Муборактар шабу хуррамтарин рӯз

№38 (4934) 20.03.2025

9Бо ниҳон доштани ҷаҳони маънӣ дар худ ҷашни Наврӯз, ки Саъдии бузургвор онро «муборактар шабу хуррамтарин рӯз» номида, падидаест ниёз ба ковишу таҳқиқоти ҷомеъ ва амиқ дорад. Илова бар ин, ҷаҳд намудем тавассути бозгӯӣ намудани оину суннатҳои наврӯзии як гӯшаи дурдасту кӯҳистони кишвар хонандаро ба сайри ин минтақаи афсонавии Ватани азизамон барем.

Наврӯзи деҳот комилан фарқкунанда аст. Дар зодгоҳи ман мардум ба ин ҷашн муҳаббату муносибати хоса доранд.

Дар ин гӯша маросиму оини ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр таври васеъ роиҷанд. Ташкилу баргузории чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз оинҳое мебошанд, ки мардуми зодгоҳи ман онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд. Ҳатто дар замони шуравӣ, ки муносибат ба ин ҷашн то андозае манфӣ буд, мардуми рустоӣ онро зери пӯшиш — мансуб донистан ба соҳаи кишоварзӣ таҷлил менамуданд. Ҳамдеҳаҳо Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон таҷлил менамоянд, балки барои омӯхтану барқарор кардани оину русуми азбайнрафтаи он талош доранд. Онҳо хуб медонанд, ки эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму русуми бобоӣ ва густариши онҳо хидмати шоиста буда, ба наслҳои оянда мерос гузоштан вазифа ва қарзи ҳар як фарди кишвар маҳсуб меёбад.

Ҳамасола бо фарорасии Наврӯз пеши назарам лаҳзаҳои таҷлили он дар зодгоҳ падид меояд. Бо фарорасии ин хуҷастаҷашн сокинони ин русто дар навбати аввал кӯшиш ба харҷ медоданд, то худро аз душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб орӣ намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Бо ин мақсад меҳтарони деҳа, ки миёнашон падари камина низ буд, барои оштӣ додани онҳое, ки бо ҳам ғубори хотир доштанд, иқдом менамуданд. То ҳанӯз дар гӯшҳоям суханони падар — «яке аз ҳикматҳои инсондӯстонаи Наврӯз аз қалбҳо зудудани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ мебошад», садо медиҳад.

Мо, кӯдакон, фарорасии ин ҷашнро бесаброна мунтазир мешудем. Дар арафа, се рӯз пеш аз ид, модарам кӯрпаву болишт, қолинҳоро ба берун бароварда меафшонданд. Зарфҳоро аз нав шуста, ба ҷояш мегузоштанд. Падарам ба мо дастур медоданд, ки шохҳои хушкидаи дарахтонро бурида, заминро побел намоем. Як рӯз қабл аз ҷашн бонувони хонавода барои ороиши хони наврӯзӣ ба пухтупаз машғул мешуданд. Аз алафу ҳулбаҳои дубаргаю себарга самбӯса мепухтанд, ҳалвои бедуду кунҷидӣ, кулча, нонҳои равғанини сияҳдонаву кунҷитдор, шириниҳои дигар тайёр мекарданд. Таоми хосаи наврӯзӣ — умочро дар шаби ид барвақттар мепухтанд, то ба ҳамсояҳо ва хешу табор фиристанд. Бояд гуфт, ки умоч таърихи тӯлонӣ дошта, аз орди гандумӣ ва об омода мегардад. Барои ин гандумро бо сангҳои махсус орд карда, бо истифода аз об саққочаҳои хамирии ҳаҷман хурд омода месозанд. Сипас, аз ин саққочаҳо ва маҳсулоти донагӣ умоч тайёр карда, хона ба хона тақсим менамоянд.

5Рӯзи ид, саҳарии барвақт, модарам моро аз хоб бедор мекарданд ва либосҳои нав мепӯшидем. Аз субҳ бригадири колхоз ва дигар масъулин тибқи мувофиқаи бо меҳтарони деҳа ҳосилшуда хабар медод, ки дар сари фалон замин ҷуфтбаророн доир мешавад. Шояд дар дигар манотиқи кишвар таомул дигар буд, вале дар ноҳияи Айнӣ замони шуравӣ ҷашни Наврӯзро зери ниқоби ҷуфтбаророн таҷлил мекарданд. Агар гӯям, ки он замон ин ду вожа мантиқан ва моҳиятан ба синоним табдил ёфта буданд, иштибоҳ нахоҳад буд. Дар навбати худ, ҷуфтбаророн аз ҷузъҳои зиёд таркиб ёфта буд. Аз ҷумла, бо баромади нури офтоб ҳама хурду калон дар сари замин ҳозир мешуданд ва бозиҳои наврӯзӣ, аз қабили хурӯсҷанг, кабкҷанг, тухмҷанг, сангакбозӣ, чилик-милик, гӯштигириву аловпарак оғоз меёфт. Пирони рӯзгордида яктаҳ ва ҷомаву саллаи оҳарӣ дар тан сари замин меомаданд. Ҷавонон ҷуфти барзаговҳои кориро ба сари замин мебурданд. Мӯйсафедон юғу сипорро ба говҳо мебастанд. Шох, тахтапушт, гардан ва думи говҳоро равған мемолиданд, ки дар шуои офтоб ҷило медод. Тухмипош гандумро ба замин мепошид. Мӯйсафеди аз ҳама калонсол дуо медод: «Худоё, донаи моро сабз гардон, киштаи моро сероб намо, ҳосили моро фаровон гардон, тинҷиву амониро ато намо». Аз хурд то бузург ҳама даст ба дуо мебардоштанд ва ҷуфтбаророн оғоз мегардид. Баъд аз фотеҳаи дастархон пирамарди деҳқоне аз як гӯшаи замин ба шудгор намудан шурӯъ мекард. Чун ба он канори мазраи замин мерасид, муштаи сипорро ба дасти ҷавоне медод. Қобили зикр аст, ки маъракаи ҷуфтбаророн рӯзи сеюми ҷашн доир мегардид.

Омодасозии таомҳои миллӣ низ яке аз ҷузъҳои ҷуфтбаророн маҳсуб шуда, занҳои деҳа дар соати муқарраргардида мувофиқ ба қудрату тавоноӣ таом пухта, дар табақҳои калон ба сари замин меоварданд. Аз ҷумла, дар деги калон фарбеч пухта, ба мардум тақсим мекарданд. Фарбеч таомест, ки аз куфтаи гандум, гӯшт ва лӯбиёгиҳо омода мегардад. Табиист, ки дар ин миён суманак мавқеи хоса дошту дорад. Дар деҳа пухтани суманак маросими хоса маҳсуб шуда, қоидаҳои муайян дорад. Дар он занони фаъолу обруманд, онҳое, ки дар дастархонороӣ намуна буданд, нақши асосӣ доранд. Маҳз, онҳо бо нияти нек ва дуову орзуҳо ин маросимро ҳусни оғоз мебахшиданд. Ҳезуми суманакро қаблан омода мекарданд ва дар ин раванд арча аз афзалият бархӯрдор буд.

Ҷавҳари ин маросим бо навбат кофтани дег ба ҳисоб рафта, таги дег бояд нагирад, яъне суманак насӯзад. Барои пешгирӣ ҳафт санг ё чормағзро даруни дег мепартофтанд. Тавре модарам мегуфт, бо сӯхтани суманак таркибаш вайрон мешаваду ба атроф бӯйи нофорам паҳн мегардад. Он айём ҷойгоҳи занони барои омодасозии суманак масъул даври дег буд. Суруду тарона мехонданд, даф мезаданд. Андешае роиҷ буд, ки зимни кофтани дег дарду ғусса, кина ва дигар бадиҳо аз дил зудуда мешавад. Ҳамдеҳаҳои ман мутмаинанд, ки суманак ғизои покон буда, бо чашиданаш орзуву ормон амалӣ мегардад.

Хеле ҷолибу рамзӣ аст, ки волидон дар ҷуфтбаророн фарзандонро ҳамроҳ мегирифтанд, то дар назди калонсолон нишастанро омӯзанд, аз одоби таомхӯрӣ, муошират ва ғайра бархӯрдор гарданд. Ҷуфтбаророн то бегоҳ идома меёфт. Он рӯзро ҳама бо хушиву хурсандӣ ва сериву пурӣ мегузарониданд. Ҳамин тавр, пагоҳ боз дар маҳаллаи дигар ин маросим баргузор мешуд ва як ҳафта идома меёфт.

Оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан то ҳоло дар зодгоҳи ман вуҷуд дорад. Онро мардуми ин мавзеъ «аловпарак» низ мегуфтанд. Ин таомул бештар миёни занон маъмул буда, онҳо исрор меварзанд, ки оини қадимаи наврӯзист. Мегуфтанд, ки оташи муқаддас гуноҳи яксолаи одамро месӯзаду шабеҳи тифли навзод покиза мешавад.

Оини дигари наврӯзӣ, ки таваҷҷуҳи ҳамдеҳаҳо ба он хоса буд, бунёди боғҳои нав аст. Ин анъанаи нек ҳанӯз аз қадим вуҷуд дошт. Он чанд рӯз идома меёфт. Барои боғи нав ҷӯй мекашиданду дарахтони навшинондаро об мемонданд. Наврӯзи дигар дар паҳлуи он боғ боз боғи наве бунёд мегардид.

Зимни таҷлили ҷуфтбаророн ва дигар оинҳои марбут ба Наврӯз нухбагони деҳа таъкид мекарданд, ки ин ҷашн рӯйдоди осмониву тасхиргари қалбҳои инсонист. Моҳияти таҷлили онро шарҳ дода, ба «Наврӯзнома»-и Умари Хайём истинод менамуданд, ки нигоштааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр ба шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҷлили ҷашни Наврӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон русуми наврӯзӣ комилан эҳё гардид. Кунун сокинони кишвар, аз ҷумла ҳамдеҳаҳои ман Наврӯзро бошукӯҳтар ҷашн мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, бо талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён бо ин ҷашни миллии мо ошно ва қарин шуданд.

Омили меҳварӣ дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он бо ягон дин ё мазҳаб қаробат надошта, оини сирф мардумӣ ва ҷашни бузургдошти табиат мебошад. Аз ин лиҳоз, мардуми олам онро пазируфтанд.

Муҳимтар аз ҳама, ҳоло Наврӯз, ин калимаи асили тоҷикӣ, яъне рӯзи нав, барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Эътирофу арҷгузорие, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ метавонад, аз он ифтихор намояд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»