Таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ҳафтаи гузашта бо ташаббуси кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор шуд. Онро директори муассиса Абдусалом Мирализода оғоз ва иштирокчиёнро бо таърихи матбуоти тоҷик мухтасар ошно кард.
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода дар бораи вазъи кунунии матбуот, доктори илми таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён дар мавзӯи «Аз таърихи таъсиси матбуоти форсӣ-тоҷикӣ» (Аз «Ҷоми ҷам» то «Бухорои шариф»), дотсенти кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Қутбиддин Мухторӣ дар мавзӯи «Мушкилоти саводи расонаӣ — иттилоотӣ дар Тоҷикистон», мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди пажӯҳишоти илмӣ дар соҳаи матбуоти миллӣ» ва корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Бахтовар Темурзода аз натиҷаҳои сафари хизматӣ ба Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯза карданд.
Бахтовар Темурзода, аз ҷумла зикр кард, ки ҳангоми омӯзиш ва ҷустуҷӯ дар бойгониву осорхонаи шаҳри Тошканд рӯзномаи то кунун ба аҳли илм номаълуми «Фарғона»-ро пайдо кардааст, ки соли 1924 дар шоҳии сурх бо забонҳои тоҷикӣ — форсӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуд. Муассиси он вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Саидаҳмад Анваров (солҳои 1924-1929) будааст.
Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»