Пешниҳод

Месазад, ки номи гулгашт ё кӯчаеро ба номи Иқбол гузорем

№153 (4573) 14.12.2022

ikbal-muhammadВақте ки ба таърих назар меафканем, мебинем, ки каломи баъзе адибон дар зиндагиву худшиносии бархе аз қавмҳо таъсири зиёд гузоштааст. Масалан, Ҳомер барои худшиносии Юнониён, Шиллер барои олмониҳо, Руставели барои гурҷиҳо, Абай барои қазоқҳо, Махдумқулӣ барои туркманҳо хидмати шоиста кардаанд.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ на танҳо бинои сохтмони Покистонро тарҳрезӣ кард, балки миллати онро баъди ба даст овардани истиқлолият ҳаёти навин бахшидааст. Ҳар рӯз намунаи ашъори ин  алломаро ровиёни маъруф дар барномаи «Донои роз» аз Телевизиони давлатии Покистон (PTV) қироат мекунанд. Дар ҳар шумораи рӯзномаи «Навои вақт» қисмате аз ашъори форсию урдуи Муҳаммад Иқбол бо навбат ба табъ мерасад.

Ҳиндишиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои  филология, профессор Ҳабибулло Раҷабов таъкид кардааст, ки  маҳз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар қаламрави Ҳинду Покис­тони ҳозира то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон чароғи адабиёти форсу тоҷикро аз хомӯш шудан муддате наҷот дода буд. Ӯ бо каломи рӯҳбахшу ҷаззобаш мардуми гуногунзабонро мафтун карда, барои иҷрои ниятҳои наҷиб ва худбоварию ҷасорат сафарбар менамояд.

Нахустин муассиси «Анҷумани Иқбол» доктори илмҳои филологӣ, профессор Расул Ҳодизода навишта буд, ки Иқбол шеъри Аҷамро бо тарзу  услуби навин нафаси тоза, ҳусну таровати нав бахшид, ин назмро бо андешаву  тафаккуроти навин, бо фалсафа ва назарҳои борикбини худ ғанӣ  гардонд, маъниву мазмуни онро ба умқи зеҳну фикри инсонӣ расонид. Ӯ «Паёми Машриқ», «Забури Аҷам», «Лолаи Тур», «Армуғони Ҳиҷоз» ва «Ҷовиднома» барин асарҳои машҳурашро ба забони форсӣ эҷод кардааст.

Олими маъруф Дониюлислом сабаби бештар ба забони форсӣ асар эҷод кардани Муҳаммад Иқболро чунин шарҳ додааст: «Доктор Иқбол охир эҳсос намуд, ки қолаби урду барои ибрози афкори васеи ӯ танг аст. Фақат  форсӣ, ки забони оммаи Осиё ва забони илмии қадимии дунё буд, метавонад хазинаи ганҷи тасаввуроти ӯ бошад. Аз ин ҷиҳат чанд сол аст, ки афкори олии худро дар қолаби форсӣ мерезад ва тӯтии шаккаршикан шуда ё булбули Шероз гаштааст».

Худи  Аллома Иқбол забони форсиро чунин васф кардааст:

Порсӣ аз  рифъати андешаам,

Дархӯрад бар фитрати андешаам…

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Дар ҷои дигар чунин васф кардааст:

Ин ҳама сеҳр аст ё афсунгарӣ,

Дар лаби Миррихиён шеъри дарӣ.

Муҳаммад Иқбол ба сарзамини форсизабонон эҳтироми хос дошта, онро чун забони форсӣ дӯст медошт. Чунончи, ин муҳаббаташро дар ин байт баён кардааст:

Агарчи зодаи Ҳиндам, фурӯғи чашми ман аст

Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.

Донишманди маъруфи эронӣ, профессор Саид Нафисӣ дар бораи ин мутафаккири маъруф чунин  изҳори назар кардааст: «Вай адаби форсӣ ва забони форсиро, ки дар Ҳинду Покистон беш аз сад сол мурда буд, бо дами масеҳои худ зинда кард ва чунон  зиндагӣ бахшид, ки аз даврони пеш аз марг ҳам нерумандтару барӯмандтар шуд. Ин корро камтар  касе тавонистааст дар ҷаҳон бикунад».

Пас аз  истиқлолияти давлатӣ куллиёт ва  мунтахаби ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ якчанд маротиба дар  кишварамон ба табъ расид, ки боиси зиёд шудани сафи мухлисони ин шоири бедордил гардид. Сарояндагони зиёди тоҷик ба шеърҳои пурмазмуни ӯ оҳанг баста месароянд. Аз ин рӯ, месазад, ки ба хотири пос дош­тани хизматҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба забони  ноби форсӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯча, китобхона ва ё гулгаштеро ба номаш  гузорем. Қобили зикр аст, ки дар калонтарин шаҳри Покистон Карочи ба номи шоирони форсизабон — ба монанди Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ кӯчаҳоро  номгузорӣ кардаанд.

Аз тарафи дигар, зиёда аз 45 сол аст, ки Душанбе бо шаҳри Лоҳури Покистон, ки  оромгоҳи Муҳаммад Иқбол он ҷост, бародаршаҳр мебошад.

Агар ин иқдом амалӣ шавад, боиси таҳкими бештари доираҳои фарҳангии ҳар ду кишвари дӯсту бародар мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»