Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,
Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад,
Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,
Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад,
Аз шавқи нолаҳошон гулҳо қатор омад.
Гардида боз пайдо мӯи миёни сунбул,
Чун мим танг бошад , яъне даҳони сунбул,
Карда арақ зи нахват гирди лабони сунбул,
Кай метавон бигӯям, шарҳу баёни сунбул,
Бо булбулони хушхон ногаҳ дучор омад.
Чашмам фитода ногоҳ, ёрон ба рӯи насрин,
Чун арғувон шукуфта, бар тан либоси рангин,
Бар қатли ҷони ушшоқ барбаста ханҷари кин,
Аз бӯи атрсояш овоза рафт дар Чин,
Дар айни дилрабои лолаузор омад,
З-он пас шунида бошӣ, хушбӯ гули суманро,
Дида ҳама намоён ҳар сӯ гули суманро,
Бошад миёни нозук чун мӯ гули суманро,
Мушки сиёҳ бошад, гесу гули суманро,
Булбул зи шавқи бӯяш дар марғзор омад.
Аз хоки тира ногаҳ пайдо бигашт райҳон,
Пероҳани кабудаш зебо бигашт райҳон,
Дар бӯву дар карашма раъно бигашт райҳон,
Машҳур дар баҳорон ҳарҷо бигашт райҳон,
Андози абрӯвонаш чун дунби мор омад.
Сар бар бикард вақте аз зери хок савсан,
Кард аз ҳаё арақҳо чун шармнок савсан,
Наззора карда ҳар сӯ бо чашми пок савсан,
Зад хирқаи сабурӣ аз ғусса чок савсан,
Вақти нишот бошад, хуш бош, ки ёр омад!
Дар кӯҳсор гашта, гулгун либоси лола,
Чун гарқ гашта аз ғам дар хун либоси лола,
Буда зи беқарори маҷнуни хос лола,
Гардид дилсиёҳӣ афъоли хоси лола,
Ӯ аз дами шаҳидон дар кӯҳсор баромад.
Гардид бар дарахте чун ғунча боз садбарг,
Кард аз даҳони чун мим оғози ноз садбарг,
Ҳам сурх ҳам сафед аст ранги қабои садбарг,
Хушбӯй дар гулистон, бошад миҷози садбарг,
Фурқат кашида булбул дар интизор омад.
Бошад зи ҳусни он гул ҳар ду ҷаҳон мунаввар,
Бо сад ҳазор алвон бӯяш зи ҳад фузунтар,
Рухсорааш зи гулҳо сад бор лолагунтар,
Ё Раб,бисоз моро з-он бӯи гул тавонгар,
Аз синаи Лиқо ҳам афғони зор омад.
Мирзо Лиқои Дарвозӣ