Сад сол пеш нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикони Осиёи Миёна зери унвони «Овози тоҷики камбағал» бо теъдоди 2000 нусха ва бо хати арабиасоси тоҷикӣ аз чоп баромад.
«Овози тоҷик» дар оғоз ҳамчун нашрияи кумитаи ҳизбӣ ва кумитаи иҷроияи Шурои вилояти Самарқанд чоп мешуд. Аз шумораи 12-ум (30-юми ноябри соли 1924) он ба ҳайси нашрияи Бюрои ташкилии КМ (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Шуравии Мухтори Тоҷикистон нашр гардид.
Равшанфикрону маорифпарварони тоҷик нашри ин рӯзномаро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар «Қавми тоҷик ва рӯзнома» ном мақолааш, ки дар нахустин шумораи «Овози тоҷик» ба табъ расидааст, чунин менависад: «Ин рӯзнома мисли номаш, албатта, овози тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки ҳамаи даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад. Акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки забони тоҷик аст, ба ҳар кас во (боз) намояд».
Омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқадори матбуот Қироншоҳ Шарифзода дар мақолааш «Устод Айнӣ ва рӯзномаи «Овози тоҷик» чунин навиштааст: «Устод Айнӣ бо эҳсоси масъулияти касбӣ, бо дарки зарурати хидмат ба қавму мулк дар айёми сарнавиштсози таърихӣ, дар сафи як гурӯҳ фарзандони огоҳи Самарқанд дар таъсис ва роҳандозӣ кардани фаъолияти рӯзномаи «Овози тоҷик» саҳми сазовор гузошт. Мақолаҳои устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мавзуъҳои доғи рӯзро фаро гирифта, бо низоми муайян: фаҳмонидани моҳияти масъала, шарҳи вазъи ҷории он, зикри роҳҳои ҳалли мушкили баррасишуда ва пешниҳодҳои мушаххас иншо гардида, таваҷҷуҳи мухотабонро ҷалб менамуд».
Дар шумораи дуюми «Овози тоҷик» устод Айнӣ бо шодмониву сурур ин мисраъҳоро пешкаши хонандагон гардониданд:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё биншин, шунав овози тоҷик.
Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан,
Баромад оқибат «Овози тоҷик».
Сабаби дар шаҳри Самарқанд чоп шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» дар сармақолаи шумораи аввал чунин баён шудааст: «Бо ташаббуси кумитаи фирқаи марказӣ қарор ба нашри газетаи тоҷикӣ гузошта шуд ва аз он ҷое, ки Самарқанд маркази тоҷикони Туркистон аст, анҷоми ин кор ба уҳдаи фирқаи вилоятии Самарқанд ҳавола шуд».
Бояд гуфт, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар баланд шудани худшиносии миллии тоҷикон, ифтитоҳи мактабҳои тоҷикӣ, болоравии маърифати сиёсӣ ва рушди фарҳангу адабиёти тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Дар ин хусус мақолаҳои устод Айнӣ — «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон», «Китобҳои тоҷикӣ», «Кори Тоҷикистон гул карданист», «Ба муносибати эълони Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон», «Маорифи кӯҳистон» ва ғайра мақоми сазоворро ишғол менамоянд.
Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров нақши «Овози тоҷик»-ро дар худогоҳии мардум чунин баён карда буданд: «Он аҳамияти бузургеро, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар солҳои бистум барои маърифати сиёсии омма ва мустаҳкам кардани ягонагии интернатсионалии ҳамаи меҳнаткашон дошт, дар ёд дорам. Дар он солҳо ман ба бахти мухбири фаъоли ин рӯзнома будан мушарраф гаштам…» (рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», 29 августи соли 1974).
Бисёр шахсиятҳо, аз қабили Абдусалом Деҳотӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Набӣ Фахрӣ, Қурбон Баҳлулзода ва дигарон, маҳз дар ин рӯзнома таҷриба андӯхтанд.
Аввалин намунаҳои эҷодиёти адибони тоҷикзабони Ӯзбекистон, аз ҷумла Болта Ортиқов, Ҷонибек Қувноқов, Аминҷон Шукуров, Салими Кенҷа, Асад Гулзода, Абдуллои Субҳон, Паймон, Ҷаъфар Холмуъминов ва дигарон, маҳз тавассути ҳамин рӯзнома ба хонандагон муаррифӣ гардид.
Профессор Аъзамҷон Азимов дар мақолаи «Овози тоҷик» ва рисолати таърихи тоҷикон» чунин навиштааст: «Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар як муддати кӯтоҳ дар байни халқи тоҷик маҳбубият пайдо кард. Онро дар ҳама ҷо — дар чойхона, қироатхона, кӯча ва корвонсарой мехонданд. Муаллимон ҳамчун китоби дарсӣ истифода мебурданд. Ҳатто берун аз марзи Тоҷикистон, дар Эрону Афғонистон ва Озарбойҷон низ рӯзнома хонанда дошт.
«Овози тоҷик» дар ин давраи бисёр мураккаб ва печдарпечи таърихӣ нашр мешуд, роҳи пешгирифтаи «Шуълаи инқилоб»-ро давом медод. Дар фаҳмиши мо рӯзномаи «Овози тоҷик» шумора то шумора таваҷҷуҳи меҳнаткашонро бедор ва ба худ ҷалб намуда, ҳисси миллии тоҷиконро бедор мекард. Таърихи гузашта, мавҷудияти миллати тоҷик, фарҳанги волои вай, сукунати тоҷикон дар заминҳои аҷдодӣ ва ҷуғрофияи онро тарғиб мекард».
Рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал» минбаъд бо номҳои «Овози тоҷик» (1924-1931), «Ӯзбекистони Сурх» (1950-1964), «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (1931-1940, 1964-1991) ва «Овози тоҷик» (1991 то ин дам) ба хонандагон ғизои маънавӣ бахшидааст. Ин нашрия ба мактаби бузурги рӯзноманигории тоҷик табдил ёфта, дар хонданбобу ҷолиб шудани он тайи солҳои гуногун Шавкат Ниёзӣ, Муҳсин Умарзода, Абдулло Ҳакимов, Аслиддин Қамарзода, доктори илмҳои филологӣ Ҳасан Қудратуллоев, Шоҳқаҳҳор Салимзода, Матлуба Шоалиева, Тоҷибой Икромов, Мирасрор Аҳроров, Шерпӯлод Вакилов ва дигар соҳибқаламону олимон саҳми арзанда гузоштаанд. «Овози тоҷик» ҳоло нашрияи муштараки Маҷлиси Олӣ (Олий Мажлис) ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Ман аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта ин рӯзномаро мутолиа намуда, баъзан мақолаҳоямро низ мефиристам. Боиси хушнудист, ки тайи 100 сол ин рӯзнома таҷассумгари розу ниёз ва орзуву ормонҳои мардуми тоҷик боқӣ монда, рисолати таърихии хешро идома медиҳад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»