фархор» афтодааст. Даъватномаро ба дастам дода, гуфт, ки чор рӯз барои тайёрӣ муҳлат. Аз худсариам падарам ранҷида гуфт, ки «рафта мегардонамат ва дар кӯчаҳо саёқ — саёқ мегардӣ». Изтироби падар аз он буд, ки ба Афғонистони дар гирдоби ҷанг фиристондани аскарону афсарони шӯравӣ шакл мегирифт. Падарамро фиреб додам. Гуфтам, ки монад ба хизмат равам, аздусар ба донишгоҳ дохил шуда натавонистам. Гап — гап аст, ки хизмати ҳарбӣ сесола мешавад. Падар бовар карду дуо дод.

Ҳамин тариқ, баъд аз адои хизмати ҳарбӣ соли 1980 тақдир маро бо як гурӯҳ ҷавонону гулдухтарони дар факултети филологияи тоҷики собиқ Университети давлатии ба номи В. И. Ленин, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо ҳам пайваст. Ҳар кадоме дорои хислату рафтори хос. Яке шӯхмиҷоз, дигаре беқарору серҷоғ. Бемуболиға, Марзия Алиеваи ботамкину камгап ва пурра додашуда ба омӯзиш аз ҳама фарқ мекард. Маълум, ки мо, ҷавонписарон дар қиёс бо духтарон ба шуғлҳои дуюмдараҷа банд гардида, камтар ба омӯзиш машғул мешудем. То ба ҳол, аз он ки дар ҷавонӣ натавонистем аз хазинаи дониши устодони бузург, ки алҳол дар қайди ҳаёт нестанду он ҳама ганҷинаи маънавиро бо худ бурданд, эҳсоси пушаймонӣ дорам.

Дар ҳамон давр ноадолатӣ вуҷуд дошт. Фарзандони соҳибмансаб ва одамони пулдор бо ҳар роҳу восита ба факултети шарқшиносӣ, ба хотири ба хориҷа рафтану соҳиби пулу мошин шудан дохил мешуданд. Мо, бачаҳои коргару деҳқон, нимҳазлу бодардона, факултети азизамонро «Даргоҳи бачаҳои деҳқон» номгузорӣ карда будем. Дар навбати худ, факултети мо аз чанд гурӯҳ иборат буд ва ба қавле, «престижнӣ» — аш гурӯҳи 25 — нафараи журналистика ё ба истилоҳи имрӯза, рӯзноманигорӣ буд. Марзия гурӯҳи забоншиносиро ихтиёр намуд ва сидқан омӯхт.

Бо хатми донишгоҳ ба ҳар сӯ парешон шудем. Ҷанги хонумонсӯзи солҳои 90 — уми асри гузашта бо касофатии як идда манфиатхоҳони динию дунявӣ оғоз гардид. Дар ин ҷанг шарикдарсон — Амриддин Сиёҳаков, Аҳрор Шарипов, Ибодулло Шарифовро аз даст додем. Яке беному нишон ва дуи дигар кушта гардиданд.

Бо амри қисмат соли 2008, баъд аз 20 соли хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 11 сол соҳибкорӣ кор карда, ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омадам. Рӯзи муаррифӣ дар рӯ ба рӯ чеҳраи ошнои занеро ҷониби худ ҳис ва майна об кардам, ки ӯро дар куҷое дидаам. Хулоса, то анҷоми рафти шиносоӣ хеле ба қавле, «чашмаки ман чашмаки ту» намудем. Ниҳоят, ба ҳамсабақ буданамон боварӣ ҳосил шуду шиносоиамонро аз нав «перерегистратсия» кардем. Ба ҳамин монанд, вохӯрии дигаре баъд аз 25 сол бо шарикдарси дигарам Шаҳрия Исҳоқоваи конибодомӣ ғайричашмдошт, сурат гирифт. Ба коре саросема ба утоқи сармуҳаррир даромада, бо ишораи ӯ, ки «аз ин ду зан кадомашро мешиносӣ?» ҷониби ду зан назар афкандам. Шаҳрӣ, ки аллакай маро шинохта буд, ҳолати ногуворамро дида, номамро гирифта, наздам омад ва хоҳарвор ба оғӯш кашид. Магар аз ин саҳна дида, лаҳзаи риққатовари меҳру муҳаббати беандозаи бародарию хоҳарӣ ва шубҳае ба дӯстии беғаразонаи марду зан буда метавонад?

