Ҳодисаҳои нангине, ки рӯзҳои аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайвастанд, барои кулли аҳолии кишвар ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ буданд. Чаро?! Зеро мардуми ғурбатзадаи тоҷик нав қомат афрохтаву аз пайи зиндагии осоишта, аз пайи бунёдкориву ободонии Ватани ба ҷон баробари худ, дар талоши бунёди рӯзгори солиму сатҳи зиндагии баланд, серию пурӣ қадамҳои дилпуронаву устувор мениҳанд. Нав сурури раҳоӣ аз гирифториҳо, раҳоӣ аз таҳдидҳо, раҳоӣ аз тарсу ҳарос, ҷангу ҷидолҳои хонумонсӯзи одамкуш ба димоғи мардуми мо накҳати умед овардааст.
Ҳодисаи ғайричашмдошт таркише буд, ки моро ба худ овард, то ғарраи дастовардҳои аввалинамон нашавем, дар ин замони мураккаби зиддиятҳои ҷаҳониву бархӯрдҳои башарӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Ин ҳодиса таркише буд барангехта бо дасти душман, ки мебоист аз пайи худ таркишҳои зиёди дигареро ба бор меовард ва зиндагии осоиштаи мо, рушду ободии навини моро бар хок яксон мекард, он зербуни бинои истиқлолияту амнияту пирӯзиҳоеро, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бунёд гузоштааст, мебоист аз ҳам мерехт ва барбод медод. Аммо хато карданд онҳое, ки гумон доштанд нияти бад, сиришти сиёҳашон мардумро аз паси худ мебарад. Ҳанӯз захмҳои ҷанги бародаркуш, ки низ аз ҷониби бегонагону аҷнабиён тарҳрезӣ шуда буд, дар дилу ҷони халқи заҳматкашу бегуноҳи мо шифо наёфтааст. Ин зарбулмасали тоҷикист, ки «Кӯр як бор асояшро гум мекунад» ё ки «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад».
Дар оғози истиқлолият як бор моро фиреб доданд, раҳгум занонданд, ба майдонҳо бароварданд. Тарғибгарони аҷнабиву маҳалгароёни ватаниву мансабталошони азхудрафта бо ҳадафҳои нопокашон раҳнамо буданд. Оқибат чӣ шуд? Як зиндагии серу пур, ободу осоиштаи мо то ҷое хароб гардид, ки халқи дар сериву пурӣ зиндагидошта нони хӯрданӣ наёфт, халқе, ки дар ҳавлиҳои сабзу хурраму хонаҳои обод зиндагии осоишта дошт, бе хонаву манзил монд, дар ба дар шуд ва ҳатто ба дарюзагӣ рӯй овард. Боғҳову зироатгоҳҳои сабзу хуррам ба биёбон табдил ёфтанд, мардум аз ҳама чиз маҳрум шуд.
Тоҷикистоне, ки нав истиқлол ёфта буд, халқи кӯҳанбунёде, ки нав ба армони ҳазорсолаи худ расида буд, аз гирифторӣ ба ин иғвоҳо, аз боварии содалавҳона ба душманони бадсиришт ва соҳибватанони бесаводу мансабталош ба ҷойи аз як гиребон сар бароварда, Ватани озоди худро соҳибӣ кардан ба сангарҳо ҷудо гаштаву ҳамдигаркушӣ кард ва ҳама чизро аз даст дод, даҳҳо, балки садҳо ҳазор шаҳрвандони мо қурбон шуданд. Хуни ноҳақ рехта шуд, бародар душмани бародар гардид. Ҳукумати нави Тоҷикистон баъди ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ дар хазинаҳои ғоратзадаи худ як тин ҳам надошт, ҳазорон нафар ғарибу саргардону дар ба дар шуданд. Ин буд оқибати ҷанги бародаркуш, ки ҳанӯз аз ёди халқ нарафтааст. Оё ҳамин сабақи таърих, ҳамин ҳушдори тақдир бас нест?
