Вай бо мӯйҳои дарози хушбофташ Робияи чилгазамӯйро аз афсонаҳои қадимаи тоҷик ба ёд меовард. Вақте ки ба донишгоҳ ворид мегардид, ҳамроҳаш гӯё афсонаи гуворову дилнишин меовард. Хосатан, бо пайкари нозанину қашангаш, ки онро пироҳани хушдӯхти тоҷикона зеб медод.
Дар солҳои ҳукумати шӯравӣ, ки аксар омӯзгорони донишгоҳ зиёд аврупопарастӣ мекарданд ва алайҳи либосҳои миллии тоҷикона бармехестанд ва фақат пӯшидани либосҳои ғарбиро талқин мекарданду ба ин васила «ягонагӣ ва якрангии ҳама мардуми шӯравӣ»-ро ба миён оварданӣ мешуданд, баногаҳ, бо либосҳои миллии қашанг мисли муъҷиза пайдо шудани ҷавонбонуе ҳатто душманони либоси тоҷикиро лолу пакар менамуд. Арзандаю зеби инсон будани либосҳои миллиро, ки аз пироҳани бабаркардааш бармеомад, таъкид мекард.
Вай аз дунёи зебои қадима гӯё ба олам омада, ба назари донишҷӯён низ басо пурмалоҳат менамуд. Ҷавонбону муаллимаи мо буд, ки аз хусуси ҳуруфи қадимаи забони форсӣ-арабӣ дарс мегуфт. Яъне, дар бинои шашуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни се факултет таҳсил мекарданд — шарқшиносон, филологҳо, журналистон ва ҷавонбону барои онҳо ҳуруфи ниёгон меомӯзонд.
Вақте ки ба синфхона ворид мешуд, бо лаҳни хоса, лабханди сеҳрбор ва одоби писандида ба ҳама фасонавор салом мегуфт, ки ҳозиринро на танҳо мафтун, балки мамнун ва хушдил мегардонд. Вай бо саломаш ба ҳозирин латофат, малоҳат, нармӣ ва гармиҳо овардан ва ғубору сардиҳоро аз дилҳо берун андохтан мехост. Шояд ҳамин буд, ки ба вай баъдтар фармуданд, ки бо номи «Салом ҳам фарз асту ҳам қарз» китоб иншо кунад.
Боз чизи дигар ҳам буд.
Аслан, дар мактабу донишгоҳ чун занги танаффус садо диҳад, мактабиён ва донишҷӯён зуд ба саҳни кушода ва ё долонҳои барҳаво мешитобанд, то аз омӯзгоре, ки ҳоло барояшон дарс мегуфт, даҳ — понздаҳ дақиқа дур шаванд, ба қавле, «аз лексия дам гирифтан» мехостанд ва нафас рост карданӣ мешуданд. Аммо баъди задани занги танаффус низ мо — донишҷӯдухтарони онзамона даври ҷавонбонуи омӯзгор мемондем. Барои он ки суҳбати ширин дошт, дар гуфтораш чизҳои аҷоибу ғароиб ҳувайдо буд, ки хастагии дарснишиниро мебаровард.
