Муъҷизаҳои Сангвор ва мушкили ҳалталаб

№53 (4473) 30.04.2022

Муъчизахои СангворОё шумо боре ба водии Вахё рафтаед? Ҳусну малоҳати ин диёри пурасрор ва муъҷизаҳои онро дидаед? Он қадар зебову рангоранг аст, ки агар бинанда бори аввал меҳмон шавад, аз тамошояш сер намешавад. Баробари паҳн гардидани нурҳои офтоби ҷаҳонтоб, табиат пеши назари бинанда ранг мегардонад.

Замоне дар ин диёри зебо мардуми зиёд зиндагӣ мекарданд. Аз саргаҳи водӣ то охири он деҳаҳои хурду бузург ҷойгир буданд. Баъдтар сокинони Вахёро муҳоҷир карданд. Чанд деҳа монду шумораи ками одамон. Ин мавзеъ дигар тобеи ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) буд. Бархе аз сокинони пешин ба хотири рӯшан кардани чароғи хонаи аҷдодон ба зодгоҳ баргаштанд ва соли 1991 ноҳияи Тавилдара таъсис ёфт. ҳоло ноҳия Сангвор ном дорад.

Сангвор аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 205 километр дур воқеъ аст. Шумо чун аз деҳаи Сари Ҷар ба тарафи ноҳияи Сангвор меравед, то расидан ба маркази ноҳия аз манзараҳои зебо, аз қабили рӯду дарёҳои хурӯшони Вахш, Хингоб, Сурхоб, кӯҳу дараҳои аҷиб, дарахт­зору ҷангалзор тамошо мекунеду лаззат мебаред.  Ҳар сол ба ноҳияи Сангвор аз дохили кишвар ва берун аз он ҳазорон сайёҳ меояд. Водии Вахё дер боз байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо мазори Бурхи Валӣ маълуму машҳур аст.

Дар ноҳия 32 зиёратгоҳ, 200 чашмаву обҳои шифобахш, ҳавзҳои Сода ва Кабуд воқеанд, ки аз мавзеъҳои зебои ин ноҳияи дурдастанд. Дар ин ҷо оромгоҳи Бурхи Валӣ ҷой дорад, ки дахмаи ӯ хеле зебо сохта шудааст ва байни мардуми маҳал дар бораи ин шахсият садҳо қисса маъруф мебошад.

Сокинони ноҳияи Сангвор аслан ба кишоварзӣ машғуланд.  Дар ноҳия парвариши занбӯри асал, чорво ва зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Асали Сангвор аз ҷониби мутахассисони тиб баҳои баланд гирифтааст. Сабаб гуногунии рустаниҳои шифобахши мавзеъ аст.

Ноҳия барои роҳандозии сайёҳӣ хеле мувофиқ аст. Сокинон мардуми меҳмоннавозу олиҳимматанд. Иқлим, табиат, ҳайвоноту наботот, ҳавои тоза, чашмаҳои шаффоф, мардуми меҳмоннавози он барои роҳандозии агротуризм, сайёҳии кӯҳӣ, шикор имконияти мусоид мебошад. Дар ноҳия барои қабули сайёҳон 7 меҳмонхонаи замонавӣ ва зиёда аз 20 меҳмонхонаи сарироҳӣ  омодаанд.

Аммо мушкиле ҳаст, ки ҳалли он метавонад ба рушди сайёҳӣ таҳрик бахшад. Роҳи Сари Ҷар то ба маркази ноҳия солҳои тӯлонист, ки таъмири асосиро надидааст. Агар он таъмир шавад, теъдоди сайёҳон ба даҳҳо ҳазор нафар хоҳад расид.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»