Модар — биҳишти ман

№26 (3663) 07.03.2017

c48e0b94c8e6895ba1546d227fcf5ded«Рӯзи Модар». Одамон гулдастае, атре, матое… дар даст ба табрики  модаронашон мешитобанд.

Хонаҳо  тамизу мизҳо ороста. Ҳама даври модар ҷамъ мешаванд. Дилҳо шоду чеҳраҳо хандон. Табрику таҳният мегӯянд модарро бо ин рӯзи бузург.

Аммо ба мо танҳо ёде аз ӯ монда «Рӯзи модар», мо на механдем, на  мерақсем, на ҷашн мегирем, балки бо дидаҳои пур аз ашк рӯзро шаб мекунем. Ба ёди он рӯзҳое, ки модар бо мо буду хон меоростем, беҳтарин хӯрокро барояш мепухтем, ба табрикаш фарзандонаш гирд меомаданд, ҳасрат мехӯрему дар ҳаққаш дуои хайр  мефиристем. Модар, зеби хонаву дари падарам, ҷаҳони орзуҳои додару акаҳоям, болу пари хоҳаронам, хабаргири апаҳоям! Кунун чашми тари хоҳаронам, хонаи холӣ бе ту, нишони рӯзгори тирагуни мост.

Дигар он рӯзҳои зебо нотакроранд. Дигар мо хушбахт наем. Чӣ гуна дунёи беолоиш доштанамонро, ки  бо вуҷуди ту саршор буд баён кунам. Дунёи кӯдакии худ­ро варақ занаму рӯи авроқи чун пичаҳоят сафед туро ёд оварам?!

Ҳар рӯз аз кор ба хона меравам, ба умеде ки аз гӯшае садоятро  бишнавам: «бачам, чаро дер омадӣ?». Модар мехоҳам фарёд занам, ба ҷустуҷӯят бароям, то аз гӯшае пайдоят намоям. Аммо афсӯс, намеёбам туро, эй модари ғамхоре, ки пушту паноҳам будӣ, ғамгусорам будӣ. Модари тарбиятгарам, роҳати дунё  надидӣ. Мактаби олӣ нахондаву моро хонондӣ, худ нахӯрдиву напӯшидӣ, моро хӯрондиву пӯшонидӣ.

Имрӯз, ки дар барам нестӣ, хона гармие надорад, хонаи холӣ, хонаи берангу бӯ ва хонаи бе модар. Аксатро дар ҳама ҷо меҷӯям, дар рухсораҳои занони ҳамсолат, меҳратро ҷӯё мешавам, аз апаву аз хоҳар, аз холаву амма, аммо он гармии муҳаббатеро, ки диламро таскин мебахшад, аз касе  наметавонам  гирифта.

Модар, бе ту зиндагӣ ранг надорад, бе ҳастиат дунё маъно надорад, дар канори мо будӣ, ба канори хок рафтӣ.

Модарҷон, дунёи охиратат обод бошад!

Модар, биҳишти ман ҳама оғӯши гарми туст,

Гӯӣ сарам ҳанӯз ба болини нарми туст.

Имрӯз ҳастиям ба умеди дуои туст,

Фардо калиди боғи биҳиштам ризои туст.

Мавзуна ДАВЛАТЗОДА