Саҳифае аз рӯзгори нахустомӯзгорон

Муҳоварае сари гӯри Каримҷон Ҳусейнзода

№18 (4758) 07.02.2024

ОРОМГОХИ АВВАЛИН МУАЛЛИМОН — копияҲар гоҳ пайи коре ба деҳоти «Ҳоит» равам, ибтидо ба зиёрати «Модари ғамгин» мешитобам. Муҷассама ба хотираи зилзилаи мудҳиши соли 1949 гузошта шудааст. Зилзилае, ки сабабгори марги ҳазорон одамон гардиду боиси барҳам хӯрдани ноҳияи овозадори Ҳоит. Баъд сари оромгоҳи нахуст муаллимаҳо ва аввалин мудири шуъбаи маорифи собиқ вилояти Ғарм Каримҷон Ҳусейнзода, комсомолони номдори солҳои бистуми асри ХХ Ҳоким Азиз, Пӯлод Вафо фурсатеро сарф мекунам.

Ин дафъа низ ин корҳоро анҷом додаму ба зиёрати оромгоҳи омӯзгори варзида, ки то охири умр таълиму тарбияи наврасонро ба зимма дошт, рафтам. Равоншод Хайрулло Мирзоев аз ҷумлаи омӯзгороне буд, ки тамоми ҳастиашро сарфи тарбияи насли наврас кард. Дар баробари омӯзгорӣ ба корҳои таблиғотӣ низ машғул буд ва байни калонсолон эҳтироми зиёдро соҳиб шуда буд. Паҳлуи қабри омӯзгор нишаста, гузаштаву имрӯзаро ба ёд овардам ва аз дилам гузашт: кош, зинда мебуду дастовардҳои тоҷиконро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар медид…

Ёдам омад, ки борҳо ӯро сари қабри Каримҷон Ҳусейнзода пайдо кардам ва бори охир, ки бо вай во- хӯрдам, табъаш нохуб буд. Хуб ёд дорам суҳбати пурмуҳтавои омӯзгори куҳансолро. Он рӯз вазъ дигар буд…

Пирамард дурудароз сукут варзид, ёрои сар бардоштан надошт. Он қадар банди андеша буд, ки натавонис­там бо вай ҳарф занам. Паҳлуи вай бо сари хам, чашм ба мармари кабуди болои қабр дӯхтам.

Атрофи қабри танҳоро чӯбу хад­раҳои шикаста, барги хазони дарахтон пӯшидаанд. Дар ангора замоне пеши назар меояд, ки он айёмро аз китобе хондаам ё аз нақли мӯйсафедони деҳ дар хотир дорам:

«…Борон якзайл меборид. Каримҷони дастбаста пеши тӯдаи душманон рост меистод. Рост меистоду рафтори душманони силоҳдори худро муоина мекард. Он қадар бепарво буд, ки гӯё на ӯ, балки ашхоси мусаллаҳ дар банди ваянд. Яке аз босмачиён бо ғазаб муште ба сари асир заду фарёд бардошт:

- Калимаатро хон, беимон! Наход ҳанӯз умед дошта бошӣ, ки аз марг наҷот меёбӣ?

Каримҷон калавид, вале наафтид.

Бо нафрат рост ба чашмони душман нигаристу хандид.

- Ҳанӯз дер нашудааст, тавба кун. Махсум аз гуноҳат мегузарад. Ба хотири мардум беҳуда ҷони ҷавонатро фидо мекунӣ…

- Ман аз мурдан наметарсам. Барои мардум мурдан шараф аст. Онҳо номи маро ба некӣ ёд мекунанд. Хотирамро пос медоранд. Барои мардуми ин сарзамин то абад зинда хоҳам монд. Дареғи шумо, ки баъд аз марги сагонаатон касе аз шумо ёд намекунад.

Садои тир овози ӯро пахш мекунад.

Дилашро дошта рӯи замини лой меғалтад…».

- Ин субҳ ҳанӯз офтоб набаромада, омадаму хасу хошокро тоза кардам,- ниҳоят сар бардошта гуфт пирамард. Боз ба ҳамон ҳол гирифтор шудааст, қабри муаллим. Наход мардум кӣ будани ӯро фаромӯш карда бошанд.

Саросема рӯ ҷониби вай мегардонам. Бисёр мехоҳам аз забони ӯ чанд ҳарфи дигаре шунавам. Ӯ аз нав сукут меварзад ва қомати наҳифашро хам карда, навдаву хадраҳои шикастаро меғундорад. Бо умед паҳлуи вай хам мешавам, шояд дилаш каме ­бардошта шаваду майл ба суҳбат намояд.

- Мардуми Ҳоит Каримҷони раҳматиро фарзандвор дӯст медоштанд, ҷасадашро аз он тарафи дарёи Сурхоб оварданд. Фикр мекарданд, ки дар куҷо гӯронанд ӯро. Домуллои калон ҳукм кард, ки ӯ шаҳид шудааст, ҷояш паҳлуи Эшони Нозим. Касе рад накард.

Аз паси пирамард қадам мезанам. Қадам мезанаму гуфтаҳои ӯро ба мизони ақл бармекашам.

