Модар

№30 (4136) 07.03.2020

 Модари мушти пари ман,

Модари чашми тари ман,

Бо зулоли ғуссаҳояш қатра-қатра об мешуд.

Боғи моро шабнами андӯҳи модар пок мешуст.

 

Модари ман

 Ҷонамози баргҳоро тоза мекард.

То малоик рӯ зи боғи мо натобад.

Модари ман аз раҳи худ хор мечид,

То ки мо хорӣ набинем.

Чодари номуси дунёро ба сар дошт.

 

Модари ман ҳар пагоҳӣ

Чеҳраи маҳтобро дар чашма мешуст.

Чашма бо маҳтоб механдид.

Пушти анбӯҳи сапедорон

Ҳазрати афтоб механдид.

 

Модари ман ашки Марямро

Дона-дона бо алам мечид.

Ҳар яке исми Худоро дошт

Ӯ Худоро дона-дона гиря мекард.

 

Модарам аз боғи ангур хӯша мечид,

Хӯшаҳои зулфи ӯро бод мебӯсид.

Ангури лабҳои модар сураи дил буд,

Боғи мо аз атри Қуръон маст мешуд.

 

Модари ман 

Дар миёни гургҳои кӯҳ

Гургаке дошт, гурги кокулдор,

Пуштибонаш галаи гургон

Ҳам мазори Чилтани Хӯчилдиёр.

 

Модари ман

Дар ҳиҷоби розҳо печида мерафт,

Мисли моҳи осмон дар гулхани шарму ҳаё месӯхт.

Чеҳраи имони ӯ покиву иффат буд.

 

Модари мушти пари ман Чун кабӯтар

 Дар ҳавои сабзи имон болу пар мезад,

Ӯ ба мо парвози покиро сабақ медод.

 

                     ******

 

Сарам ба пои гӯри ту модар… Худо доност,

Ки ашку сабзаву ин хок ояте гӯёст.

 

Ба барзахе, ки ту ҳастӣ чунон дил бастам,

Қиёмате зи меҳри мову аз падар он ҷост.

 

Саломи мо ба Худо бар паёми ранҷурон,

Фиғони шуълаи ҷону дуои шаббӯҳост.

 

Сарам ба пои гӯри ту модар… Худо хоҳад,

Насими рӯзи висол, атри боғ ҳам пайдост.

 

Туро ба ашки қунут ёд мекунам ҳар шаб,

Валек қомати сабри Худо, ки бепарвост.

 

Маро бибахш, то ту рафтӣ аз барам, модар,

Ду боли сабзи дуоям… фақат Худо доност.

ВОРИС, «Садои мардум»