Нафаре нест, ки модари худро дӯст надорад. Ин дӯстдорӣ бо шаклу шеваҳои гуногун зоҳир гардида, ҳар кадом вобаста ба махсусияту назокат беназир аст. Вале ашхосе ҳастанд, ки бо ба маъраз гузоштани эҳтирому муҳаббати хоса ба модари худ дигаронро ба ин кор таҳрик мебахшанд. Ба ибораи дигар, чунин фардҳо намунаи ибрат маҳсуб мешаванд. Барои ман, ки модари ду фарзандам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахс маҳсуб шуда, ба шарофати ихлосу эҳтироми ӯ ба модари бузургворашон муҳаббати ҳамагон ба модар афзуд.
Маҳз ба шарофати қадршиносии Пешвои миллат дар тақвими мо Рӯзи Модар ҷойгузин шуд, то таваҷҷуҳу арҷгузории хоса ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит гардад. Агар моҳияти ин санаро мухтасар бозгӯӣ намоем, он аз муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза таркиб ёфта, дар чунин сатҳ таҷлил шуданаш мантиқан сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои камоли инсоният сарф намудааст.
Вақте дар бобати меҳру муҳаббати модарон сухан меронем, пеш аз ҳама, бояд дарк намуд, ки он беинтиҳо асту тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Бегуфтугӯ, инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз модар эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомӯзонад.
Модари ман ба маънои том хушназар аст. Ҳарчанд аз хурдӣ пешаи журналистикаро дӯст медошт, вале заврақи зиндагӣ ӯро аз соҳили мурод фарсахҳо дур бурд. Сарфи назар аз ин, хушназар будани модарам ба ҳошия нарафт ва ӯ завқу салиқаи волояшро дар заминаи ҳунари дӯзандагӣ ба маъраз гузошт.
Ӯро нахуст куртаҳои шинаму зебои дӯхтаи модараш, ки бонувони ҳамсоя ба бар мекарданд, ангеза медиҳад, то ин ҳунарро омӯзад. Вақте модараш куртаи нав ба тан мекард ё либоси омодакардаашро ба фармоишгар пешниҳод менамуд, ҳисси кунҷковии модарам бештар мегардиду бо суолҳои бешумор, ба қавле, модарашро безор мекард. Мароқ зоҳир намуданаш ба ин касб то ҳадде буд, ки барои лӯхтакҳо аз боқимондаи матои куртаҳои дӯхтаи модараш либос омода мекард.
Аз модаркалонам ёдовар мешаваду ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Ӯ ҳамеша мегуфтааст, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи каси дигар намешавад. Ба ҳамин хотир мехост, ки духтараш касби ӯро омӯзад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар синфи 7-ум модарам ҳунари дӯзандагиро аз бар мекунад ва падараш ба ӯ дастгоҳи либосдӯзӣ туҳфа менамояд. Нахустин либосҳоро барои модару хоҳаронаш дӯхтааст, ки хеле зебо будаанд. Маҳсули дастонаш зуд дар маҳалла ва баъдан дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, зодгоҳаш, машҳур мешавад. Сипас, тақдир ӯро ба шаҳри Душанбе меорад. Дар пойтахти кишвар, ки рақобати касбӣ бениҳоят шадид аст, комёб будан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Хушбахтона, модарам боз аз як имтиҳони ҷиддӣ — қонеъ намудани талаботи мизоҷонаш дар пойтахт сарбаландона мебарояд. Ҳоло бонувони пойтахт бо тарзи нав ва либоси мӯдшуда фармоиш медиҳанд ва модарам талаботи онҳоро қонеъ менамояд. Бонувони фармоишгар аз кораш қаноатманданд.
