Дар бораи шахсе навиштан масъулияти хосаро талаб мекунад. Ин махсусияти бинои эҷод аст, аммо дар бораи шахсе, ки фаъолияти густурда, рӯзгори пурифтихор ва донишу хирад дорад, баёни андеша саҳл аст.
Дер боз муштоқи дидори устоди мушфиқу нармсухан будам. Саҳар таровати худро гум накарда, бо иҷоза ба утоқи кориаш даромадам. Назди компютер менишаст. Хеле мутаҳайир шудам, ки ӯ ҳанӯз аз илм дил накандааст. Аз дидани «меҳмони нохонда» дар ҳайрат монд. Он чӣ аз суҳбаташ бармеомад, шукрона буду қаноат. Чун солҳои пеш хеле хоксор буд, аз дастовардҳояш кам гап зад.
- Забоншиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мукаррама Қосимова дар олами илм, махсусан илми забоншиносӣ ситораи дурахшон маҳсуб мешавад, — изҳор доштанд шогирдонаш, номзадҳои илми филология Фарангис Шарифова ва Жило Гулназарова. Ӯ дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик, тарбияи олимони ҷавон саҳми бориз дорад. 48 доктор ва номзади илм аз он меболанд, ки таҳти роҳбарии профессор Мукаррама Қосимова рисола дифоъ кардаанд.
- Барои шогирдон, ки пайраҳаи илмро интихоб кардаанд, «лабораторияи махсус» дорам.Аз он мегузаронам то фардо олими ҳақиқӣ шаванд, — мегӯяд профессор Мукаррама Қосимова.
Пайвандон ва гузаштагони қаҳрамони матлаб мардуми шаҳрнишини яке аз марказҳои илмиву фарҳангӣ — Конибодоми бостонӣ мебошанд. 16 январи соли 1933 дар хонаводаи яке аз саромадони матбуоти тоҷик, рӯзноманигор Набии Фахрӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш (рӯҳаш шод бод) дар маҷаллаи «Мулло Мушфиқӣ» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шаҳри Самарқанд кор мекард. Касби рӯзноманигорӣ дар дилаш маъво гирифта, бо заҳмати зиёд аз шаҳри Пенза дастгоҳи чоп оварда, соли 1932 нашри нахустин рӯзномаи ноҳиявиро бо номи «Болшевики Конибодом» ба роҳ монд. Модараш Мунаввара Қосимова аввалин зан буд, ки солҳои 1950-1953 дар вазифаи вазири саноати РСС Тоҷикистон кор кард.
Бо муаллима дар ҳар боб, илмомӯзӣ, таълиму тарбия, чопи аввалин мақолаҳои илмӣ оид ба забоншиносӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ суҳбат кардем. Бо лаҳни ба худ хос аз мактуби охирини падараш аз ҷанги хонумонсӯз ёдовар гардид: «Ту, ки фарзанди нахустини мо ҳастӣ, бори обрӯйи оилаамонро бо худ гир, нағз хон, ба касе манша накун! Аз гапи модарат набаро! Чунон оқилаву фозила, донову босавод шав, ки боиси ифтихори мову ҳамаи наздиконат бошӣ».
Суханони вопасини падар роҳнамо дар пастиву баландиҳои пурпечутоби пайраҳаи ҳаёташ гашт. Чун ба забон шавқу рағбати зиёд дошт, соли 1950 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуд. Дар назди устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров ва И. Оранский сабақ омӯхт.
Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик» вақте ҳимоя кард, ки 28 сол дошт. Соли 1989 ба Мукаррама Қосимова муяссар гардид, рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Ҷумлаи содаи насри асри XI» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, забоншиноси маъруф Додоҷон Тоҷиев дифоъ намояд.
Ӯ дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёкон кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Китоби «Хат ва имлои матни классикии тоҷик», ки 5 маротиба бознашр шудааст, «Хрестоматия оид ба матни классикӣ» ва китобҳои дигари дарсӣ самараи пажӯҳиш номбурда мебошанд.
Мукаррама Қосимова аввалин зан — доктори илми филология дар соҳаи забоншиносӣ дар мамлакат мебошад. Бо ибтикори ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забонҳо ташкил шудааст, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ забон меомӯзанд.
Аз соли 1982 то 2012 минҳайси раиси Шӯрои дисертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа кард. Ба қаламаш зиёда аз 180 номгӯйи асар ва интишороти илмӣ тааллуқ дорад.
Аз соли 2004 профессор — мушовири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ мебошад.
Аз он шукргузор аст, ки духтараш Дилоро хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Санкт — Петербург пайраҳаи модарро интихоб карда, доктори илмҳои филологӣ аст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»