Шумораи нуҳуми маҷаллаи оммавӣ – фарҳангии «Моҳтоб»-ро тасодуфан дастрас намудам. Аз он хурсанд шудам, ки он фазои иттилоотии кишварро пурратар мекунад ва ба мардум имкони бештари баёни андеша фароҳам мегардад. Сифату ороиши маҷалла дилчасп, вале мазмуну муҳтавои он боиси нигаронист.
Маҷалларо на аз рўи ҷолибият, балки аз рўи кунҷковӣ мутолиа кардам. Мақолаҳо якрангу қолабӣ буданд, мавзўъ, услуб ва ҷуғрофияи матолиб риоя нашудааст. Дар маҷмўъ, маҷалла хронологияи кормандони соҳаи ҳуқуқро мемонад. Муаллифон дар бораи ҷашну санаҳои таърихӣ бо услуби «якнавохт» сухан мегўянд ва табрик мекунанд.
Аз шиносномааш бармеояд, ки он ҳамчун маҷаллаи оммавӣ — фарҳангӣ дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сабти ном шудааст. Дар шумораи мазкур 35 матлаби хурду калон (ҳамааш бо расм) нашр шудааст. Аз ин миқдор муаллифи 15 мақола судяҳо (чор судя аз ноҳияи Рўдакӣ) буданд, 16 мақолаи дигар пурра ба фаъолияти табибон, аз духтури гўшу бинӣ то сардухтур, бахшида шудааст.
Одатан, дар рўзнома ва маҷаллаҳо гуногунмавзўӣ, гуногунуслубӣ ва ҷуғрофияи мақолаҳо ба инобат гирифта мешавад. Вале дар маҷаллаи «Моҳтоб» ин омил низ истисно шуда, 5 матлаби суратдор аз ноҳияи Исфара ба табъ расидааст.
Наход дар маҷаллаи моҳияти ҷумҳуриявидошта фақат кормандони ду соҳа – ҳуқуқшинос ва табиб баромад кунанд? Пас, чаро онро чун маҷаллаи «оммавӣ – фарҳангӣ» сабти ном кардаанд? Ҳол он ки дар он на аз фарҳанг сухан асту на аз омма нишон.
Бар замми нуқсу камбудии зикршуда, маҷалла на теъдоди нашр дораду на маълумоти макони чопу на соли сабти ном.
Сониян, нашри маҷалла кори як шахс нест ва набояд бо як услуб чоп шавад.
Аз услуби иншои матолиби маҷалла маълум аст, ки муаллиф ба маънии калимаҳо сарфаҳм намеравад. Вагарна дар саҳифаи аввал «Парчам амсоли пирўзӣ» маънидод намешуд.
Магар бо чунин муҳтаво «Моҳтоб» метавонад фазои иттилоотии кишварро равшан кунад?
Абдухолиқ Мирзозода,
«Садои мардум»