- Бигӯед, амак, Эшони Нозим кист?

- Шоир буд, олим буд ва миёни уламои Бухоро машҳур. Сад сол пеш аз инқилоб дар Бухуро хонду ҳамон ҷо монд. Байни аҳли илм соҳиби мартабаи баланд шуд. Қисса кӯтоҳ, боре сари масъалае амири Бухороро ба куфр ҳукм кард. Амир ба вай ғазаб намуд, аммо аз тарси мардуми Бухоро эшони Нозимро натавонист қатл кунад. Ӯро ба Қаротегин бадарға карду ба ҳокими ин билод амр намуд, ки бо кадом роҳе бошад, Нозимро қатл намояд. Баъд занаш ба вай заҳр хӯронд. Мурдаашро аз Ғарм ба Ҳоит оварданд. Уламо гуфтанд, ки шаҳид шудааст. Барои ҳамин халқи мо ӯро иззат менамоянд, барои ҳақгӯӣ ва ҷасуриаш…

Амаки Хайрулло лаҳзае хомӯш истод. Ман ба ожангҳои бари рухсораҳои ӯ дида дӯхтам. То соли 1949 қабри Каримҷонро озода нигоҳ медоштанд. Баъд замин ҷунбид, халқи бисёре ҳалок гардид. Зиндамондаҳо муҳоҷир шуданд. Қабри Каримҷон дар ин гӯшаи дури кӯҳистон танҳо монд. Баъдтар баъзеҳо ба ватан баргаштанд. Ман ҳам қатори онҳо омадам. Омадаму ҷои қабри ӯро ҷӯё шудам. Афсӯс, аз қабр чизе намонда буд…

Соли 1967 бародари вай Шарифҷон Ҳусейнзода ба зиёрат омад. Якҷо атрофи қабрро ба тартиб даровардем. Соле, ки ба нафақа баромадам, нигоҳубини оромгоҳро ба зиммаи раҳматии Назиф гузоштам. Раҳматӣ танҳо буд. Фарзанд надошт. То рӯзи маргаш бемузду миннат ба қавли худаш «дар роҳи ризои Худо» аз ҳоли оромгоҳ хабар мегирифт. Солҳои охир касе аз аҳволи мо намепурсад. Мансабдорон фикр намекунанд, ки дар ивази ҷони Каримҷон барин ҷавонмардон соҳиби мансабу вазифа шуданд. Ақаллан барои поси хотири онҳо мебоист, сари гӯри ҷавонмард ҳайкале мегузоштанд.

- Рост мегӯед, амаки Хайрулло, Ҳоит яке аз ноҳияҳое буд, ки бе хунрезӣ ҳукумати навро пешвоз гирифт. Ҳар як теппахоки он нишонаи таърих аст.

- Аввалин занҳои озод — занҳое, ки барои маърифатнокии мардум пардохтанд, аз Ҳоит мебошанд. Магар қабри онҳо шукӯҳе дорад? Муҷассамаи хоксоронаи сари гӯри муаллимаҳо раҳми одамро меорад. Саҳни мактаби деҳа як муҷассамаи хоксоронае бардоштаанд. Аксари ҷавонҳо намедонанд, ки дар ин қабр киҳо хобидаанд! Ҳайкали ёдгории модар низ ҳоли табоҳ. Чаро нисбат ба таърихи хеш бепарвоем?

- Ба бисёр ташкилот сар халондам,- гӯё андешаи маро пай бурда бошад, хомӯширо шикаста гуфт амаки Хайрулло. Аввал ба номи директори совхоз мактуби кушод навиштам, баъд ба директори мактаб, прокурори ноҳия, оқибат ба кумитаи партиявӣ. Арзаамро собиқ котиби кумитаи партиявии ноҳия Нуқра Ёраҳмадова гӯш кард. Бо супориши вай ҳамон сол каме обод шуд. Ду соли охир ҳолаташ бадтар гашт.

Амаки Хайрулло барои нигоҳубини оромгоҳи Каримҷон Ҳусейнзода аз ягон ташкилот даъвои ҳаққи меҳнат надорад. Аммо бисёриҳо ба рафтори вай бо тамасхур менигаранд.

Солҳои босмачигарӣ ёздаҳсола будам. Аз он айём дар осмони хотира нақшҳо боқӣ мондааст. Бародарам Муҳаммадсолеҳ яке аз аввалин болшевикон буд. Барои барқароркунии ҳукумати нав хеле заҳмат кашид. Баъзеҳо дар ҳаққи вай бадгӯӣ мекарданд, вале ӯ парво надошт. То охири умр чун коммунист монд…

Амаки Хайрулло аз ҷайб чанд варақ коғазро бароварда, якеро ба ман дароз кард.

- Дар справка оид ба рӯзгори бародарам собиқ котиби Комитети марказии ПК Тоҷикистон Д. З. Протопопов маълумот додааст.

Варақро ба даст гирифта, бо- диққат мутолиа намудам.

