Ҳаёт мубориза аст. На танҳо мубориза барои зистан, балки мубориза барои амалӣ намудани орзуву ният, нақшаву барнома ва тадбирҳо. Бале, баъзан барои амалӣ намудани орзуву ният саъю кӯшиш ва талошу ғайрат камӣ мекунад. Барои ин муборизу фидокор будан лозим. Шахсе, ки дар борааш сухан меронем, дар ҳақиқат, мубориз аст ва барои амалӣ намудани ҳар нақшаву ният бо ҷидду ҷаҳд камари ҳиммат мебандад. Ҳар кори оғозкардаро ба анҷом мерасонад. Борҳо дар зиндагӣ пешпо хӯрдааст, афтода хестааст, монеаву душвориҳоро паси сар кардааст, аммо аз роҳу аз раъяш нагаштааст. Пайваста талош ва мубориза бурдааст. Албатта, барои анҷом додани корҳои наҷиб.
Ӯ доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Назруллоҳ Саидов аст, ки дар фасли зебои баҳор ба дунё омада, имсол ба синни мубораки пайғамбарӣ расид. Дар оғӯши кӯҳҳои баланд камол ёфтаю ғуруру сарбаландиро аз онҳо омӯхтааст. Матонату пуртоқатӣ, сабру таҳаммул, тамкин ва одаму одамгариро аз падар ва аз мӯйсафедони диёр аз бар кардаю дар зиндагӣ шиор кардааст. Устодони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳа барои камолоти маънавии ӯ ҳиссаи арзанда гузошта, чашми ӯву садҳо ҷавони дигарро дар роҳи зиндагӣ боз намудаанд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат карда, дарси ҷавонмардӣ ва матонату шуҷоат омӯхтааст.
Аз овони наврасӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид. Аз ин рӯ, пас аз адои хизмат бо мақсади дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба пойтахт роҳ пеш гирифт. Ҳуҷҷатҳояшро ба курси тайёрӣ супорида, он ҷо 8 моҳ таҳсил намуд. Он замон аз кишвар ҷавонони фаъолро барои таҳсили мақсаднок ба донишгоҳҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шаҳрҳои Маскаву Ленинград, Пятигорск, Харков, Днепропетровск ва ғайра мефиристоданд. Лаёқати Назруллоҳ Саидовро низ ба назар гирифта, моҳи майи соли 1978 ӯро барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии фарматсевтии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина фиристоданд. Таҳсил дар он ҷо барои ӯ на танҳо давраи тиллоии умр, балки мактаби зиндагӣ гардид. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии фарматсевтии шаҳри Харков дар Иттиҳоди Шӯравӣ калонтарин муассисаи таҳсилоти олии дорусозӣ ба ҳисоб мерафт. Дар он баробари ҷавонони 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 96 давлати дунё, аз ҷумла аз Афғонистон, Ироқ, Либия, Сурия, Булғория, Чехословакия, Олмон донишҷӯён таҳсил мекарданд. Қисми зиёди онҳо дар хобгоҳ дӯстона зиндагонӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, ҷавонон яксон набуданд, ҳар яке соҳиби хислату характери хос буд: яке оромтабиату дигаре инҷиқу ҳангоматалаб, сеюмӣ хушсухану чорумӣ нисбатан шӯху ҷангҷӯ, панҷумӣ хоксору бовиқор…
Назруллоҳ азбаски пас аз адои хизмати аскарӣ ба донишгоҳ дохил гардида, синну солаш нисбатан калон буд ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ дошт, аз курси дуюм то охири таҳсил дар вазифаи коменданти хобгоҳ фаъолият дошт ва бо ин роҳ эҳтиёҷоташро таъмин менамуд. Ҳамчун роҳбар таъмини оромии хобгоҳро ба зимма дошт. Роҳбарияти донишгоҳ низ, пеш аз ҳама, ҳамаро аз ӯву атрофиёнаш, яъне аъзои комитети донишҷӯёни хобгоҳ талаб менамуд. Албатта, идора кардани ҷавонони гуногунхислат кори осон набуд. Аммо Назруллоҳ Саидов ба хубӣ аз уҳдаи вазифа мебаромад. Дар баробари ин, бо баҳои «хуб»-у «аъло» таҳсил мекард. Кордониву қобилияти баланди ташкилотчигӣ ба ӯ имкон дод, ки дар овони донишҷӯйӣ бо роҳбарият ва устодони донишгоҳ, ки олимони машҳур буданд, шинос шавад. Хуллас, дар панҷ соли таҳсил ба бисёр ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар баробари илм омӯхтан аз ҳаёт сабақ андӯхт, таҷриба ғанӣ намуд.
Соли 1983 Назруллоҳ Саидов пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ ба Ватан баргашт. Бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ӯро ба вазифаи лаборанти калон дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат ба кор қабул карданд. Пас аз таъсиси факултети фарматсевтӣ дар Донишгоҳи тиббӣ кафедраи химияи фарматсевтӣ ташкил шуд ва Назруллоҳ Саидов дар он ба вазифаи лаборанти калон таъин гардид. Баъди ним сол дар ин вазифа фаъолият намудан дар асоси озмун ассистенти кафедра интихоб гардид. Барои самаранок пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тадқиқотию озмоишӣ ва илмию методӣ аввалин коре, ки анҷом дод, ташкили лаборатория буд.
