Моҷарои доира

№118 (4538) 22.09.2022

IMG_8806Мехоҳед дар бораи як моҷарои хонаамон ба шумо нақл кунам? Пас, гӯш кунед.

Додаракам Алиҷонро баъди табобати дурудароз ба хона оварданд. Аввал модарам ба пешвоз баромад, Алиҷонро ба оғӯш кашида, аз ду бари рӯяш гаштаву баргашта чалап-чалап бӯсид. Баъд пойандозу сафедӣ партофтанд. Ҳамин дам касе таклиф кард, ки доираро биёранд.

- Ҳа, ҳа, доираро биёред, — худо дод модарамро. — Алиҷон аз таги теғ барояду хапу дам пешвозаш гирем? Салим, чӣ шах шудӣ? Рафта доираро биёр! — каме омирона гуфт ба акаам.

- Адолат, карӣ, намешунавӣ? — гӯё модар ба ӯ дӯғ зада бошад, ки аламашро аз хоҳарам ситонданӣ мешуд акаам. — Зуд доираро биёр! Э, худо гирад ҷорӯби дастатро. Вақти рӯфтанатро ёфтӣ, артистка.

- Доира, доира. Дар куҷое дида будам онро, — фикркунон ба хона даромад Адолат. Дере нагузашта сарашро аз тиреза бароварда, дод зад:

- Валӣ, ҳо Валӣ! Доира ку? Надидӣ онро?

- Доираи туро ба сарам мезанам ман, зулфӣ? Доираат ба худат даркор, ки заниву рақсӣ.

- Э, худо гирад туро, суланг, — шунида шуд дӯғу пӯписаи падарам. — Нарм­тар гап занӣ, мемурӣ, ки ин қадар дағалӣ мекунӣ бо апаат?

- Эъ, причём ин ҷо дағалӣ-пағалӣ? Надидам ман доира-поираро.

- Ду рӯз пеш дар дасти Вайс дида будам онро, — ба хабаркашӣ даромад Раънояк, — Ҳалқаҳои гирди косаашро канда, пардаи тирезаашро соз мекард.

- Вайс, ҳо Вайс. Куҷо гум шудӣ? Э, паят канда!

- Хоб аст, бедораш кунам? — ба сӯи хонаи дарун давид писари акаам Салом.

- Ин чӣ бало хоб аст, ки ним рӯз шудаасту ҳолӣ ҳам намехезад? Ҳе, калтаи фитнагар!

- Лаббай, ота. Фарёд кардӣ?

- Доира ку? Лаббай аз сарат монад, шайтон! Чаро ҳалқаҳои онро кандӣ?

- Ман ҳамагӣ дутояшро кандам, ота.

- Дутояшро баро чӣ меканӣ, аблаҳи нокора? Ҳолӣ кор карда, аз пули худат доира хар, баъд мебинем, чанд ҳалқаашро меканӣ, паразит.

- Ота, охир он доираро панҷ сол шуд-ку?! — боз ба гап даромад акаам.

- Даҳ сол шуда бошад — чӣ? Чизро, ки эҳтиёт кардӣ, сад сол ҳам рафтан мегирад.

- Ку, таҳхонаро бикобед, яке он ҷо набошад? — маслиҳат дод хоҳарам Латофат.

- И-и… Дар таҳхона бошад, тамом, — гӯё зиқ шуда бошад, ботаассуф гуфт Шариф. — То ин вақт пӯсташ як сатил об кашид.

- Ту бало доштӣ, ки аз таҳхона гирифта дар ҷои дигар монияш, подабон? — ҳанӯз ҳам паст намешуд ғазаби падарам. — Мӯи сарат думи гадик ворӣ.

- Ман аз саҳар то бегоҳ аз қафои гӯсфандон саргардонам, кай ба доира расидам. Умуман, мани подабон куҷову санъат куҷо?

- Дар ин ҷо нест доира, — аз таҳхона баромад овози хоҳарчаам Гулпарӣ.

- Созтар нигаҳ кун, қутос! — таҳдид кард ӯро Латиф.

- Ту худат кӣ шудӣ, ки ӯро қутос мегӯӣ-а, маймун? — тарафи Гулпариро гирифта, ба ӯ дарафтод Валӣ. — Мезанамат, дар девор мечаспӣ.

- Мезанӣ-а, дароз? Хотири акагит набошад, бардошта мешапамат, тарбуз ворӣ мекафӣ.

- Киро? Маро? — ба ғазаб омад Валӣ ва як торсакии обдор фуровард Латифро.

- Ту маро мезанӣ? — аз ҷой хест Латиф ва башаст давида мисли қӯчқор бо кала ба шиками Валӣ чунон зад, ки Валӣ рафта ба тирезаи хонаи акаам зад. Шишаҳои тиреза майда-майда шуданд.

- Э, бихез, гум шав, дарози беақл, — ба шӯр омад зани акаам. — Омадиву ҷангу ҷанҷолат қатият аст.

- Ту бисёр бидир-бидир накуну рав, хонаи худат даро, — хуни бинияшро поккунон ба сари янгаам Валӣ мушт канд.

- Ту ба сари зани ман мушт меканӣ, аҳмақ? — ба ҷанг ҳамроҳ шудан хост акаам.

- Ақиб гард, аблаҳ, — вайро базӯр боздошт падарам. — Ақиб гард, ки ҳолӣ доираро наёфтед, хуб асабиям. Ҳозир нос барин майда — майдаат мекунам, падарлаънат.

