Мелоди оғоз

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Искандари ХатлониИскандари Хатлонӣ

Марде меояд

Аз кӯҳистон,

Ва бо абрешими қадамҳояш,

Яъне

бо парниёни гомҳояш,

Ба ҷонҳои хастаи мо

Марҳам мегузорад…

Шифо мебахшад.

Марде меояд, ки дуруст

зодаи ашки мӯрчагон аст.

Ва ҳангоми роҳ рафтан

Хокро озор намедиҳад,

Ӯ хокзодааст

ва оташро мепарастад.

Агар хонаҳову дилҳоро

                          гарм кунад…

Худоё,

Худовандгоро,

Яздоно!

Парвардагоро!

Ҳамаи номҳоятро

медонам,

мешиносам!

Ба ин миллати озурдаҷон

                        раҳмат овар,

Ман хоби наҷот,

                     яъне раҳоишро дидаам…

соли 1992