Не! Халқи мо бори дигар раҳгум нахоҳад зад. Имрӯз бештар аз ҳарвақта мо бояд пиромуни Сарвари худ, давлати худ бо ҳам оем, нангу номуси ватандориро бедор кунем, ба хотири ояндаи неки фарзандонамон дигар ниятҳои бад, ақидаҳои бегона, ҳадафҳои нопокеро, ки ду – се мансабхоҳ тарҳрезӣ кардаанд, пайгирӣ накунем, фирефтаи мақсадҳои ғаразноки душманон нашавем. Дарк кунем, ки Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Дар ин замони ҳассос, пур аз ҷангу ҷидол ва муборизаҳои носолим, дар ин замоне, ки дар моварои сарҳаду сарзамини мо ҷангу ҷидол, хунрезиву ҳамдигаркушӣ ва ғорату тороҷ рух медиҳад, силоҳбадастони зиёде омодаи иҷрои ҳадафҳову манфиатҳои нохайрхоҳонае ҳастанд. Хурдтарин рахна дар сарҳади кишвари мо ва ҳам дар сарҳади андешаҳои мо метавонад боиси ворид шудани неруҳои бадсиришту бадкуништ гардад, ки оқибаташ шигифтовар хоҳад буд. Имрӯз бештар аз ҳарвақта дар таърихи ҳастии худ миллати мо, халқи Тоҷикистон ба ваҳдату якпорчагӣ ниёз дорад. Наҷоти мо, неруи мо, пирӯзии мо дар иттифоқи бегазанд аст, ки танҳо муҳаббату садоқати баланди ватандӯстӣ метавонад раҳнамои он бошад.
Мардуми хирадпешаву некбунёди мо, алҳамдулиллоҳ, мусалмонанд. Гузаштагони мо, пирони мо, бузургони мо мусалмон буданду ҳастанд ва дини мубини ислом он қадар поку волову нек аст, ки ягон ҳоҷат ба ҳизбе ё ягон ҳоҷат ба гароишҳои сиёсӣ, ҳоҷат ба силоҳи дигар надорад, зеро силоҳи ӯ аз ҳамаи силоҳҳо тавонотар аст, ки имони ҳар мусалмон аст.
Имрӯз зиндагӣ бори дигар нишон дод, ки аз ислом набояд ҳизб сохт ва ин ҳизбро ба манфиатҳои гурӯҳе, шахсоне истифода бурд. Кори ислом бо сиёсат нест, кори ислом бо Худост, бо одоб, суннатҳои нек, маърифату фарҳанги баланди ҷомеа аст. Ислом раҳбалад ба худшиносӣ ва аз ин ҷода ба Худошиносист. Ҳодисоти охир нишон доданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардум боз ҳам душманони мо хостанд ҳизби исломиро барои ба даст овардани ҳукумату сарзамини озод, барои барҳам задани Истиқлолияти миллии мо ва ба сари кор овардани аҷнабиён ва манфиатҷӯёни худком истифода кунанд. Вагарна дар оғоз ба мавҷудияти чунин як ҳизб дар Тоҷикистони мо иҷозат дода шуд. Вале худ қазоват кунед, ки дар давоми чандин соли мавҷудияти худ ҲНИТ ва сарварони он фаъолияти арзандае нишон доданд? Оё онҳо наметавонистанд даст ба даст бо Давлату Ҳукумат саҳми намоёни худро дар бунёдкориву ободонӣ, дар таҳкими сулҳу ваҳдат, дар фароҳам овардани муҳити солиму хайрхоҳонаву ободкорона бигузоранд?
Чаро онҳо ба роҳе рафтанд, ки зидди амнияти кишвар, зидди давлат аст? Агар онҳо ҳадафи неке доштанд, чаро роҳҳои солимро пайгирӣ накарданд? Чаро силоҳ ба даст гирифтанд? Ҷавоби ин чароҳо чист?
Боиси таассуф аст, ки симои Муҳиддин Кабирӣ — раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои сол ба ӯ минбари сиёсӣ ва имкониятҳои саҳмгузориро барои рушду пешрафти Истиқлолияти кишвар дод, имрӯз бо ранги дигар ҷилвагар шуд.
То ҳол кас ба пайваст будани Кабирӣ ва ҳатто раҳнамоӣ кардани ӯ онҳоеро, ки силоҳ ба даст гирифта, зидди давлати соҳибистиқлоли мо бархостанд, бовар намекунад. Агар воқеан чунин аст, пас ин хиёнаткорие беш нест. Силоҳу лавозимоти ҷангии ғасбшуда, далелҳои зиёди дигар худ гувоҳи ин гуфтаҳост. Онҳо роҳеро интихоб карданд, ки хиёнат ба Ватан, ба халқи худ ном дорад ва ҳазор афсӯс. Инсоне, ки метавонист ақлу донишу ҳунари худро барои ободиву осоиштагӣ ва нумӯи Ватанаш сарф кунад, ба ин роҳ рафт ва бо касоне пайваст, ки Тоҷикистони ободу зебои биҳиштосои моро чашми дидан надоранд. Афсӯс!..
Вақте ба хиёнати генерал Ҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва ҳаммаслакони ӯ менигаред, ҳайрон мешавед. Оё ба он як миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷамъоварӣ шуду барои яроқ ва тире, ки ба сӯи Ватан равона гардид, сарф шуд, беҳтар набуд, ки барои фарзандони модар – Тоҷикистон, яъне ҳамватанони худ як корхонае бунёд мекарданд, як мактаб месохтанд ва як боғи сабзу хурраме ташкил менамуданд ва соҳиби таҳсину офаринҳои мардум, дуои неки пирону модарон ва раҳмати Худованд мешуданд.
Он 35 нафаре, ки ҷонашонро бохтанд ва 125 нафар раҳгумзадаи дигар, ки боздошт шуданду зиндагии ширини худро талх намуданд ва бар сари авлод, хешовандон, дӯстон ва ҳамсоягон сангҳои маломат рехтанд, онҳоро доғдор сохтанд, чӣ баҳрае бардоштанд аз ин ғаразпешагӣ? 520 яроқи оташфишон, 11 ҳазор дона тир бо чӣ ҳадаф ҷамъоварӣ шуд, бояд киро мекушт? Моро? Шуморо? Ба сари кӣ, ба хонадони кӣ фоҷиа меовард?! Ин саволҳоро мо бояд имрӯз гаштаву баргашта ба худ ва ба дигарон такроран бидиҳем.
Чӣ намерасид ба Ҳалим Назарзода, ки давлати Тоҷикистон баландтарин рутбаи ҳарбӣ — генералиро ба ӯ раво донист, ӯро ба вазифаи масъулу баланд — муовини вазири мудофиа нишонд? Сазовор шудан ба чунин мақом оё худ ифтихор нест? Ӯ чӣ камбудӣ дошт? Дар Ватани озоди худ соҳиби ҳама чиз буд ва имкон дошт дар роҳи ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад ва раҳмати Худову муҳаббати халқро соҳиб шавад. Ӯ чӣ мехост? Вазифаи баландтар, зинаҳои болотар? Охир баландтарин вазифа сокини озоди Ватани ободи худ будан нест магар? Беҳтарин дороӣ муҳаббати халқ, муҳаббати Ватан, садоқат ба кишвари худ нест магар?
Чӣ метавонад баландтар аз шаъну шарафи Ватан бошад? Чӣ метавонад муқаддастар аз марзи номуси Меҳан бошад? Чӣ метавонад шоистатар аз ҳастии ободу озоди фарзандон, хешу табор ва халқи худ бошад?! Чӣ ҳадафе метавонад ба дасти мо силоҳ диҳад ва дар Ватани худамон, ба муқобили халқи худамон моро бархезонад?! Албатта, ҳеҷ чиз. Мансаб, курсӣ, вазифа, молу мулк, симу зар, тоҷу тахт – ҳеҷ яке аз инҳо як зарра арзише дар пеши оромии кишвар, осоиши тифлон, ҳувияти миллат ва хоки пои модарон надорад. Пас афсӯс ба раҳгумзадагон.
Гумон мекунам неруҳое ҳастанд, ки фарзандони моро раҳгум мезанонанд. Бояд худшиносиву худогоҳии халқамонро ба муқобили ин неруҳо сипар созем. Эй, кош, халқи азиятдидаи мо дигар раҳгум назанад, Истиқлолияти қимати худро соҳибӣ кунад, роҳи хирад ва ягонагиро пеш гирад.
Саидхӯҷаи Сиддиқ,
рӯзноманигори озод