Тақвим

Моҳи ҷашнҳои истиқлолият, демократия, сулҳ ва дил

№107 (4057) 05.09.2019

IstikloliyatСентябр барои аҳли башар, бахусус, миллати тоҷик,  моҳи ҷашнҳои бузургу зебост. То ба ҳол рӯзҳои дониш, кормандони саноати нафту газ (1 сентябр), анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон (2 сентябр), авиатсия, (3 сентябр), китоб (4 сентябр) ва ҷашни бузургтарини ҷумҳурӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон — (9 сентябр) — ро бо хурсандӣ ва шукӯҳу шаҳомат таҷлил намудем ва ё менамоем. Акнун, дар пеш ҷашн­ҳои дигар моро интизоранд.

Дар тақвими ҷаҳонӣ ин моҳ қариб 40 ҷашн ва рӯзҳои махсус таҷлил ва қайд мегарданд. Муҳимтарини онҳо 8 сентябр бо рӯзҳои байналмилалии саводнокӣ, ҳамраъйии журналистон ва турна оғоз меёбанд. Ҳадафи ду рӯзи аввал барои ҳама маълум аст ва сабаби пайдоиши Рӯзи байналмилалии турна оғози давраи ба манотиқи зимистонгузаронӣ бозгаштани ин парандаи зебост.

Инсони солим дар ҳар давру замон суиқасд ба ҷон ва худкуширо маҳкум менамуду менамояд. Имрӯз ҳам, ки теъдоди чунин ҳодисаҳои ногувор кам нест, бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 10 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии пешгирии худкушиҳо эълон гардидааст. Ин рӯз дар аксар кишварҳои олам ҷиҳати пешгирӣ ва кам намудани шумораи чунин ҳодисаҳо чорабиниҳо доир мегарданд. Тадқиқотҳои ТУТ собит намудаанд, ки агар ба ашхоси ба садамот, сактаи қалбу сар, фишорбаландӣ ва ҳолатҳои дигар дучоршуда, ки хатари марг таҳдид менамояд, сари вақт ёрии аввалияи тиббӣ расонида шавад, қисми зиёди онҳо наҷот хоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, басо муҳим аст, ки ҳар инсон аз роҳу усулҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ бохабар бошад. Ҳадаф аз Рӯзи умумиҷаҳонии расонидани ёрии аввалияи тиббӣ эълон гаштани 14 сентябр ҳамин аст.

ТуризмСанаи дигари барои аксар кишварҳо муҳим Рӯзи байналмилалии демократия (International Day of Democracy) аст, ки соли 2007 эълом гардида, 15 сентябр қайд мешавад. Демократия ифодакунандаи низоми сиёсист, ки асоси онро қабули қарорҳо бо дарназардошти раъйи бештари мардум ташкил медиҳад.

- Бояд эътироф намоем, ки одамони ҷаҳон ҷонибдори демократия мебошанд ва ба он майл доранд. Демократия ҳадаф ва воситаи зарурии таъмини рушд ба манфиати инсоният аст, — изҳор намудааст ҳаштумин муншии умумии СММ Пан Ги Мун. Инчунин, демократия раванд низ мебошад, ки танҳо бо иштирок ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, ҷамъият ва шахсони алоҳида ғояҳои демократияро барои ҳар як инсон дар ҳама гӯшаву канори олам татбиқ намудан мумкин аст.

Ҳадафи рӯзҳои умумиҷаҳонии мониторинги сифати об (18 сентябр), туризм (27 сентябр) ва Рӯзи байналмилалии сулҳ (21 сентябр) бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамнавову наздиканд. Рӯзи умумиҷаҳонии мониторинги сифати об бо пешниҳоди Бунёди амрикоии оби тоза, Рӯзи байналмилалии сулҳ бо ибтикори Маҷмаи умумии СММ ва Рӯзи умумиҷаҳонии туризм бо ташаббуси Маҷмаи умумии Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ (Торремалино, Испания) эълом гардидаанд.

Имрӯзҳо зиёдшавии автомобилҳо дар шаҳрҳои калон ба мушкилоти хеле бузург табдил ёфтааст, ки ин, қабл аз ҳама, ба тамбашавӣ дар роҳҳо ва ифлосшавии муҳити атроф оварда мерасонад. Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни автомобил (22 сентябр) даъват ба андаке сабук намудани ҳаракати автомобилҳо дар роҳҳо, тоза кардани ҳавои шаҳр ва тарғиби пиёдагардиву велосипедсаворист, ки барои саломатии инсон муфид аст.

РудакиАз соли 2013-ум 26 сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои комилан несту нобуд намудани силоҳи ҳастаӣ қайд мегардад. Ин талаби сулҳхоҳон дар айёмест, ки шартномаву аҳдномаҳои қаблӣ дар бобати кам  кардани силоҳи ҳастаӣ фаромӯш гардидааст ва дунёро хатари ҷанги нав таҳдид менамояд.

- Фикри тан саҳл аст, фикри дил кунед, — фармудааст бузурге. Ҳадаф аз Рӯзи умумиҷаҳонии дил эълом гардидани 29 сентябр риояи ҳамин таъкид аст, зеро хушиву хурсандӣ, тансиҳатӣ ва самараи кору зиндагӣ беш аз ҳама ба ҳолату фаъолияти ин муҳаррики бадан вобаста аст.

Рӯзи байналмилалии тарҷума (30 сентябр) адабиёт ва миллатҳоро ба ҳам наздик месозад, ки ҷамъбасти сазовори тақвими ҷаҳонии  моҳи сентябр аст.

Дар ҷумҳурӣ бошад, идҳои касбии мелиораторон (якшанбеи дуюм), кормандони ҷангал (якшанбеи сеюм), мошинсозҳо (якшанбеи охир) ва ҷашнҳои бузурги Рӯзи  Рӯдакӣ (22 сентябр) ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (30 сентябр) таҷлил мегарданд.

Н. Низомӣ«Садои мардум»