Ҷашни Меҳргон яке аз анъанаҳои неки миллӣ ва бостонии мардуми тоҷик ба шумор рафта, моҳиятан тантанаи дӯстӣ ва меҳру муҳаббати табақаҳои гуногуни мардум аст.
Меҳргон баробари инкишофи шуғли деҳқонӣ пайдо шуда, онро баъд аз ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибони тамаддуни миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик, ки ба арзишҳои миллӣ эҳтироми хоса доранд, Меҳргонро ҳамчун анъанаи куҳантарини миллати тоҷик эътироф намуда, қайд намудаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Меҳргонро дар гузашта бо тантанаи хосса – бо суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ, густурдани хони идона, тақдими туҳфаҳо ба ҳамдигар таҷлил менамуданд. Дар рӯзи ҷашн либоси арғувонӣ (сурх) ба бар менамуданд, ки он замон рамзи Меҳргон маҳсуб меёфт. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матои дорои ранги арғувонӣ густурда карда, болои он шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд.
Оид ба ин анъанаи неки ориёнажодон дар сарчашмаву маъхазҳо маълумоти зиёд вомехӯрад, ки ҳар кадоме аз онро беҳтарин маросими мардумӣ, рамзи фаровонӣ муаррифӣ кардаанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид мекунад:
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
Манучеҳри Домғонӣ мефармояд:
Омад хуҷаста Меҳргон – ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғувон…
Фирдавсии Тусӣ гуфтааст:
Бикард андар он кӯҳ оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргон ва Сада.
Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз сеҳазорсола арзёбӣ карданд. Гуфта мешавад, ки Меҳр номи Офтоб буда, дар оини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Ба гуфти донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлили Меҳргон оташ афрӯхта, дастурхони идонаро бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсон аст, меоростанд.
Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» оид ба анъанаҳои иди Меҳргон гуфтори аҷибе дорад: «Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст: – «Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро бандубаст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!».
Дар идомаи гуфтораш Абурайҳони Берунӣ нигоштааст: «…Ва ин рӯз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд. Рӯзи бисту якум Ромрӯз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард…. Сипас бифармуд, то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданду ин рӯзро ид донистанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рӯмоли махсусе ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагӯянд. Барои сипосгузории Худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд».
Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ – ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе аз навиштаҳои фарҳангнигорон, дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар будааст. Аз рӯйи ривоятҳои муаррихони Юнони Қадим ва Рум, маълумот дар бораи Меҳргон нисбат ба Наврӯз фарогиртар аст.
Меҳргон асосан иди ҳосилот буда, дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мардум ба ҳамдигар нома менавиштанд, якдигарро табрик мекарданд, туҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳама буда, онро «Меҳргони омма» ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мегирифтанд, ки «Меҳргони бузург» номида мешуд.
Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра – номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва ҳазору чорсад сол пеш аз милод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Ин ҷашн тибқи тақвими зардуштии авастоӣ дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, баробар ба рӯзи 8 октябри мелодӣ дар миёни фасли тирамоҳ баргузор мегардид.
Меҳргон нишоне аз оғози зимистон маҳсуб мешуд. Дар арафаи ин ҷашн мардум ҷома иваз мекарданд ва бинобар сардшавии ҳаво кӯрпаҳои ғафсро истифода менамуданд.
Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ доир мегашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳ мерафтанд, ба якдигар меҳрубонӣ мекарданд.
Қобили зикр аст, ки бо таҳрифкории аҷнабиёни қудратталаб баъзе аз ҷашнҳои миллат то андозае аз хотираҳо зудуда шуда, манфиатдорони давр намегузоштанд, ки эҳё шаванд. Ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи он маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ талақӣ шуда, таҷлили онҳо мамнӯъ буд. Баъд аз гузашти як давраи муайян ва ташкилшавии давлати нави тоҷикон бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванди таҳрифкорӣ барҳам зада шуда, ҷашну тантанаҳои фаромӯшшудаи миллати тоҷик, аз ҷумла Меҳргон эҳё гардид. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид.
Таҷлили ҷашни Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 мақоми расмӣ пайдо карда, дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафт саҳми арзанда мегузоранд.
Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба иди касбии кишоварзон ва ба яке аз ҷашнҳои расмии давлатӣ мубаддал гардид.
Итминони комил дорем, ки таҷлили ҷашнҳои Меҳргону Сада, Тиргону Наврӯз анъанаҳои некро, ки баъзеашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд, дубора эҳё намуда, нигоҳи моро ба гузаштаи пурғановати миллат рангин месозанд.
МИРАЛИЗОДА Абдусалом Мустафо,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
доктори илмҳои педагогӣ, профессор