«Супориши КМ КП(б) Тоҷикистон, Президиуми Совети Олӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро рафиқ М. Мирзоев ҳаёти шахсӣ ва ҳаёти аҳли оилаашро ба хатар гузошта содиқона адо кард. Дастаи босмачиён тамоман маҳв карда шуд ва дар деҳоти ноҳияи Ҳоит ҳокимияти советӣ аз нав барқарор гардид.

Ҳангоми иҷрои супориши муҳиму ниҳоят зарури КМ КП(б) Тоҷикистон вай худро ҳамчун мубориз, болшевики матин, ки чӣ будани тарсро намедонист, нишон дод ва ба мукофоти Президиуми Совети Олии ИҶШС сарфароз гардид…».

Нигоҳам ба рӯи пирамард ях баст. Чаро ман дар ин хусус чизе нашунидаам? Чаро касе ин воқеаро рӯи коғаз наовардааст? Танҳо пирони деҳ гоҳ-гоҳ дар омади гап аз ин хусус ҳикоя мекунанд.

Амаки Хайрулло аз соли 1936 ба тарбияи атфол машғул буд. Дар ибтидо омӯзишгоҳро хатм кард. Баъдтар ба Институти педагогӣ дохил шуд, аммо ҳангоми дар курси дуюм хондан замин ҷунбид, ватан вайрон шуду ӯ дигар таҳсилро давом дода натавонист. Чилу шаш соли умри азизашро сарфи кори душвори омӯзгорӣ намуд. Ӯ муаллими шоистаи мактаби ҷумҳурӣ аст. Ордену медалҳо дорад. Бо чандин грамотаҳо мукофотонида шудааст. Нафақа мегирад. Ба қавле, акнун метавонад, давлати пирӣ ронда, ба коре дахолат накунад, аммо пирамард ин тавр рафтор карда наметавонад. Виҷдони пок ӯро азоб медиҳад. Соли гузашта аз пули худ 50 ниҳоли себ харида, дар атрофи оромгоҳи Каримҷон шинонд. Чӣ қадар меҳнат кард, вале ниҳолҳо ҳанӯз ҷон намегиранд. Нохалафе шабонгаҳ гову гӯсоларо байни дарахтзор сар додааст…

Ба ӯ арз мекунам, ки вақти бозгашт шуд.

- Гӯш кун, писарам, — сар набардошта гуфт пирамард, — гузаштагони мо қадри онҳоеро, ки дар шаҳри «хомӯшон» ба сукут рафтаанд, медонистанд. Барои онҳо рӯҳи ин гуна мардон абадӣ зинда буд. Барои ҳамин мегуфтанд: «шаб танҳо монӣ, дар қабристон хобӣ, дар амонӣ». Ҳеҷ гоҳ болои турбати эшон по намегузоштанд. Таги ин хоксел чӣ қадар мардум хобидаанд. 33 ҳазор — аз калон то майда. Пайкари онҳоро сели мудҳиш афгор кард. Имрӯз мо он анъанаи куҳанро вайрон ва хоктеппаҳоро ҳамвор мекунему болои онҳо хона месозем. Барои мо барин ашхос гӯё Хоҷаи Шероз чунин фармудааст:

Зинҳор пой бар сари озурдагон манеҳ,

Танҳо ба хок хӯфтаанд, аз ҷамъашон ҷудо.

… Маро садои гуфтугӯи одамон ба олами ҳастӣ мехонад. Сар мебардораму ҷониби даромадгоҳ назар медӯзам. Чанд тан аз сокинони маҳаллӣ тарафи ман меоянд. Маълум, ки онҳо низ ба зиёрати сокинони шаҳри «хомӯшон» омадаанд. Аз дидани эшон табъам хуш намегардад. Суҳбатам бо муаллим нотамом монд. Ба ӯ гуфтаниҳои зиёд доштам. Гуфтан мехостам, ки даврони соҳибистиқлолии мамлакат тоҷикон ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд. Гуфтан мехостам, ки дар ин даврони пурсаодат давлату давлатмардон ба қадри заҳмати гузаштаҳову имрӯзиҳо мерасанд. Ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст… аммо ба мо фурсати суҳбат намедиҳанд. Ба муаллим суханҳои ногуфта дорам. Гуфтанӣ будам, ки Пешвои маҳбуби миллат чанд сол пеш ба Ҳоит омада, шаб он ҷо монданд. Замоне буд, ки на ҳар кас ҷуръат мекард рӯзона ба Ҳоит биёяд. Гуфтан мехостам, ки понздаҳ соли охир Ҳоит хеле обод шудааст. Гафтан мехостам, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дашти Беоб обшор гардиду беш аз дусад гектар замин обёрӣ шуд. Ҳар сол дар маркази Ҳоиту деҳаҳои тобеи он чандин биноҳои зебову писандида барои таълиму тарбияи насли наврас ва табобати беморон ба истифода дода мешаванд. Ногуфтаҳо зиёданд, аммо….

Ноилоҷ аз ҷо баланд мешавам. Ҳанӯз миёни дарёи хотираҳо бо азоб шино мекунам. Талош мекунам ҳузури омадагон худро ба даст гирам.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»