- Шакар барин гӯй, ота. Нос кулут-кулут аст, — ягон мушт ки нахӯрда буд, қофия мезад Вайс.

- Э, гум шав, шоирча. Ёфтӣ вақти қофиябозита. Беҳтараш, давида хонаи хусурат рав. Ба фикрам, доира дар хонаи онҳост. Ду ҳафта пештар ба сари доира омада буд.

- Хусур, чӣ хелӣ хусурӣ,

Ғами маро намехӯрӣ?

Доираро, ки бурдаӣ,

Гашта биёрӣ, мемурӣ?

- шеър бофта, Вайс роҳи хонаи хусурашро пеш гирифт.

- Шариф, гӯсфандон ҳуй карданд, ҳе худо гирад чашмони кӯратро, — баланд шуд овози модарам.

- Гӯсфанд, гӯсфанд. Чӣ фоида ба ман аз онҳо?

- Бирав, гум шав, гӯсфандонро дар ҳел бидоз! Як майда ҷондор аллакай дар фикри фоида аст, — аз нав ба шӯр омад падарам. — Падарлаънатҳо, то чанде калон шуданд, хар шудан мегиранд-е?!

- Ёфтам! — шодикунон аз таҳхона баромад Гулпарӣ.

- Чиро ёфтӣ? — доираи кафидаро дар дасташ дида, дӯғ зад Латофат.

- И-и… кафидаст.

- Э бар падаратон лаънат, галаи товонӣ, — зуқиданашро давом медод падарам. — Чизи обода вайрон кардан-е?!

- Ин доираи куҳнаи чандсола, — дилаш сӯхт магар, ки тарафи бачаҳоша гирифтанӣ шуд модарам.

- Хап кун, занаки бесавод. Доира наву куҳна мешудааст? Ҳамин қадар сол гӯсфанд мекушем, пӯсташонро сагу пишак мебарад. Сад бор гуфтам, ки нигаҳ дор пӯсти онҳоро, лозим мешавад, кори худатро кардӣ. Ана, ҳозир пӯст медоштем, ҳамон доираи куҳна гуфтагиатро нав мекардем. Акнун фаҳмидӣ? Бе-бе-бе-бе…

- Ота, ҳозир як гӯсфандро кушем, чӣ? — бебокона пурсид акаам.

- Гум шав, бемаънӣ! Туро мекушаму гӯсфандро не, — магар якбора ба сари падарам хун зад, ки ранги рӯяш канд.

- Ота, отаҷон, чӣ шуд? Духтур ҷеғ занем? — ба ҳарос афтод Раънояк.

- Ёфт шуд! Ёфт шуд! — аз оғил баромад овози Шариф. — Дар оғил будаст.

- Биёр, бизан доираро, ки бачаи касалиям дар хунукӣ ях кард, — баъди хафагии зиёд каме ба худ омад модарам. — Латиф, гир, ту навоз бачам, метавонӣ.

- Эҳа, чӣ хел менавозӣ инро, кампири сода?  О, ин тар-ку?

- Дар газ қоқаш кунед! — овозаи ёфт шудани доираро шунида чашмонашро кушод падарам.

- Гӯгирд нест, як дона ҳам нест. Газро бо чӣ даргиронам? — аз ошхона баромад овози Адолат.

- Ота! — нохост Вайс даромад. — Доираро хусури ман набурда будаст.

- Э, худо гирад худатрову хусуратро. Рав як бори дигар хонааш, гӯгирд биёр.

- Ота, пасттар дашном диҳӣ, чӣ кор мекунад? Келин шунавад, хафа мешавад, — падарамро насиҳат кард Латофат.

- Э, гум шав, тирмизак. Гунҷишкбача очаша ҷив-ҷив нишон додаст, мегӯянд, рост будааст.

- Ота, чизе ки халқ мегӯяд, рост аст, — ҳоло ҳам нарафта буд Вайс. — Ӯ солҳои сол таҷриба гузаронида…

- Э, гум шав, файласуф, рав, гӯгирд биёр!

- Маҳтоб гардад гирдогирд,

Рафтам барои гӯгирд.

- шеър бофта, Вайс боз ҷониби хонаи хусураш равон шуд.

- Бас намекунед талабиданро? — боз табъи модарам хира шуд. — Худатон гӯгирд харед, намешавад?

- Хап кун, алошақшақа. Ту дар умрат аз хона набаромада бошӣ, аз куҷо медонӣ, ки дар дунё чӣ гап аст? Биёр, бихар мегӯиву халос. О, набошад, аз куҷо биёрам?

- Ҳозир проблемаи гӯгирд яке аз проблемаҳои муҳими рӯз аст, ота, — хирадмандона гуфт акаам.

- Бобо, ман ду-се дона дорам, биёрам?

- О, бало дорӣ, барвақттар биёрӣ?

- Ура, газ даргирифт! — шодикунон доираро таф медод Адолат.

Ҳамин дам нозада тараққоси доира баланд шуд. Кафид. Ҳама якбора хапу хомӯш гардид. Ҳа! Доираи бо сад азоб ёфтаашон кафид.

Алиҷони бемору бемадорро, ки акнун аз ҳуш рафта буд, аз нав ба шифохона бурданд.

Гурез САФАР,

Нависандаи халқии Тоҷикистон