Бо пешниҳоди роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ соли 1987 барои таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиббии якуми Маскав ба номи И. М. Сеченов ба ӯ квота ҷудо гардид. Таҳсил дар аспирантура барояш мактаби таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб рафта, дарҳои илмро ба рӯяш боз намуд. Натиҷаи масъулият буд, ки рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Феррити барий ҳамчун ҷузъи суппозиторияи магнитии пармидин» бо роҳбарии профессор Юрий Яковлевич Харитонов сари вақт омодаву баррасӣ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фарматсевтӣ гардид.
Баъдан, ба шаҳри Душанбе баргашта, фаъолиятро дар кафедраи химияи фарматсевтии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон давом дод. Соли 1992 саркотиби илмии Комитети фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар баробари ин, фаъолияти таълимиро дар кафедраи химияи фарматсевтии Донишгоҳи тиббӣ давом дод.
Соли 1993 бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати стандартизатсия ва назорати сифати маводи доруворӣ таъсис ёфт ва роҳбарии он ба зиммаи Назруллоҳ Саидов вогузор гардид. Соли 1996 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази давлатии илмии экспертиза ва сертификатсияи маводи доруворӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ, маводи санитарию профилактикӣ ва косметикӣ ба тасвиб расид, ки мақсади он ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таъмини сифати маводи доруворӣ дар мамлакат буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни кишварҳои узви ИДМ бо саъю кӯшиши Назруллоҳ Саидов Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ба таъсиси Маркази давлатии илмии экспертиза ва сертификатсияи маводи доруворӣ иқдом намуд. Албатта, дар он шароити душвор, ки вазъи ҷумҳурӣ пурра ба эътидол наомада буд, ташкили ниҳоди нав ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти он душвор буд.
Фаъолияти пурсамари ӯ ба бадхоҳон нафорид ва бо ҷалби силоҳбадастони мухолифини собиқ ба ҷони ӯ сӯиқасд ташкил намуданд. Ӯ маҷбур шуд, ки дар шаҳри Тошканд фаъолият намояд. Баъд аз панҷ сол боз ба Ватан баргашт ва то соли 2011 дар вазифаи директори Маркази хизматрасонии тиббию фарматсевтии «ФАРМЭКСПЕРТ» фаъолият намуд.
Соли 2011 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети тиббию фарматсевтӣ ташкил шуд ва Назруллоҳ Саидов роҳбари он таъин гардид. Корро бо нияти поку дили гарм оғоз намуда, ба низом даровард. Кафедраҳои дахлдор ташкил шуданд. Ҳам мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ ва ҷавонони лаёқатманд ба кор ҷалб шуданд. Дар солҳои аввал чанд нафар мутахассис аз Украина низ даъват гардид ва барои фаъолияти пурсамари онҳо шароит ба вуҷуд оварда шуд. Барои донишҷӯён даҳҳо китоби дарсӣ ва дастуру васоити таълимӣ бо забони тоҷикӣ муҳайё ва чанд китоби дарсӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонда шуд. Заминаи моддию техникӣ, илмию таълимӣ ва таълимию методӣ қавӣ гардид. Пойгоҳҳои таҷрибавию таҳқиқотӣ ташкил шуданд, ки ҳама натиҷаи заҳмати пурмаҳсул ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло он ба ду факултети мустақил (тиббӣ ва фарматсевтӣ) ҷудо шудааст, ки аз бонуфузтарин ба ҳисоб мераванд. Солҳои охир ҷавонон аз хориҷи кишвар, махсусан аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя, барои таҳсил ба онҳо меоянд. Корҳои оғознамудаи Назруллоҳ Саидов дар самти таълифу навиштани китобҳои дарсӣ ва дастуру васоити таълимӣ махсусан аз тарафи устодони факултети фарматсевтӣ ҳамоно идома ёфта истодаанд.
Ду сол қабл роҳбарияти ДМТ ба Назруллоҳ Саидов роҳбарии Институти илмӣ-тадқиқотиро бовар намуданд. Дар ин вазифа низ бо масъулияти баланд корро оғоз кард. Натиҷаи кордонии ӯ буд, ки бинои муассиса пурра таъмир гардид. Корҳои илмию тадқиқотӣ ривоҷу равнақи тоза касб карданд. Лоиҳаҳои илмӣ тартиб дода шуда, маблағгузории баъзе аз онҳо шурӯъ шуд.
Бо вуҷуди серкорӣ ва ташвишҳои роҳбарӣ Назруллоҳ Саидов фурсат ёфта, ба кори илмӣ низ машғул мешавад ва соли гузашта аз натиҷаи ҷустуҷӯву пажӯҳишҳои илмии чандсола дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина бомуваффақият рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Муаллифи 51 китоб, аз ҷумла 48 китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ, 3 монография, даҳҳо мақолаи илмӣ ва илмию тадқиқотӣ мебошад. Алҳол на танҳо дар байни кормандони соҳаи фарматсия ва тибби ҷумҳурӣ, балки дар доираи кормандону олимони соҳаи фарматсияи бисёр кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Россия, Украина, Беларус ва Ӯзбекистон соҳиби обрӯю нуфузи хос мебошад. Ҳама ӯро чун марди ташкилотчиву кордон ва оқилу соҳибтадбир мешиносанду эҳтиром мекунанд, ки натиҷаи заҳматҳои бардавом ва самараи омӯхтану таҷрибаи зиндагӣ андӯхтан мебошад.
Меҳроб ҶУМЪАЕВ, докторанти ДМТ