Бо дубора пайвастан бо Марзияи ҳамсабақ аз тақдир шукргузорам. Дар бари худ доштани дӯсту ҳамсабақ аз ҷинси латиф бурди мард аст. Мисли модар, хоҳар ҳамеша ғамхорию меҳрубониеро кас эҳсос менамояд, ки хислати истеъдодии модарону хоҳарон аст.

Ҳамин тариқ, Марзияи мо шурӯъ аз моҳи январи соли таъсисиёбии рӯзномаи парлумонӣ, то ба ҳол вазифаи масъули мусаҳҳеҳиро бар дӯш дорад. Дар нигоҳи аввал кори одию сабук. Аммо аз душвортарин пешаҳо аст мусаҳҳеҳӣ. Илова бар дониши баланди касбӣ, огоҳӣ аз нозукиҳои забону луғат, имло, таърихи калимаю ибораҳо, иродаи қавӣ, биноии хуб доштан аз шартҳои асосии мусаҳҳеҳист.Чунки ҳар рӯз баъзан чун минаҷӯе бо эҳтиёту нармӣ рӯзномаи аз чор то ҳаштсаҳифагиро бо хурдтарин андозаи хатти монанд ба мӯрча на як бору ду бор бояд хонд. Мисли марзбоне бо бедорию зиракию ҳушёрӣ нагузорад, ки душман хати марзи номусро убур намояд. Мабодо ҳарфе ноҷо равад ё аз назар дур монад, вожа батамом мазмуни таҳқиромез ва аз ҷиҳати сиёсӣ ҷанҷолбарангезро ба худ мегирад. Хасташавии асаб, коҳиши биноии чашмҳо аз таъсирҳои манфии ин пешаи заҳматталаб маҳсуб меёбанд. Дар матбуот ақидае роиҷ аст, ки барои саводи хуби имлоӣ доштан ҳар як рӯзноманигорро зарур аст, ки аз мактаби мусаҳҳеҳӣ гузарад. На ҳама рӯзноманигор мусаҳҳеҳ шуда метавонад. Барои ин, пеш аз ҳама, забони модариро дӯст бояд дошт. То ҷузъитарин нозукиҳояшро аз бар  намуд. Хушбахтона, дар ин масир Марзияи мо ба дараҷаи устодӣ расидааст. Бо интизоми намунавӣ, дониши баланд, муҳаббати зиёд ба касб намунаи ибрат аст. Ба қавле, мактабдор ва собиқадори соҳа ва шогирдонеро, ба мисли Басбӣ Набиева, Шарофат Абдулвоҳидова, Мафтунаи Ҳисорӣ ва дигарон ба камол расондааст. Мукофоту ифтихорномаҳо, аз ҳама муҳим муҳаббату эҳтироми ҳамкорон ва обрӯмандиро соҳиб аст. Бо истинод ба Марзияи мусаҳҳеҳ аз рӯзноманигорон то роҳбарияти рӯзнома мутмаинанд, ки ягон саҳву хато ба рӯзнома роҳ намеёбад.

Марзия Алиева 23 майи соли ҷорӣ санаи 31 — умин солгарди кор дар дар рӯзномаи «Садои мардум» ва 60 — умин солгарди умри бобаракаташро ҷашн гирифт. Ба хоҳару ҳамкори меҳрубон, Марзияи марзбони марзи ҳарфу сухан, хушиҳои ҳаётро таманно ва ин байти Хоҷа Ҳофизро тақдим менамоем:

Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,

Ки на ҳар к — ӯ варақе хонд, маонӣ донист.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»