«Мероси фарҳангӣ ва рушди устувори ҷомеа»

№99 (4049) 17.08.2019

гнгнТаҳти ин унвон чанде пеш дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Хоруғ ҷамъомад доир шуд, ки дар он пажӯҳишгарон, рӯзноманигорону фарҳангшиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр намуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 дар кишвар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда, зарур аст дар ин замина иқтидори соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гиранд.

Номбурда аз он ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, муассисаҳои илмии кишвар тадқиқоти зиёд оид ба ёдгориҳои таърихӣ, анъанаҳои миллӣ, эҷодиёти шифоҳӣ ва лаҳҷаҳои гуногуни мардум  анҷом доданд.

Инчунин,  номзади илм­ҳои таърих Аловиддин Шоинбеков, доктори илмҳои филология, профессор Муқбилшо Аламшоев, доктори илмҳои фалсафа Рамазон Назариев, доктори илмҳои фарҳангшиносӣ Чоршанбе Ғоибназар, рӯзноманигорон Тиллои Некқадам, Зеваршоҳи Муҳаммад  ва дигарон маърӯза карда, андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

Машҳур ИМОМНАЗАР,

рӯзноманигор