Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон

№50 (3687) 09.05.2017

10204208Аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 72 сол пур мешавад. Давоми  солҳо иштирокчиёни он кам шуда, хизмати онҳо дар назди халқу Ватан фаромӯшношуданист. Зиёда аз 300 ҳазор нафар тоҷику тоҷикистонӣ дар он ҷанг иштирок карда, қаҳрамониву ҷоннисорӣ нишон додаанд. Он вақт теъдоди аҳолии Тоҷикистон зиёдтар аз як миллион буд.

Деҳае, ки ман дар он ба дунё омадам, он қадар калон нест, аҳолиаш ба ҳазор нафар намерасад. Мувофиқи нақли калонсолон, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи аҳолӣ бамаротиб кам буд. Аммо аз он зиёда аз 10 нафар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаанд. Бо гузашти солҳо ва дастрасӣ ба бойгониҳои замони ҷанг, номи чанд  нафари дигар ба рӯйхати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ворид шудааст. Аксар онҳое мебошанд, ки аз бозору макони кор ба фронт сафарбар шудаанд. Барои тақвияти гуфтаҳо мехоҳам мисол орам.

Бибиам Бадиева Идбика ба саволҳои мо оид ба гузаштагон ҷавоб мегуфтанд, аммо замоне ки аз падарашон чизе мепурсидем, изҳор медош­танд, ки он касро хуб дар ёд надоранд. То имрӯз низ бибиам гум кардани падарашонро ба ёд меоранд ва то чанд соли пеш ҳатто бовар доштанд, ки шояд дар минтақаи дигаре оила барпо кардаву имкони бозгашт ба деҳаро пайдо накарда бошанд…

Аммо воқеият дигар аст. Бибиам шояд 5 ё 6-сола будаанд, ки бо модар ва падар барои дидани хоҳарбузургашон, ки аз падар ятим мондаву дар интернат тарбия мегирифтааст, ба маркази ноҳия мераванд. Бибиам бо модар барои дидани апаашон дохили бино мешаванд, аммо бинобар иҷозат надодани маъмурони интернат барои ворид шудан, падарашон  дар берун мемонанд. Пас аз дидорбинӣ падарашонро дар беруни бино намебинанд. Аз роҳгузарҳо мепурсанду бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро мекобанд, аммо асаре аз ӯ пайдо намекунанд. Чун кормандони интернат аз ҳодиса бохабар мешаванд, бибиамро низ барои тарбия ба интернат қабул менамоянд. Модарашон бошад, танҳо ба хона бармегарданд…

Бибиам тахмин мекарданд, ки шояд падарашонро барои иштирок дар сохтмони  ягон иншооти азими ҳамонвақта, аз қабили роҳу каналҳо, ба дигар минтақа бурда бошанд. Агар дар рӯзномае номеро бо насаби «Бадиев» ва ё «Бадиева» дучор мешуданд, дарҳол пайи муайян кардани шахсияти он мегардиданд. Аммо нишоне аз падар пайдо намешуд. Банда низ баъд аз донишҷӯ шудан ба ин масъала таваҷҷуҳ кардам, то шояд асаре пайдо намоям. Дар чанд асари фолклорӣ номи ҳамдеҳагонро дучор шудам, аммо  номи бобокалони худро не. Ниҳоят, 5 сол қабл тасодуфан китоберо пайдо намудам, ки оид ба иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳияи Айнӣ маълумот медод. Ҳангоми саҳифа ба саҳифа хондани он ба номи бобоям, ки дар китоб «Бердиев Бадеъ» сабт шудааст, дучор омадам. Онро хондам ва маълум гардид, ки соҳиби ном сокини деҳаи мо буда, соли 1943  ба фронт сафарбар шуда,  ҳамон сол дар ҷанг ҳалок гардидааст. Баъд аз пайгирии масъала мутмаин шудам, ки шахси дар китоб зикршуда бобокалони мост ва ин хабарро ба бибиам расонидаму байти шоири шаҳири тоҷик устод Лоиқ ба хотирам омад:

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,

Охирин умеди ин умедворон зинда бод….

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»