Муаллима ба василаи ҳуруфи қадима ривояту афсонаҳои зиёд мутолиа намуда, бардоштҳои пурҳикмати зиёд дошт. Илова бар ин, дар хонадони ривояту қисса ба воя расида буд. Падараш Худойдод Ҳусейнов ривоятнавису қиссанавис маҳсуб мешуд. Қиссаву ҳикояҳои Худойдод Ҳусейнов бо фарқ аз баъзе қиссагӯиҳои дигар, ки сохтаву бофтагиашон ҳувайдо буд, асливу ҳаққонӣ ҷилвагар мегардид, зеро аз зиндагӣ рӯида буданд. Вай ҳар сол ба водии Вахш, дашту даману кӯҳу дараҳои кишвар рафта, ҳаёти ҷонваронро мушоҳида мекард ва рафтору амали онҳоро аз шоҳидони дигар низ мешуниду сабт менамуд. Китобҳои ӯ бо номҳои «Уқоби одамгир», «Ҳикояи Ватан» хонандагони зиёд доштанд. Яъне, ривояту қисса ва тарзи баёни дилкаш аз падар ба бону гузашта буд. Ҳамон падаре, ки зодаи деҳкадаи Маҳрами Конибодом буда, баъдан номзади фан ва олим гардиду ҳамчун устоди мударрис дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Фарзанди ӯ Санавбара мисли ниҳоли хушнамуду маънирези санавбар буда, ғайри омӯзгорӣ ба пажӯҳиш ва навишти мақолаву китобҳо низ рӯ овард. Нигоштаҳояш, хусусан мақолаҳои илмӣ, методӣ, илмиву оммавиаш ба зиёда аз 50 номгӯй мерасанд. Ҳамчунин, бо ҳамкории устодони кафедраи филологияи араби донишгоҳ барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии ҷумҳурӣ асарҳои «Маҷмӯаи машқҳои фонетикӣ», «Машқи хату овози арабӣ», «Программаи фанни забони арабӣ барои факултаҳои таъриху филология», «Барномаи таълими забони арабӣ»-ро омода кардааст. Ҳамин тавр, солҳои умраш дар ин роҳ сипарӣ мешуданд.
Инак, зиёда аз панҷоҳ сол мешавад, ки муаллимаи кафедраи забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ҳамчунин солҳои зиёд, раиси шӯрои илмӣ-методии факултети шарқшиносӣ буд.
Баробари ин, вайро ба ҳама ҷо барои таълиму тадрис ҷалб кардан мехостанд, то донишҷӯён аз ҳикмату таҷриба, маҳорату хиради муаллима баҳра бардоранд. Ин буд, ки чандин сол дар Литсейи техникии Донишгоҳи давлатии Россия дар Тоҷикистон ва литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ дарс гуфтааст. Ҳамчунин, узви раёсати Созмони бонувони Тоҷикистон ва муовини раиси Хазинаи байналхалқии «Ана» буд.
Муаллима Санавбара Худойдодова ҳамеша дар фикри чӣ тавр босавод кардану касб омӯзонидани ҷавондухтарони тоҷик зиндагӣ ба сар мебарад. Хусусан, солҳои нооромии кишвар ва баъди он сарвари Маркази маданию равшаннамоии «Адабсаро» гашт, ки онро барои духтарони маҳаллаи Ҳабибулло Назарови шаҳри Душанбе (солҳо раиси ин маҳалла низ буд) ташкил карда буд. Дар чорчӯбаи фаъолияти «Адабсаро» 52 нафар духтари аз мактаб канормондаи он солҳои пурошӯби ҷанг ва баъди онро аз барномаи синфҳои ибтидоиву миёна бархӯрдор гардонида, инчунин дӯхтани либоси занонаву духтарона ва бофтани намаду гилем барин касбҳоро ба роҳ монд, то духтарони ҷавон ҳунару савод омӯхта, дар оянда рӯзгорро пеш бурда тавонанд. Талошҳояш натиҷаҳои хуб ҳам ба бор оварданд. Яъне, Санавбара дар ҳама синну сол муъҷиза офарида метавонист.
Ҳанӯз муъҷиза аст Санавбара Худойдодоваи шарқшинос ва олимаву чорагар. Муъҷизаи пурфасона ва ҳанӯз ҳам равонаю равона. Бале, Санавбара ба насли нав фасонаҳои пурҳикмат мебахшад, то ки онҳо ҳикматҳояшро боз ба дигарон бурда расонанд. Зеро оянда низ бе муъҷиза, бе фасонаи ҳикматбор буда наметавонад, балки муъҷиза ва фасона низ ояндаи дури кишварро малоҳату тароват мебахшад. Муъҷизаю афсонае, ки одамони муъҷизабор офарида ва ба ҷараён оварда тавонистаанд. Одамоне, ки онҳоро муъҷизаинсон меноманд ва Санавбара Худойдодова аз ҷумлаи онҳост. Муъҷизаи фасонаовари умедбахш.
Гулчеҳраи ЗОИДДУХТ,
Аълочии матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон