Сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ҷашни бузурги миллӣ — Наврӯзро бо дастовези арзанда истиқбол карданианд.
- Ба ин муносибат дар маркази шаҳрак бинои сеошёнаи китобхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бинои нави мақомоти адлия бо дастгирии Вазорати адлия қомат афрохта, рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дарҳояшонро ба рӯи мардум боз хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар шаҳрак марҳилаи дуюми Корхонаи азими «Норд Азия Металл» ба кор андохта шуда, 15 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванд, — гуфт зимни суҳбат раиси Ҷамоати шаҳраки Навкат Муаттара Убайдуллозода.
Қобили зикр аст, ки дар ҷамоат ба сохтмону мавриди истифода қарор додани майдончаҳои варзишӣ ва ба вуҷуд овардани шароити зарурии таҳсилу фароғати ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Дар маросими кушодашавии майдончаи варзишии назди хонаи чорошёнаи кӯчаи Ҳамза № 85, ки чанде қабл баргузор гардид, раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода иншоотро гулбуне аз чаҳорбоғи созандагию ободкорӣ номид. Майдончаи варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 900 метри мураббаъ сохта шуд. То имрӯз дар кӯчаи Спитамен аз тарафи соҳибкор О. Абдураҳимов ва дар кӯчаи Ваҳдат аз ҷониби соҳибкор А. Самадов ду майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.
Дар доираи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ Маркази таълимию истеҳсолии «Ориёно» ва сехи қолинбофии «Наргис» фаъолият дошта, 12 зану духтар ба кори доимӣ машғуланд. Биноҳои ҶДММ «Шафқат» — и соҳибкор Манзура Ғафурова, истгоҳи Спитамени КВД «Роҳи оҳан», шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» — и ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва сехи ордбарории ҶДММ «Султони Ҳаким», ки чанде пеш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошанд.
- Ободонӣ дар ҷамоат танҳо ба ифтихори ҷашну идҳо не, балки мунтазам идома хоҳад ёфт, — мегӯяд Муаттара Убайдуллозода.
Номбурда аз зумраи бонувони соҳибмаърифату ободкор буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои раиси созмони ҷавонон, мудири шуъбаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муовини раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф кор карда, аз соли 2015 сарварии ҷамоати зикршударо ба уҳда дорад.
- Дар шаҳрак 15 корхонаи саноатӣ, ду ташкилоти сохтмонӣ, ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, шаш муассисаи томактабӣ, мактаб — парваришгоҳ, хонаи фарҳанг, театр, боғи истироҳат, беморхона, ду маркази саломатӣ, чор китобхона, варзишгоҳ ва мактаби варзишӣ ҷойгиранд.
Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 30 иншоот дар назар аст. То ҳол дар 13 иншоот, корҳои сохтмонӣ идома дошта, ҳашт иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва се иншооти дигар дар арафаи Иди Наврӯз ба истифода дода мешавад, — мегӯяд раиси ҷамоат.
Илова бар ин, сохтмони комплекси меҳмонхона ва хизматрасонии маишӣ — «Судайс», бинои ХФ КВД «Лоиҳакаш», бинои сеошёнаи сехи дӯзандагӣ ва хизматрасонии «Маҳтоб», анбори нигоҳдории сӯзишворӣ бо бинои дуошёнаи маъмурии ҶДММ «Гули Сурх Континент» идома дошта, дар иншооти сеошёнаи хизматрасонии соҳибкор Додобоева, бинои дуошёнаи хизматрасонӣ, бинои дуошёнаи кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои сохтмону васлкунӣ идома доранд.
- Дар маҷмӯъ, сокинони Навкат саъю талош доранд, ки дар зеботар гардонидани диёр саҳми босазо гузоранд, — гуфт дар фарҷом Муаттара Убайдуллозода.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»