Пирамарди 62 — сола Рон Эллиот, ки дар Хонаи пиронсолони шаҳри Саттони Британия фаррош кор мекунад, аз бозии лоторея 8 млн. фунт бурд кард. Субҳи рӯзи дигар ба миллионер шудан нигоҳ накарда, чун ҳарвақта, соати шаш ба сӯи коргоҳ равон шуд. Ба ҷои ӯ каси дигар мешуд, бо ин маблағ дигар кор намекард.
Ин пирамарди муҷаррад чанд сол мешавад, ки дар Хонаи пиронсолон ифлостарин корҳоро ба ҷо меорад.
- Ман мизоҷони муҳтоҷи худро ба ҳеҷ ваҷҳ партофта наметавонам. Онҳо ба нигоҳубину меҳрубонӣ сахт ниёзманданд. Бисёре аз бошандагони Хонаи пиронсолон аз ақл бегона шудаанд. Бар замми ин, бемору нотавонанду мустақилона ҷое рафта наметавонанд. Бархе ҳатто аз ҷой ҷунбида наметавонанд. Бе ман онҳо азоб мекашанд. Худам ҳам бо онҳо сахт унс гирифтаам, — шарҳи ӯро овардааст хабаргузории «Вести ru».
Рон Эллиот дар хонаи начандон калони дуҳуҷрадор 40 сол аст, ки танҳо зиндагӣ дорад. Ҳамсараш соле баъди хонадоршавиашон дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Ба хотири муҳаббати ба завҷааш дошта, ӯ дигар издивоҷ карданро ба худ раво надид. Ҳамин тарз, баъди бозгашт аз кор ҳар рӯз як донагӣ лоторея мехарид ва ин ба одат табдил ёфт. Рон Эллиотро, ки зарбаи сахти тақдирро хӯрдааст ва инсони ниҳоят покдилу бошафқат мебошад, Худованд барои таҳаммул, некиҳо ва дили бузург соҳиби маблағи калон намуд.
Рон Эллиот дар як сол 15 ҳазор фунт маош мегирад ва қисми бурди худро барои чорабиниҳо ба суратҳисоби Хонаи пиронсолон гузаронида, боқимондаро барои рӯзи мабодо нигоҳ медорад.
Таҳияи Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»