Дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад.
Аз таҷрибаи давлатдории кишварҳои олам аён аст, ки мардуми дунё муҳаббати хешро ба Ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла парчам, ифода мекунанд. Тамоми маҳбубият назди маҳбубияти Ватан ҳеҷанд, меҳре шадидтар аз меҳри Ватан нест. Парчами парафшон ифодаи ободии Ватан ва акси он таназзули ҳар мамлакат аст. Парчам пайванди дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагист.
Оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми парчам асрҳо боз дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст.
Дар ҷаҳони имрӯза ҳар кишваре, ки соҳибихтиёр аст, дорои парчам, нишон ва суруд аст. Гуногунрангии парчамҳо гувоҳи шумораи зиёди кишварҳо ва аломатҳои гуногун дар парчамҳо сабтшуда гувоҳи тамаддуну фарҳангҳои аз ҳам фарқкунандаи давлатҳост. Ин рангорангии манзараро дар Созмони Милали Муттаҳид дидан мумкин аст, ки ба он 193 кишвари олам аъзо мебошанд, яъне ҳамин миқдор парчамҳои миллии кишварҳо дар пештоқи бинои он парафшонӣ мекунанд. Мояи ифтихори мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз давлатҳои ташаббускор дар ҳалли проблемаҳои глобалии байналмилалӣ, аз қабили масоили марбут ба об, ба шумор меравад.
Муқаддасоти парчамро рамзҳояш низ ифода мекунанд. Дар фаҳмиши муқаррарӣ сухани пӯшидамаъноро рамз мегӯянд. Сухане, ки мазмуни таҳтонӣ дорад ва дар пасманзари он маънову муҳтавои баланд дар назар дошта мешавад.
Муҳимтарин хосияти рамз ҳамин аст, ки моҳияти фарҳангӣ дорад ва маъниҳои он аз имконоти фикрии як инсони муқаррарӣ хеле болотаранд. Аз ҷиҳати равонӣ ё психологӣ низ рамз як шакли шуур, масалан, мисли шеър, аст. Механизми психикие мебошад, ки интиқол ё ивазшавии як навъи образ ва тасаввуроти обурангдодашудаи ҳиссиро бо дигараш таъмин мекунад. Дар ин радиф, Парчами давлатии мо низ, мисли дигар парчамҳои кишварҳои ҷаҳони имрӯз, ишора ба ормонҳо мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Парчам (23 ноябри соли 2010) рангҳои Парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» маънидод карданд.
Таърих гувоҳ аст, ки расму оини парчамдории тоҷикон ибтидо аз даврони ориёӣ ва салтанати Куруши Кабир мегирад. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар низ маҳз ба ҳамин шаҳриёр тааллуқ дошт. Дар мавриди парчам дар фарҳанги ниёкон маълумоти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ беназир аст. Дар ин ёдгории беҳамтои таъриху фарҳанг рӯҳи бешикасти аҷдодон, адолатпарварӣ ва эҳсоси қаҳрамононаи ҳимояти марзу бум аз истилогарон хеле муассир таҷассум ёфтааст. Тибқи иттилои «Шоҳнома», мардум баъди фармонравоии бераҳмонаи Заҳҳоки аҷнабӣ зери роҳбарии Коваи оҳангар ба по хестанд ва маҳз пешдомани чармини Коваи қаҳрамон нахустин парчами озодихоҳон будааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз дирафши ковиёнӣ дар маркази штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи абадият ва ворисияти таърихии давлатдории миллии халқи тоҷик тасвир шудааст.
Дар асрҳои минбаъда парчами тоҷик бо дигаргун шудани вазъи ҳуқуқии кишвар ба худ рангҳо ва рамзҳои хос пайдо намудааст. Танҳо дар асри бисти мелодӣ, то пазируфта шудани парчами имрӯза, понздаҳ маротиба иваз шудааст. Парчами давлатии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари орзу ва ормонҳои халқи тоҷик баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мояи ифтихори ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад. Ҳар яки мо бояд рисолати таърихӣ доштани парчам, яъне бо кадом машаққат ва ҷонбозиҳо аз қаъри асрҳо то ба имрӯз расидани онро пос дошта, пайваста кӯшиш намоем, ки Ватани маҳбубу азизамон — Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Зебониссо САТТОРЗОДА, судяи Суди ноҳияи Вахш