Баҳори нав ҳам расид ва боз гармии офтобро эҳсос кардем. Насими форами баҳорӣ, хониши мурғакон, шодии кӯдакон ба қалбҳо фараҳ меорад. Баҳору Наврӯзро айёми шодию нишот мегӯянд. Аммо қалбҳое ҳастанд, ки дар ин айём ба дил эҳсоси ғаму дард мегиранд.
Ҳар гоҳ баҳор фаро мерасад, хумори Модарам авҷ мегирад. То он вақте ки Модар, ки дар барамон буд, парво надоштем. Гӯиё ҳама олам аз мо буд…
Аммо, вақте ҳини шукуфтани гулҳо, сарсабзии дарахтон модарам ба оғӯши хоки нарм рафт, баҳорамон ранги дигар гирифт, хазонбаҳор шуд…
Дар васфи Модар оҷизӣ мекашам, суханони зиёде гуфтан мумкин, вале метарсам, ки ҳарфе беҷо нагӯям. Бинобар ин, ба ашъори бузургон рӯ меорам. Шайх Саъдӣ гуфтааст:
Канору бари модари дилпазир,
Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир.
Дарахтест лолаи ҷонпарвараш,
Валад меваи нозанин дар бараш.
На рагҳои пистон даруни дил аст,
Пас-ар бингарӣ, шир – хуни дил аст!
Магар аз канори чунин инсон дур мондан ва аз лаззати меҳрубонӣ маҳрум гаштан мусибат нест?
Ҳастанд фарзандони нохалаф ҳам, ки қадри Модарро намедонанд, қалби ӯро озор медиҳанд. Ин гуна «шермардон» фаромӯш кардаанд, ки айёми тифлӣ дар оғӯши ин модар бечора буданд.
Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:
«Гарам аҳди хурдет ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман,
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пиразан»
(Саъдӣ)
Набояд фаромӯш кард, ки мо — вазиру сафир, олиму омиву илмҷӯ, муҳандису омӯзгору коргар ва донишҷӯ аз модар зода шудем, аз модар сухан гуфтан ёд гирифтем, меҳрубонӣ омӯхтем, дар маҷмӯъ ҳама як пораи дили модарем:
Сино, ки ҳакими ҳозиқи Ховар буд,
Дар зулмати шом шуълавар ахтар буд.
Бо он ҳама ақлу фитрати оламгир,
Як пора муҳаббати дили модар буд.
(Алӣ Бобоҷон)
Модарон аслан ғуруру кина надоранд, махсусан нисбат ба фарзанд. Чарлз Диккенс гуфтааст: «Ғурур яке аз гуноҳони ҳафтгона аст, аммо ғурури модарӣ чунин нест, зеро ин ғурур таркибест аз ду фазилати бисёр олӣ: Имон ва Умед». Ин фазилатҳои олиро модарон ба фарзандон талқин мекунанд. Мехоҳанд боимону бавиҷдон, некхислату некрафтор бошанд. Дунёи умеди модарон пурасрор аст.
Чун дар арафаи Рӯзи Модар қарор дорем, аз Парвардигор талаб менамоем модаронеро, ки аз ин олам рафтаанд, ҷояшонро ҷаннат ва модаронеро, ки дар қайди ҳаётанд, умрашон дарозу саодату шодӣ насибашон бошад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»