Мавлоно Ҷомӣ беҳтарин ҳаками замонаш буд

№96 (3242) 15.08.2014

 «Абдураҳмони Ҷомӣ бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар пояи суннатҳои олӣ ва ҷаҳоншумули адабиёти классикии тоҷику форс мактаби илмиву адабии хешро ба вуҷуд овард. Дар ин мактаби бонуфузу фарогир муҳимтарин анъанаҳо ва жанрҳои адабиёти гузашта дар заминаи ғояҳои ҳаётбахш ва ҳунари беназири Мавлоно Ҷомӣ эҳё гардиданд».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти  соли 2014)

КИСТ ҶОМӢ?

«Абдураҳмони Ҷомӣ на  танҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шуҳрат ва эътибору обрӯйи зиёд дошт.

Шоиру нависандагони маъруф ва  алоқамандони шеъру шоирӣ аз саросари Мовароуннаҳру Туркистон, Ироқу Озарбойҷон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ  мешитофтанд ва аз ӯ сабақ  мегирифтанд.

Завқи бадеӣ, донишу  таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно дар арзёбии осори адабӣ ва  масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду  раднопазир ба  шумор мерафт.

Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти  соли 2014

***

«Азбаски ӯ тамоми ҳусну кубҳи осори пешгузаштагонашро мисли як дарза ба ҳам пайваста, онро пайравӣ намуд, нав кард ва инкишоф дод ва ба таври равшан он ҳамаро дар худ таҷассум кард, ба наслҳои аз паси ӯ оянда роҳи дигаре намонд, ба ҷуз он ки худро пайрави ӯ созанд, ба шарти он ки сатҳи  бадастовардаи ӯро паст накунанд».

Иоҳанн Гёте

             ***

«Ҷомӣ дар асарҳои худ хислатҳои хуби инсониро тавсиф ва хислатҳои бади инсониро мазаммат мекунад. Ӯ бо пандҳои саъдиёнаи худ инсонро ба сӯйи хайр далолат менамояд ва аз шарру залолат бозмедорад. Ӯ бо аҳли илм, бо шоирон ва нависандагон аз мадҳи ағниё парҳез ва иҷтиноб мефармояд. Ҷомӣ ҳам шоири  олитабъ, ҳам носеҳ, ҳам олим ва инчунин мунаққиди забардасти замони худ буд».

Муҳаммадҷон Раҳимӣ

***

«Зимнан, агар дар таърихи тамаддуни халқамон Ҳурмуз рамзи накӯкорӣ, Ҳотам  ифодаи саховатмандӣ ва Рустам намунаи тавоноӣ гардида бошад, Ҷомӣ  тимсоли хоксорӣ ва бузургӣ шудааст.

Агарчанде Ҷомӣ фарди воҳидест, садҳо китоби панду ҳикмати ӯ ба мардум ибрат бахшида, дар тӯли асрҳо  шарқиёнро дар рӯҳи одамгариву некӣ, дӯстиву ҳамкорӣ, ростиву вафодорӣ, сахову карам, донишу хирад, иззату эҳтиром ва покиву мардумӣ тарбият намуда меояд».

***

«Одамони гуногунтоифа ба Ҷомӣ бо хоҳишу  дархосту арзу ниёзе муроҷиат менамуданд ва ӯ ягон матлаби онҳоро беҷавоб намегузошт. Вай ҳатто аз иҷрои дархостҳое, ки  ба худи шоҳ вобаста буданд, даст намекашид. Хуллас, Мавлоно Ҷомӣ ба ҳамаи ононе, ки ба эҳтиёҷе наздаш  меомаданд, дасти ёриву мадад дароз менамуд. Ҳамчунин, тамоми дороии худро ба сохтмони иншооти ҷамъиятӣ сарф мекард ва ё ба беваю ятимон ва бенавою бечорагон бахшиш менамуд. Ҳамин гуна муносибати хайрхоҳона ба мардум, яъне  гуманизми олӣ, дар эҷодиёти ин суханвари оламшумул низ пурра инъикос  ёфта, ба осораш  рӯҳияи баланди инсондӯстӣ бахшидааст».

 Мӯсо Раҷабовдоктори илмҳои фалсафа

***

«Дар маҷлисҳои шоҳона, ҷамъомадҳои дарвешон, маъракаҳои серодам ва суҳбатҳои хоссаи аҳли завқ  ашъори Ҷомӣ садо  медод, ошиқон бо ғазалу рубоиҳои ӯ рози дил гуфта, пирон бо ҳикматҳои вай ҷавононро адаб меомӯзониданд, саодатмандон бо гуфти ӯ таронаи шодӣ  суруда,  мусибатзадагон дар марсияҳои вай  дармони дили  пурдард  меҷустанд».

***

«Ҷомӣ бо тамоми фаъолияти адабӣ, сиёсӣ ва ҷамоатии худ он  фикреро тарғиб мекард, ки адлу инсоф дар мамлакат устувор бошад. Ӯ талқин мекард, ки шоҳи одил маҳбуби мардум буда, агар подшоҳ  адолатпеша бошад, раият ҳам некандеша хоҳад шуд».

***

«Даставвал ӯ (Мавлоно Ҷомӣ) девони дар панҷсолагӣ мураттабкардаву ду бор такмилдодаашро бо тамоми ғазалу қасида, қитъаву рубоӣ, мураббаъу марсияҳо ва таркиббанду тарҷеъбандҳои баъд  навиштааш боз як бори дигар аз назар гузаронида, аз сари нав девоне тартиб дод, ки  қариб даҳ ҳазор байтро ташкил карда, аз як худи ҷинси ғазал бештар аз ҳазор намунаи ин жанрро дар бар мегирифт. Бо он девон Ҷомӣ дар  радифи бузургтарин сухансароёни адабиёти тоҷику форс қарор гирифт».

***

«Камолоти эҷодии Ҷомӣ дар 62- солагӣ фаро расида, 15 сол давом меёбад Ӯ як асар аз паси асари дигар, як достон аз пайи достони дигар ва як рисола аз паси рисолаи дигар менавишт».

Аълохон Афсаҳзод, доктори илмҳои филология