Масоили дастрасӣ ба об журналистонро муттаҳид кард

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Бо вуҷуди нашри мақолаҳои зиёд мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза  паҳлуҳое дорад, ки то андозае аз мадди назар дур мондааст. Дар ин самт журналистон бояд бештар фаъол бошанд.  Бо дарназардошти ин Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва Ташкилоти «ОКСФАМ» иқдом карданд,  то як гурӯҳ  журналистонро  муттаҳид намуда, дар  баррасии ин масъала ҳамкорӣ намоянд. Ибтикори аввал дар ин ҷода баргузории 7 семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Инъикоси беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар ВАО» маҳсуб мешавад.

Дар семинаре, ки доир ба ин масъала чанде пеш баргузор шуд, масъулин роҷеъ ба масъулияти таъминкунандагони об, уҳдадории  истеъмолкунандагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути об, баланд бардоштани маърифати экологии мардум, пешгирии роҳи ифлосшавии обҳо ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

- Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳое, ки ба таъмини оби нӯшокӣ машғуланд, тавсияҳо пешниҳод кардем, — гуфт муовини директори  Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Фаридун Шоҳинбеков.

Ба андешаи номбурда, дар шароити кунунӣ корхонаҳои манзилию коммуналӣ бояд хизматрасониро тавсеа бахшанд. Дар навбати худ аҳолӣ низ муносибатҳои нави иқтисодиро бояд дуруст дарк намоянд. Тавсияҳои Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон се  омил — шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва иштироки  шаҳрвандон дар ҳалли масоили ҷойдоштаро фаро гирифтааст.

Ҳамоҳангсози «ОКСФАМ» дар Тоҷикис­тон Назира Қурбонова роҷеъ ба ҷалби журналис­тон ба ҳалли масоили зикршуда зикр намуд, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масоили вобаста ба об метавонанд саҳми бориз дошта бошанд.

- Ният дорем бо воситаҳои ахбори омма шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, иштироки журналистонро дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа таъмин намоем. Инчунин, ташкили саёҳат ба минтақаҳои гуногуни мамлакат ҷиҳати шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳавасмандсозии журналистон ва ғайра дар назар дошта шудааст, — гуфт Назира Қурбонова.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»