Чун ба рафтору гуфтор ва пиндори модарам таваҷҷуҳ зоҳир менамоям, бори дигар ба садоқаташ ба касб муътақид мегардам. Манзурам мунтазам такмил додани касбияташ аст. Ба касби интихобкардааш муносибати дуюмдараҷа надорад. Аз нигоштаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио, ки ба дӯзандагӣ бахшида мешуданд, нозукиҳои пешаро омӯхт ва дар дӯхти куртаҳои тоҷикӣ навгониҳо ҷорӣ намуд, ки ба мизоҷон хеле писанд омад. Аз ин лиҳоз, талабот ба куртаҳои дӯхтааш бештар шуд. Вақте аз ӯ дар бораи нозукиҳои дӯзандагӣ пурсон мешавам, он қадар ботафсил шарҳу тавзеҳ медиҳад, ки андеша дар мавриди касби одӣ будани дӯзандагӣ ботил мегардад.
- Дӯзанда бояд пуртоқат бошад, касбашро дӯст дорад, аз назокатҳои мӯд огоҳ ва покизакор бошаду ба ақидааш устувор. Дақиқкорӣ, чолокӣ, чобукии дастон ва тобоварии ҷисмонӣ сифатҳои дигари нисбатан муҳими касби дӯзандагӣ мебошанд. Ҳунари дӯзандагӣ дар назари аввал осон менамояд, аммо баъд аз ворид шудан ба муҳити пурмашаққат душвории ин касб маълум мегардад. Дӯзандагӣ нозукиҳои зиёд дорад ва надонистани он мушкилиҳои зиёд пеш меорад. Завқу салиқа ва донишу таҷриба барои намояндаи ин касб нақши асосӣ мебозанд. Дӯзанда бояд ба шакли матоъ, махсусияти дӯхтани пироҳан, интихоби сӯзан ва ришта таваҷҷуҳи хос зоҳир кунад. Дарозии кӯк, пора кардани матоъ, санҷидани сифати он, пайваст намудани ҷузъҳои матоъ бо ёрии дарзҳо, омода кардани дастгоҳи дӯзандагӣ ва нигоҳубини онро донад,- таъкид мекунад модарам.
Маҳз ҳамин махсусияти фаъолият боис гардидааст, ки ба модарам бештар навхонадорон дӯхтани либосҳои арӯсиро фармоиш медиҳанд. Мо, фарзандон, ифтихормандем, ки ҳунару истеъдоди дӯзандагии ӯ на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои атрофи шаҳр низ маъруф аст. Ҳамчун мутахассис соҳибном ва миёни ҳамкорон соҳибэҳтиром аст. Ӯ бисёр зани меҳрубон аст, аз ҳамкасбон ёриашро дареғ намедорад. Поси шаб ба хона меравад ва субҳ бо ширинии лазизе дар даст ба корхона раҳсипор мегардад.
Модарам аз он қаноатманду сарафроз аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ рушд намуд. Маҳз дар ин замина занони тоҷик бо пӯшидани либосҳои миллӣ фарҳангу тамаддуни миллии тоҷиконро ҳифз ва муаррифӣ менамоянд.
Иродаи қавии модар, накукору нексиришт буданаш барои мо, фарзандон, шоистаи пайравист. Хислатҳои ҳамидаи модар одамияту самимияти моро бештар карда, водор месозад, ки таври шоиста қарзи фарзандии худро дар наздаш ба ҷо орем. Ҳамеша модарро гиромӣ медорам, хуб дарк мекунам, ки ин фариштаро на танҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ бояд дошт, балки ҳамарӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонии он расидан қарзи инсонии мо — фарзандон маҳсуб мешавад. Биноан, дар Рӯзи Модар пеши пояш саҷда ва иброз хоҳам кард: «Шумо сафобахшандаи ҳаёт, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастиед. Бузургии Шумо ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бояд бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш гардад. Меҳри беҳамтои Шумо ба мисли хуршед аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз Шумо аст ва Шумо шабеҳи ситораи дурахшоне ҳастед, ки бо нерумандии атокардаи Худо роҳи мо, фарзандонро дар тӯли зиндагӣ равшан сохтаед. Дар маҷмуъ, ҳама пешравиҳои мо, фарзандон, самараи заҳмати шабонарӯзии Шумо аст, Модар!».
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»